Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пешвои миллат - меъмори сулҳу ваҳдати миллӣ

42

22-юми июни соли равон, бо ташаббуси роҳбарияти Ситоди байниидоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар толори маҷлисгоҳи РВКД дар вилояти мазкур бахшида ба Рӯзи Ваҳдати милӣ, ки аз он 22 сол сипарӣ мегардад, конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Эмомалӣ Раҳмон - меъмори сулҳу ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

37

Дар чорабинӣ муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ, сардори Раёсати ВКД дар ҳамин вилоят, генерал лейтенанти милитсия Аламшозода А.А., раиси вилояти зикргардида Файзов Ё.Д. муовинони раиси вилоят, сардори РКДАМ дар ВМКБ Меликов М.Э. роҳбарияти дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти идоракунии маҳаллӣ дар вилоят, инчунин раисони маҳалла, фаъолони ҷомеа, ҷавонон, занони собиқадор ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ, сардори РВКД дар ВМКБ, генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода А.А. бо сухани ифтитоҳӣ ба кори конференсия оғоз бахшида зикр кард, ки ҷашни Ваҳдати миллӣ яке аз дастовардҳои бузурги мардуми шарифи Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад ва дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон ҳамчун рӯзи тантанаи оромиву осоиштагӣ ва рӯзи барқароршавии сулҳу ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад.
Иброз гардид, ки бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки мо дар роҳи эъмори он бо қадамҳои устувор ба пеш рафта истодаем, далели равшани ҳамдигарфаҳмии халқи азизамон ба шумор меравад. Ин дастоварди нодир, яъне тантанаи сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ, ки маҳз дар заминаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар нақши созгор дорад. Ҳамчунин иброз гардид, ки бо шарофати Ваҳдати миллӣ рӯз то рӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои бузург ноил гардида исодааст ва ин дастовардҳо ба пешрафти иҷтимоии халқи тоҷик шароит фароҳам меовард.

3839

Дар идома, раиси вилоят Файзов Ё.Д., вобаста ба корҳои созандагиву ободкорӣ дар фазои Ваҳдати миллӣ суханронӣ намуд. Мавсуф зикр кард, ки дар замони истиқлолият бахусус баъди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ пешравиҳои назаррас ҷой дошта, шароити зиндагии мардум беҳтар гардидааст.

Ҳамчунин дар кори конференсия маърӯзачиён дар мавзӯҳои «Ваҳдати миллӣ ва аҳамияти таърихии он барои халқи тоҷик», «Нақши Ҳизби халқӣ –демократии Тоҷикистон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ», «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили Ваҳдати миллӣ» ва дигар мавзӯҳои вобаста ба ин санади тақдирсоз ва аҳамияти таърихии он суханронӣ намуданд.
Дар анҷом миёни иштирокчиён вобаста ба паҳлӯҳои гуногуни маърӯзаҳо мубодилаи афкор сурат гирифт.

4041

Зикр гардид, ки Ваҳдат беҳтарин неъмат, орзуву ормон, таҳкими давлат, наҷоти миллат ва рушду нумӯи халқи тоҷик дар ҳама давру замон аст. Пос доштан ва ҳифз кардани ин муқаддасот вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванд ба ҳисоб меравад.

Абдулло Шоҳиён

Далер Чоршанбе аз ВМКБ

Эҳсон Абдуллозода


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика