Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Миннатдории самимии Пешвои миллат ба мардуми Тоҷикистон

583

Имрӯз дар ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории самимии худро ба тамоми мардуми Тоҷикистон ва махсусан ба сокинони пойтахт - шаҳри Душанбе барои дастгирӣ ва дар сатхи баланд нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ ва тозагию озодагии шаҳр дар рафти Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё рӯзҳои 14-16-уми июн, ки дар ш.Душанбе баргузор гардид, расониданд.

Қайд карда шуд, ки боиси ифтихор аст, ки дар чунин рӯзҳо сокинони кишвар ба баъзе маҳдудиятҳои зиндагӣ нигоҳ накарда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якдилӣ изҳор намуда, бо тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаю хиёбонҳо ва бо меҳмоннавозии худ ва чеҳраҳои кушода меҳмонони хориҷро истиқбол менамоянд.
Ронандагони нақлиёти пойтахт дар ин давра бо ҳисси баланди ватандӯстӣ тартиботи муайяннамударо пурра риоя намуда, ба ягон қонунвайронкунӣ роҳ надоданд.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика