Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии ИДМ

123

Дар хотимаи ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳо - иштирокчиёни аъзои ИДМ дар шаҳри Тошканти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои мазкур бо намояндагони васеи хабарнигорони Васоити ахбори омма баргузор гардид.

124125

Дар рафти Нишасти матбуотӣ оид ба дурнамои рушди ҳамкориҳои мақомоти корҳои дохилии давлатҳои ИДМ, аз он ҷумла, ташкили самараноки ҳамкориҳои байниидоравӣ, гузаронидани чорабиниҳои муштарак, амалисозии барномаҳо дар соҳаи омодагии кадрҳо ва дигар масоили мубрами ҳамкориҳо саволу ҷавоб доир гардида, рӯзноманигорон ба саволҳои сершумори худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

126127130129131

Мавриди қайд аст, ки дар интиҳои ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳо - иштирокчиёни аъзои ИДМ як зумра қарорҳои дахлдор қабул гардид, ки барои боз ҳам мустаҳкам намудани ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Вазоратҳои корҳои дохилии (политсияи) давлатҳо - иштирокчиёни аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мусоидат хоҳанд кард.
Гул Маҳбуба

 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика