Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои дохилии ИДМ дар шаҳри Тошкант

112

Рӯзи 31-уми майи соли 2019 дар шаҳри Тошканти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳо - иштирокчиёни аъзои ИДМ баргузор гардид.
Дирӯз Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро барои иштирок дар ҷаласаи мазкур ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар намуд.
Дар ҷараёни ҷаласаи Шӯрои мазкур дурнамои ҳамкориҳои афзалиятноки Вазоратҳои корҳои дохилии ИДМ, амалӣ намудани барномаҳои байнидавлатии мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, инчунин як қатор масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Вазоратҳои корҳои дохилии (политсияи) давлатҳо - иштирокчиёни аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин Консепсияи ҳамкориҳои Вазоратҳои корҳои дохилии (политсияи) давлатҳо - иштирокчиёни аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар давраи то соли 2030, ки бо ташаббуси Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфнок дар ҳудуди ИДМ пешниҳод гардид, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

113114

Инчунин лоиҳаи Созишнома оид ба ҳамкориҳои давлатҳо - иштирокчиёни аъзои ИДМ вобаста ба масъалаҳои барасмиятдарории шаҳодатномаи бозгардонидани шахсоне, ки бояд маҷбуран хориҷ карда шаванд, муҳокима гардида, дар ин радиф як қатор таклифу пешниҳодҳои судманд ироа гардид.

116117

Дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳо - иштирокчиёни аъзои ИДМ Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро вобаста ба ҷараёни татбиқи Қарори Шӯрои вазирони корҳои дохилӣ аз 20-уми июли соли 2018 «Оид ба рафти коркарди лоиҳаи ҳуҷҷат, танзимкунандаи тартиби ягонаи гузаронидани таҳвили назоратшавандаи байналмилалӣ бо дархости мақомоти корҳои дохилии (политсияи) давлатҳо - иштирокчиёни аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» муфассал баромад намуда, як қатор таклифу пешниҳодҳои судманд баён намуд.

118

Дар идомаи ҷаласаи Шӯрои мазкур ҳамчунин қоидаҳои гузаронидани маҷмӯи чорабиниҳои мувофиқашуда ё якҷояи оперативӣ-профилактикии Вазоратҳои корҳои дохилии (политсияи) давлатҳо - иштирокчиёни аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавриди баррасӣ ва муҳокимарониҳо қарор дода шуд.

115

Дар ҷаласаи Шӯрои мазкур Вазирони корҳои дохилии Ҷумҳурии Арманистон полковники политсия Валерий Размикович Осипян, Ҷумҳурии Озарбойҷон генерал-полковник Усубов Рамил Идрис оғлу, Ҷумҳурии Беларус генерал-лейтенанти милитсия Шуневич Игор Анатолевич, Ҷумҳурии Қазоқистон генерал-лейтенанти политсия Тургумбаев Ерлан Заманбекович, Ҷумҳурии Қирғизистон генерал-майори милитсия Джунушалиев Кашкар Астаканович, Федератсияи Россия генерали политсия Колоколсев Владимир Александрович, Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, Ҷумҳурии Ӯзбекистон генерал-майор Бобожонов Пулат Раззакович, муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Туркманистон О.Г.Ходжаниязов, Директори Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфнок дар ҳудуди ИДМ (БКБОП) генерал-лейтенанти политсия Коновалов Олег Федорович, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Смагулов Агыбай Дынкенович, намояндаи Шӯрои Вазирони корҳои дохилӣ дар назди Кумитаи иҷроияи ИДМ генерал-лейтенанти милитсия Кулешов Анатолий Нилович, Роҳбари Маркази зиддитеррористии ИДМ генерал-полковники политсия Новиков Андрей Петрович ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
Дар рафти ҷаласа ҳамчунин доир ба масъалаҳои ҳамкориҳои афзалиятноки дуҷониба ва бисёрҷониба дар самти мубориза бо терроризму экстремизм ва дигар таҳдиду хатарҳои замони муосир муҳокимарониҳо сурат гирифта, қарорҳои дахлор қабул карда шуд.
Айни замон, Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳо - иштирокчиёни аъзои ИДМ дар шаҳри Тошканти Ҷумҳурии Ӯзбекистон идома дошта, аз ҷараёни он иловатан иттило дода мешавад.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.




Рӯйдодҳо

  • Амалиёти "Корд": Боздошти сарчашма ва мусодираи 27 адад электрошокер, дастчӯби ....

    Дар доираи амалиёти шартии «Корд», ки аз ҷониби милитсияи пойтахт ....

    06.07.2020 16:43
  • Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дар заминаи ҷангу ҷанҷол

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 22-солаи ....

    06.07.2020 10:19
  • Ошкор шудани дуздии 2-сар чорвои калони шохдор

    Ба ШВКД дар ноҳияи Ёвон бо ариза зани 52-солаи сокини ....

    06.07.2020 10:14
  • Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ҳудуди ноҳияҳои Ҷ.Балхӣ ва ....

    Санаи 4-уми июли соли 2020, тахминан соати 16:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    06.07.2020 10:12
  • Сӯхтор дар Беморхонаи клиникии шаҳри Кӯлоб

    Дар натиҷаи вайрон намудани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ҳангоми васлу ....

    04.07.2020 12:41
  • Сӯхтор дар анбори нигоҳдории масолеҳи сохтмонӣ

    Санаи 4-уми июли соли 2020 соати 07:45 дақиқа дар анбори ....

    04.07.2020 12:36
  • Ошкор шудани дуздии ҷавоҳиротҳои гуногуни тиллои

    Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза марди 39-солаи сокини ....

    04.07.2020 10:03
  • Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ноҳияи Дарвоз

    Рӯзи 2-юми июли соли 2020, тахминан соати 22:00 ронандаи автомашинаи ....

    04.07.2020 10:01
  • Сӯхтор дар манзили истиқоматӣ

    Шаби 2-юми июли соли 2020 соати 23:18 дақиқа дар манзили ....

    03.07.2020 10:38
  • Хатлон: Чорабиниҳои оиди пешгирии паҳншавии бемории коронавирус COYID -19 идома ....

    Бо мақсади пешгирии паҳншавии каронавирус COYID -19 ва эмин нигоҳ ....

    03.07.2020 10:35
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • ТАВАҶҶУҲ

    Бо мақсади иҷрои амрномаҳои қабулнамудаи Маркази автоматикунонии идораи нақлиёт ва ....

    04.07.2020 12:24
  • ТАВАҶҶУҲ!!!

    Ба ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ расонида мешавад, ки ҳангоми ....

    02.05.2020 17:50
  • Эълон!

    Шуъбаи махсуси карантинии милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст, ....

    20.04.2020 11:13
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonun

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика