Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Ҳамкории милитсия бо ҷомеа»

244

245Ҷомеаи мутамаддин аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахусус милитсия иҷрои софдилонаи вазифаҳои хизматӣ, нигаҳдории тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои шахс, мубориза алайҳи тамоми намуди ҷинояткориро тақозо менамояд. Аз ин рȳ, дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохурӣ бо кормандони милитсия бахшида ба Рȳзи касбии милитсия, амалигардонии Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020, қарорҳои ҷаласаи мушовараи назди Вазири корҳои дохилӣ оид ба ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, санаи 24-уми майи соли равон дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки васеи роҳбарият, кормандони амалӣ, нозирони минтақавӣ, омȳзгорону курсантони Академия дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналмилалии «Сейферворлд» (Дунёи бехатар) конференсияи илми-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзȳи «Ҳамкории милитсия бо ҷомеа» баргузор гардид.
Кори конференсияро нахуст сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. ифтитоҳ намуда иброз намуд, ки тайи чанд соли охир бо дастури Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар доираи амалигардонии Стратегияи ислоҳоти милитсия корҳои зиёде ба анҷом расида шуда, ҳамкории милитсия бо ҷомеа тақвият ёфт. Созмонҳои ҷамъиятӣ баҳри амалигардонии Стратегия дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корҳои назаррасро ба анҷом расониданд. Дар назди ШВКД-ҳои ҷумҳурӣ марказҳои ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ кушода шуд, аксари ҷавонон барои ҳамкорӣ бо милитсия ҷалб гардиданд. Бинобар ин конференсияи имрӯза бори дигар масоили мазкурро баррасӣ намуда, боварӣ дорем, ки баҳри тақвияти ҳамкории милитсия бо ҷомеа тавсияҳои мушаххасро пешниҳод ҳоҳад намуд.
Сипас, кори конференсияро модератор, муовини сардори Академияи ВКД оид ба илм, н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия Саидзода З.А. пеш бурд. Дар конференсия теъдоди зиёди маърӯзаҳо шунида шуд, бахусус маърӯзаи Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия генерал-майори милитсия Шодмонзода Фарҳодбек Алиёр доир ба механизми содагардонии дастрасии аҳолӣ бо милитсия, маърӯзаи мушовири созмони «Дунёи бехатар» Ҳалимов Нуралӣ дар бораи таҷрибаи созмони мазкур оид ба ҳамкории милитсия бо ҷомеа, маърӯзаи сардори Коллеҷи милитсияи ВКД, н.и.ҳ. подполковники милитсия Умари Хайём Амиршо дар бораи вазъият ва дурнамои ҳамкории МКД бо ҷомеа, омȳзгори калони Академияи ВКД майори милитсия Нуриддинзода Суфӣ Нуриддин дар бораи мушкилоти татбиқи меъёрҳои Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар доираи ислоҳотӣ милитсия ва дигарон шунида шуд.

246247

Сипас, баъди маърӯзаҳо мукаламаи озоди иштирокчиёни конференсия бо олимону мутахассисон ва намояндагони созмони «Дунёи бехатар» баргузор гардид, ҳамчунин аз ҷониби аъзоёни Шȳрои ҷамъиятии ВКД пешниҳод гардид, ки баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ хуб мешуд, ки бо мутахассисони исломшинос дар шаҳру деҳоти ҷумҳурӣ бо аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ-тарғиботӣ гузаронида шавад. Дар ҷавоби ин сардори Академияи ВКД иброз намуд, ки дар асоси супориши Вазири корҳои дохилӣ омȳзгорони Академия дар ҳайати гуруҳи корӣ тули се сол мешавад, ки ба ин самт сафарбар гардидаанд.
Дар фарҷом кори конференсияро сардори Академияи ВКД ҷамъбаст намуда, ба созмондиҳандагони он ташкилоти байналмилалии «Дунёи бехатар», Ҳамоҳангсозии миллӣ оид ба ислоҳотӣ милитсия, маърӯзачиён ва иштирокчиёни конференсия изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки дар оянда низ Академияи ВКД омода аст, ки баҳри амалигардонии ислоҳоти милитсия тадбирҳои мушаххас андешад. Меҳмонону иштирокчиёни конференсия аз баргузории сатҳи баланди он изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Асламов Б., Убайдуллоев Ш., Сафарова С.




Рӯйдодҳо

  • Расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ дар Маркази савдои «Ашан»

    Дар натиҷаи расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ санаи 7-юми июли соли ....

    07.07.2020 16:36
  • Муноқишаи оилавӣ бо кордзанӣ анҷомид

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 40-солаи ....

    07.07.2020 09:14
  • Ошкор гардидани кирдорҳои қаллобӣ

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 38-солаи ....

    07.07.2020 09:11
  • Амалиёти "Корд": Боздошти сарчашма ва мусодираи 27 адад электрошокер, дастчӯби ....

    Дар доираи амалиёти шартии «Корд», ки аз ҷониби милитсияи пойтахт ....

    06.07.2020 16:43
  • Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дар заминаи ҷангу ҷанҷол

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 22-солаи ....

    06.07.2020 10:19
  • Ошкор шудани дуздии 2-сар чорвои калони шохдор

    Ба ШВКД дар ноҳияи Ёвон бо ариза зани 52-солаи сокини ....

    06.07.2020 10:14
  • Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ҳудуди ноҳияҳои Ҷ.Балхӣ ва ....

    Санаи 4-уми июли соли 2020, тахминан соати 16:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    06.07.2020 10:12
  • Сӯхтор дар Беморхонаи клиникии шаҳри Кӯлоб

    Дар натиҷаи вайрон намудани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ҳангоми васлу ....

    04.07.2020 12:41
  • Сӯхтор дар анбори нигоҳдории масолеҳи сохтмонӣ

    Санаи 4-уми июли соли 2020 соати 07:45 дақиқа дар анбори ....

    04.07.2020 12:36
  • Ошкор шудани дуздии ҷавоҳиротҳои гуногуни тиллои

    Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза марди 39-солаи сокини ....

    04.07.2020 10:03
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • ТАВАҶҶУҲ

    Бо мақсади иҷрои амрномаҳои қабулнамудаи Маркази автоматикунонии идораи нақлиёт ва ....

    04.07.2020 12:24
  • ТАВАҶҶУҲ!!!

    Ба ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ расонида мешавад, ки ҳангоми ....

    02.05.2020 17:50
  • Эълон!

    Шуъбаи махсуси карантинии милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст, ....

    20.04.2020 11:13
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonun

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика