Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории семинар-машварат дар мавзӯи «Бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҷиноятҳо»

220

Рӯзи 21-уми майи соли равон дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамоҳангсозии Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии Вазорати корҳои дохилӣ семинар-машварат дар мавзӯи «Бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҷиноятҳо» бо иштироки муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом, кормандони амалии мақомоти корҳои дохилӣ, омӯзгорону профессорон ва курсантони Академияи ВКД кормандони СМИТ баргузор гардид.
Нахуст кори семинарро сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ кушода, ҳозиринро хайрамақдам гуфта, сухани ифтитоҳиро ба муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом пешниҳод намуд. Муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом иброз намуд, ки мавзӯи семинари имрӯза хеле муҳим буда, дар маркази диққати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истодааст.

221233

Дар рӯзи таҷлили иди касбии милитсияи тоҷик дар мулоқот бо кормандони милитсия Пешвои миллат зикр намуда буданд: «Низоми давлатии муайянкунӣ, бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҷиноятҳо бояд дар заминаҳои технологияҳои муосири иттилоотӣ ташкил гардида, тамоми маълумот доир ба зуҳуроти ҷиноятӣ дар интиқолдиҳандаи электронӣ ҷойгир ва ба шабакаи автоматикунондашудаи коркарди ахбор ирсол карда шавад».
Боиси тазаккур аст, ки бо заҳматҳои Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ин дастури Пешвои миллат амалӣ карда шуда, як қатор корҳои назаррас ба сомон расонида шуданд. Ногуфта намонад, ки махзани ягонаи бақайдгирии ҷиноятҳо дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ин маҳз пешниҳоди Вазорати корҳои дохилӣ мебошад, ки то имрӯз самаранок амал менамояд.
Сипас дар кори семинар-машварат маърӯзаҳои полковники милитсия Боймаҳмадзода Музафар Қурбон -сардори СМИТ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Нозиров Нақиб Алиевич - сардори факултети №1 Академияи ВКД, подполковники милитсия Акбарзода Алишер Акбар - муовини сардори СМИТ ВКД шунида шуда, маърӯзачиён ба саволҳои гуногуни иштирокчиёни семинар ҷавобҳои қаноатманд доданд.

223

Баъди музокира ва муколама атрофи мавзӯи семинар кори онро бо пешниҳоди тавсияҳои мушаххас барои беҳбудии фаъолияти СМИТ ВКД ва МКД муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом ҷамъбаст намуд.
Кори семинар дар сатҳи баландӣ ташкилӣ гузашта, барои пешбурди фаъолияти хизматӣ мусоидат хоҳад кард.
Асламов Б., Сафарова С.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика