Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар Коллеҷи милитсия ва шуъбачаи милитсияи ҷамоати деҳоти Панҷоб дар ноҳияи Ҳамадонӣ

208

Рӯзи 20-уми майи соли 2019 бо дастгирии ташкилоти байналиилалии “Дунёи бехатар» дар шаҳри Кӯлоб дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии “Заршедабону” ва Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Қисми минтақавӣ оид ба гуруҳи ноҳияҳои Кӯлоб майдончаи варзишии Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи милитсия»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид. Ин тӯҳфаи хубе буд барои курсантони Коллеҷи милитсия дар арафаи Иди “Рӯзи ҷавонон”.
Дар чорабинӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия генерал-майори милитсия Шодмонзода Фарҳодбек Алиёр, сардори Қисми минтақавӣ оид ба гуруҳи ноҳияҳои Кӯлоб полковники милитсия Ваҳобзода Баҳодур Барот, намояндагони Сафорати Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҷим Берг, ташкилоти “Дунёи бехатар” Хирад Каргасов, Нуралӣ Ҳалимов ва аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ иштирок намуданд.

209211212

Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ сардори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи милитсия»-и Вазорати корҳои дохилӣ подполковники милитсия Умари Хайём Амиршо кушода, меҳмононро хайру мақдам гуфт.
Сипас, муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом баромад намуда, курсантони Коллеҷи милитсия ва меҳмононро ба “Рӯзи ҷавонон” табрик намуда, изҳор дошт, ки дар доираи ислоҳоти милитсия дар ҳамкорӣ бо шарикони иҷтимоӣ як қатор корҳои назаррас ба сомон расонида шуда, шароити мусоид барои фаъолияти хизматӣ ва таҳсили курсандон муҳайё карда шудааст.
Дар чорабинӣ аз номи Сафорати Амрико ва ташкилоти “Дунёи бехатар” Хирад Каргасов баромад карда, курсантонро барои соҳиби майдончаи варзишӣ шудан муборакбод гуфта, ба онҳо дар ҷодаи хониш барору муваффақиятҳо орзу кард.
Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Қисми минтақавӣ оид ба гуруҳи ноҳияҳои Кӯлоб Шамсзода Зикриё дар баромади худ қайд кард, ки майдончаи варзишӣ дар нақшаи кории Шӯрои ҷамъиятӣ дар қатори дигар фаъолиятҳо гузошта шуда буд. Дар якҷоягӣ бо ташкилоти ҷамъиятии “Заршедабону” тендер эълон гардида, сохтмончӣ муайян карда шуд. Дар муддати кӯтоҳ майдончаи варзишӣ дар доираи стандартҳо ва сифати баланд ба анҷом расонида шуд.
Дар се мактаби шаҳри Кӯлоб омӯзишҳои “Сарварӣ” аз тарафи аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ гузаронида шуда, вохӯриҳо дар якҷоягӣ бо занҳои милитсионер дар арафаи Рӯзи Модар ва Иди Наврӯз гузаронида шуд. Тахтаи ахборотӣ дар назди РВКД гузошта шуд, ки аҳолӣ метавонад маълумотро аз рафти кори Шӯрои ҷамъиятӣ дарёфт кунанд.

213214215

Инчунин, дар ҳамин рӯз дар ҷамоати деҳоти Панҷоби ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, шуъбачаи милитсияи деҳот ва утоқи корӣ барои гуруҳи ҳамкории милитсия кушода шуд.
Дар чорабинӣ дар қатори меҳмонони дар боло қайд шуда, инчунин Раиси ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Б.Н., сардори ШВКД дар ноҳияи мазкур полковники милитсия Пирумшозода Нуриддин Давлат ва дигар меҳмонон аз сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ иштирок карданд.
Бояд қайд кард, ки дар ноҳия ин аввалин лоиҳа нест, ки ташкилоти байналмилалии “Дунёи бехатар” дар якҷогӣ бо ташкилоти маҳаллии “Заршедабону” бо дастгирии Сафорати Амрико амалӣ карда истодааст. Соли 2018-ум 3-майдончаҳои варзишии мавсимӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Меҳнатобод, Панҷрӯд ва Турдиев бо ҳисоби ҳашар сохта шуда, 300-нафар ҷавонони бекор дар курсҳои кафшергарӣ, сохтмончӣ, компютерӣ омӯзонида шуда, соҳиби шаҳодатнома гардиданд.

216217

Айни ҳол бошад, бо дастгирии ташкилоти байналмилалии “Дунёи бехатар” бо маблағҳои Сафорати Амрико, роҳбарияти ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, ШВКД дар ноҳияи мазкур, гуруҳи ҳамкорӣ оид ба тартиботи ҷамъиятӣ дар назди ШВКД-и ноҳия ва ташкилоти ҷамъиятии “Заршедабону” лоиҳаи насби камераҳоро дар ҷойҳои ҷамъияти амалӣ карда истодаанд.
Гуруҳи ҳамкорӣ айни ҳол аз 25-нафар иборат буда, дар ҳамин рӯз аз тарафи Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия генерал-майори милитсия Шодмонзода Фарҳодбек Алиёр ба 14 нафар аъзоёни фаъол ҳуҷҷат дода шуд.

219218

Ҳамчунин нафароне, ки дар корҳои ободонию созандагӣ саҳми назаррас гузоштаанд, бо мукофотҳои соҳавӣ сарфароз гардонида шуданд.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.




Рӯйдодҳо

  • ҒОРАТГАРӢ

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғӣ 16-солаи ....

    11.07.2020 09:41
  • Хатлон: Риояи қоидаҳои беҳдоштӣ – пешгирӣ аз сироятёбист

    Имрӯзҳо бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии каронавирус COVID-19 ....

    10.07.2020 16:15
  • Қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ дар заминаи муноқишаи оилавӣ ....

    Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани  ....

    10.07.2020 10:10
  • Ошкор гардидани кирдори қаллобӣ

    Ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор бо ариза марди 29-солаи сокини ....

    10.07.2020 10:07
  • Таҳқиқи навор: Мард бо истифода аз маъюбии фарзандаш ба ҷамъоварии ....

    Санаи 7 июли соли ҷорӣ дар як қатор шабакаҳои иҷтимоии ....

    10.07.2020 10:05
  • Хатлон: Милитсия - наҷотбахшу ҳомии ҳалқу миллат

    Ба хотири таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояву ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, ....

    10.07.2020 10:04
  • Пешвозгирии меҳмонон дар минтақаи сайёҳии «Camping Village» дар ноҳияи Айнӣ

    Ҷихати дар амал тадбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумат Ҷумҳурии Тоҷикистон ....

    10.07.2020 10:04
  • Одамкушӣ дар заминаи ҷангу ҷанҷол

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....

    09.07.2020 14:22
  • Бо корд захми гардидани падару писар дар заминаи муноқиша

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 51-солаи ....

    09.07.2020 14:20
  • Боздошти марди 37-сола бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ

    Ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб бо ариза марди 43-солаи сокини ....

    09.07.2020 14:18
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • ТАВАҶҶУҲ

    Бо мақсади иҷрои амрномаҳои қабулнамудаи Маркази автоматикунонии идораи нақлиёт ва ....

    04.07.2020 12:24
  • ТАВАҶҶУҲ!!!

    Ба ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ расонида мешавад, ки ҳангоми ....

    02.05.2020 17:50
  • Эълон!

    Шуъбаи махсуси карантинии милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст, ....

    20.04.2020 11:13
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonun1

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика