Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласа доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ дар семоҳи аввали соли 2019

85

Имрӯз (19.04.с.2019), дар толори маҷлисгоҳи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон ҷаласа вобаста ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се моҳи аввали соли 2019 бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ баргузор гардид.

Дар ҷараёни ҷаласа оид ба фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ дар се моҳи аввали соли 2019 сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии Вазорати корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Солиев Карим Ҳоҷиевич муфассал баромад намуд.
Ҳамчунин дар идомаи ҷаласа сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Халилзода Ҳусейн Собир оид ба фаъолияти мизҳои шиносномадиҳӣ, сари вақт таъмин намудани шаҳрвандон бо шиносномаҳои умумишаҳрвандӣ ва бартараф намудани камбудиҳои дар ин самт ҷой дошта, баромад кард.

8687

Сипас ба таври мухтасар муовини аввали сардори РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Мирзомуродзода Рустам, сардори РВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон, сардори РВКД дар вилояти Хатлон генерал-майори милитсия Солеҳзода Искандар, сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт Азизулозода Сафиало Азизуло баромад намуда, доир ба натиҷаҳои хизматӣ ҳисобот доданд.
Дар хотимаи ҷаласа Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар се моҳи аввали соли 2019 қаноатбахш арзёбӣ намуда, ба масъулин ҷиҳати пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва вазифаҳои дар наздашон гузошташуда дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Гул Маҳбуба, Ҳасан Шерализода.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика