Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ярмаркаи идона бахшида ба «Рӯзи Модар»

137

Рӯзи 6-уми марти соли 2019 бо ибтикори роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба таҷлили «Рӯзи Модар», барои ғанӣ гардонидани дастурхони идонаи бонувон дар шафати бинои Вазорати корҳои дохилӣ ярмаркаи маҳсулоти хоҷагии қишлоқ баргузор гардид.
Дар ярмаркаи мазкур хоҷагиҳои ёрирасони Вазорати корҳои дохилӣ, ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Хатлон маҳсулотҳои худро пешкаши харидорон намуданд.
Деҳқонон ба мизоҷон маҳсулотҳои пешкашнамудаашонро аз 20 то 30 фоиз нисбат ба нархи бозор арзонтар, аз ҷумла 1 килограмм гушт 20 сомонӣ, 1 килограмм картошка 1 сомонӣ, пиёз 1 сомонӣ, сабзӣ 50 дирам, як қуттӣ тухм 15 сомонӣ, як халта орд 150 сомонӣ ва дигар маҳсулотҳои мевагиро арзону дастрас ба фурӯш гузоштанд.

138139140141

Ҳамчунин ба бонувон, кормандзанони милитсия маҳсулоти картошка, пиёз, сабзӣ ва дигар меваҷотҳо ройгон тақдим гардид.
Аз ин иқдоми наҷиби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ кормандзанони милитсия рӯҳу илҳоми тоза гирифта, барои таваҷҷӯҳу ғамхорӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.
Раҷаббек Илёсов


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика