Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҳфили фарҳангӣ дар Вазорати корҳои дохилӣ

103

Рӯзи 1-уми марти соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи ВКД бо иштироки ҳунарпешагони шинохтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфулло Давлатзода ва Қурбони Собир маҳфили фарҳангӣ доир гардид. Дар ин чорабинӣ сардорони раёсатҳо ва ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ иштирок намуданд.
Сардори Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ суханронӣ намуда, ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшид.
Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбони Собир порчаҳои шеъриро аз шоирони классик ва муосири тоҷик қироат намуда, тафсир намуд. Ёдовар шуд, ки ҳам дар назм ва ҳам дар наср адибони классик ва муосири мо ба ахлоқи ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудаанд. Осори гузаштагони мо саропо панду андарз ва ҳикмат аст.

104106107

Ҳамчунин қайд гардид, ки ҳамагуна осори адабии шоиру нависандагони мо хусусияти тарбиявӣ дорад. Зеро дар гузашта ва ҳам имрӯз халқи тоҷик бо урфу одати ба худ хос, одоби баланди инсонӣ ва ҳурмату эҳтиром нисбати якдигар дар арсаи ҷаҳон ном баровардааст ва халқи тоҷикро ҳамчун халқи инсондӯст мешиносанд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ҳунарманди маъруф Лутфулло Давлатзода ва овозхони шинохтаи кишвар Олими Ҷумахон дар васфи модар ва баҳор таронаҳо қироат карда, таъби хозирнро болида гардониданд.
Абдулмуъмини ЗАЙНИДДИН

 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика