Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баргузории конференсияи дружинаҳои ихтиёрӣ дар ВКД

78

- Зиёд кардани эътимоди аҳолӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, наздик намудани фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо аҳолӣ, тақвият додани мақоми иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва васоити ахбори омма, расондани ёрии машваратӣ, методӣ ва дигар намуди дастгириҳо ба фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ аз вазифаҳои муҳимтарини шӯроҳои ҷамъиятист, - иброз гардид рӯзи 12-уми феврал дар Конференсияи дружинаҳои ихтиёрӣ, дар ҳамбастагӣ бо Шӯроҳои ҷамъиятӣ ва кормандони ғайриштатии милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ки дар толори Вазорати корҳои дохилӣ баргузор гардид
Дар он муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Саидзода Маҳмадсаид Борон, сардори Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД генерал-майори милитсия Зикрулло Ҳукуматулло, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД генерал-майори милитсия Шодмонзода Фарҳодбек Алиёр, мушовири калони Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Қудратулло Ғуломов ва сардори Раёсати ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим Холмурод иштирок ва суханронӣ намуданд.
75Нахуст муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Саидзода Маҳмадсаид Борон дар мавзӯи «Масъалаҳои ҷалби аҳолӣ ба ҳамкорӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ» баромад намуда, иброз дошт, ки ҳамкорӣ бо милитсия сол то сол густариш ёфта, таъмини тартиботи ҳуқуқии шаҳрвандон дар ҳамкориҳои тарафайн дастаҷамъона амалӣ карда мешавад. Аз ин лиҳоз, мақсади асосии гузаронидани конференсияи мазкур низ ҷоннок намудани кору фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ бо аҳли ҷамоатчигӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, ҳифзи тартибот ва амнияти ҷамъиятӣ мебошад.
Саҳми мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти корҳои дохилӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятиву ҳуқуқӣ, тинҷиву осудагии кишвар, мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини волоияти қонун ва тантанаи адолат арзанда буда, ба он аз тарафи роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои мусбат дода шудааст.
Заҳмату талошҳои шабонарӯзии кормандони милитсия барои осудагию суботи кишвар ва тинҷиву амнияти шаҳрвандон таъмин гашта, аксарияти ҷиноятҳо сари вақт пешгирӣ шуда, шахсони ҷинояткор ошкор ва дастгир гардида, ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

73

Тавре муовини Вазир иброз намуд, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба баланд бардоштани нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар фаъолияти милитсия Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1438 аз 19 марти соли 2013 «Дар бораи Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014, №296 «Дар бораи Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020» тасдиқ гардид ва дар асоси ин санадҳо, Фармони Вазорати корҳои дохилӣ аз 10 июни соли 2017, №256 «Дар бораи тасдиқ намудани «Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди мақомоти милитсия» ва таъсис додани чунин Шӯроҳо дар назди ШВКД дар шаҳру ноҳияҳо ба имзо расид, ки яке аз принсипҳои асосии фаъолияти милитсияи тоҷик ба шумор меравад. Бинобар ин, бо назардошти таҷрибаҳои беҳтарин ва пешқадами ҷаҳонӣ Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин иқдомро пеша карда, то ки дар якҷоягӣ оромии ҷамъиятро таъмин намоем.
76Бо дастури Вазири корҳои дохилӣ соли 2011 Дастурамали методӣ «Оиди фаъолияти хизматии ёрдамчиёни сардорони ШВКД доир ба ҳамкорӣ бо аҳолӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, динӣ ва ташкили кори «Дружинаҳои ихтиёрӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» коркард карда шуда, баъди тасдиқ барои истифодаи хизматӣ ба ҳамаи сохторҳои зертобеъ ирсол карда шудааст.
Дар айни замон мутобиқи ҳисоботҳои оморӣ - 72 ситоди «Дружинаҳои ихтиёрӣ» дар миқёси ҷумҳурӣ таъсис дода шудаанд. Дар онҳо ба ҳайси аъзои «Дружинаҳои ихтиёрӣ» - 16762 нафар шаҳрвандон ҷалб гардида, дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба қайд гирифта шудаанд. Дар 12 моҳи соли 2018 ва 1 моҳи соли 2019 зиёда аз 9 ҳазор Дружиначиёни ихтиёрӣ дар чорабиниҳои сиёсӣ, давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва инчунин, ҳангоми ташрифи меҳмонони олиқадр дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти милитсия баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандону меҳмонони олиқадр ба хизмат сафарбар карда шуда, дар ин муддат дар ҳамбастагӣ бо кормандони мақомоти милитсия 11 ҷиноят ва 1120 адад ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ошкор карда шуданд.
- Мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, хатарҳои замони муосир, экстремизми динӣ, маводи мухаддир ва пешгирии ҳама гуна қонуншиканиҳо, на фақат ба зиммаи сохторҳои қудратӣ, балки ба тамоми аҳли ҷомеа вобаста мебошад, зеро ҳар яки мо тарафдори сулҳу субот дар ҷомеа, муҳити тинҷу осуда, оромӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ мебошем, - гуфт мавсуф.

74

Ҳамчунин, дар ин конференсия мушовири калони Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Қудратулло Ғуломов дар мавзӯи «Ҳамкорӣ бо ҷомеа яке аз талаботҳои асосии Стратегия ва Барномаи ислоҳоти милитсия», сардори Раёсати ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим Холмурод дар мавзӯи «Саҳми ҷавонон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ», муовини аввали сардори РВКД дар шаҳри Душанбе полковники милитсия Дадабойзода Ҳотам Пӯлодӣ «Оид ба сафарбарии Дружинаҳои ихтиёрӣ барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе», намояндаи Шӯрои ҷамъиятии ВКД Гавҳар Хоҷаева, ки бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ ва дастгирии молиявии ташкилотҳои хориҷӣ барои омӯзиши таҷрибаи фаъолияти шӯроҳои ҷамъиятӣ ба кишварҳои Аврупо ва Амрико сафар намудааст, доир ба таассуроти бардоштааш ва таҷрибаи омӯхтааш аз ин сафар, баромад намуданд.

77

Намояндаи Шӯрои ҷамъиятии ВКД Гулпарӣ Латипова, ки ӯ низ ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сафар намудааст, дар мавзӯи «Ҳамкории Шӯрои ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бо милитсия дар татбиқи Стратегияи ислоҳоти милитсия» ва аъзои Дружинаи ихтиёрӣ аз шаҳри Душанбе Мирзоумар Абдурасулов дар мавзӯи «Ҳамкории Дружинаҳои ихтиёрӣ бо кормандони милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ» маърӯза карданд.
Дар охир ба як қатор дуружиначиёни ихтиёрӣ ва аъзои шӯроҳои ҷамъиятӣ барои ҳамкориҳои судманд бо мақомоти корҳои дохилӣ ва саҳми арзанда гузоштан дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, Раҳматнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Тоҷиддин ЛАТИПОВ




Рӯйдодҳо

  • Дуздии маблағҳои пулӣ ва телефони мобилӣ дар бозори “Корвон”

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза зани 54-солаи сокини ....

    28.02.2020 12:42
  • Ошкор шудани ҷиноятҳои қаллобӣ

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза зани 38-солаи сокини ....

    28.02.2020 12:40
  • Сӯхтор дар ошёнаи 11-уми «Шарқи озод»

    Санаи 27 феврали соли 2020 соати 10:38 дақиқа дар Корхонаи ....

    28.02.2020 10:42
  • Боздошти марди 29-сола бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи ....

    27.02.2020 10:45
  • Ҳолатҳои рух додани садамаҳои нақлиётии марговар

    Рӯзи 25-уми феврали соли 2020, тахминан соати 20:00, ронандаи автомашинаи ....

    27.02.2020 10:43
  • Ошкор шудани ҷиноятҳои қаллобӣ

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда ....

    26.02.2020 10:48
  • Боздошти зани 27-сола бо гумони ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 27-солаи ....

    26.02.2020 10:46
  • Рух додани ду садамаи нақлиётии марговар

    Рӯзи 25-уми феврали соли 2020, тахминан соати 22:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    26.02.2020 10:43
  • Боздиди волидон аз шароити хизматии фарзандон дар қисмҳои ҳарбӣ

    Бо мақсади шиносоии волидон аз шароити буду бош ва хизмати ....

    25.02.2020 17:10
  • Бо корд захмӣ намудани ҷавони 28-сола

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи ....

    25.02.2020 10:08
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonuno

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика