Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи селекторӣ бо кормандони СХДО дар ВКД

550

Санаи 5-уми феврали соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи селектории Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо роҳбарият ва ҳайати шахсии Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷузъу томҳои он оид ба вазъи бехатарӣ аз сӯхтор дар ҷумҳурӣ, доир гардид.
Сардори Сарраёсати мазкур генерал-майори хизмати дохилӣ Нозимҷон Иброҳимзода дар маърӯзаи ҳисоботии худ оид ба ташкил ва ба роҳ мондани таъмини вазъи бехатарӣ аз сӯхтор ва назорати он дар тамоми корхонаву иншоот новобаста аз шакли моликият, инчунин дар манзилҳои истиқоматии шаҳрвандону маҳаллаҳои аҳолинишин дар давоми соли 2018 ва чорабиниҳои зиддисӯхторӣ барои соли 2019 аз тарафи СХДО ВКД ба нақша гирифташуда, ҳисобот дод.

552

Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро барои боз ҳам дар сатҳи баланд ба роҳ мондани таъмини вазъи бехатарӣ аз сӯхтор дар иншоотҳои гуногуни миқёси ҷумҳурӣ ва манзилҳои истиқоматии шаҳрвавндону маҳаллаҳои аҳолинишин ба сардори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ, Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе ва ба тариқи селекторӣ ба сардорони Раёсатҳои хадамоти давлатии оташнишонӣ ва Шуъбаҳои хадамоти давлатии оташнишонии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дастуру супоришҳои муфассал дод.
Аз ҷумла, супориш дода шуд, ки тамоми иншоотҳои муҳими давлатӣ, муассисаҳои таълимию табобатӣ, хонаҳои маъюбону пиронсолон, мактаб-интернатҳо, бозорҳо ва марказҳои калони савдо, ҷойҳои оммавӣ дар давоми 10-рӯз мавриди санҷиши ҳолати вазъи бехатарӣ аз сӯхтор қарор дода шуда, дар онҳо тибқи талаботи қонуну қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор тамоми чораю тадбирҳои зиддисӯхторӣ, баҳри сари вақт пешгирӣ намудани ҳодисаҳои сӯхтор, ба роҳ монда шаванд.

551

Ҳамчунин, бобати дар ҳолати хуби омодабошӣ қарор доштани ҳайати шахсии хадамоти давлатии оташнишонӣ, барои гузаронидани амалиётҳои фаврии наҷотдиҳии одамон ва дар кӯтоҳтарин муддат хомӯш намудани сӯторҳои ба амал омада, дастуру супоришҳои иловагӣ дода шуданд.
Шуъбачаи иттилоотии СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика