Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо донишҷӯёни Коллеҷи муҳандисию омӯзгорӣ

Коллеҷи муҳандисию омӯзгории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1968 ташкил ёфта, дар муддати қариб 50-солаи фаъолияти худ ин муассиса ҳазорон нафар мутахассисонро омода сохтааст. Айни замон дар коллеҷи мазкур беш аз 850 нафар ҷавонон дар ду баст таҳсил намуда, дар бинои хобгоҳе, ки дар ҳудуди он ҷойгир аст, зиёда аз 120 нафар донишҷӯён истиқомат дошта, бо шароити зарурии зисту таҳсил таъмин мебошанд.

Имрӯз - 30-юми май, дар доираи Нақшаи якҷояи Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар ин муассисаи таълимии касбӣ вохӯрии кормандони милитсия бо омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷи номбурда доир гардид. Дар ин ҷамъомад вобаста ба масъалаҳои илму донишомӯзии ҷавонон, пешгирии амалҳои номатлуб, аз қабили ҳолатҳои шомил шудани намояндагони ин қишри пешбарандаи ҷомеа ба ҳаракату равияҳои хусусияти эктремистиву террористидошта ва дигар мавзӯъҳои марбут ба ҳаёту фаъолияти донишҷӯёну ҷавонон ибрози назар карда шуд.
Сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД, полковники милитсия Раҳимзода Абдураҳим Абдураҳмон дар назди устодону донишҷӯёни ин коллеҷ бо маърӯза баромад карда, оид ба тамоми паҳлӯҳои вобаста ба ҳаёту фаъолияти ҷавонон, хусусан донишҷӯён ибрози назар намуд.

- Аз чӣ гуна таълиму тарбия намудани насли наврас ояндаи ҷомеаи мо вобастагӣ дорад. Зеро, ноболиғону ҷавонон ҳамчун насли ояндасози кишвар, фардо дар пешрафту тараққиёти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳуриамон саҳм мегузоранд. Яъне, ба таври дигар, агар имрӯз мо ҷавононро саводноку донишманд ба воя расонему онҳоро дар рӯҳияи худшиносиву эҳтиром ба дастовардҳои замони Истиқлол тарбия кунем, пас ояндаи дурахшоне моро дар пеш аст. Бо соҳиби касбу ҳунарҳои замонавӣ шудан табиист ки наврасону ҷавонони мо тамоми донишу маҳорати худро барои пешрафти давлати миллиамон равона месозанд. Аз ҳамин ҷиҳат барои тарбияи дурусти насли наврас тамоми ҷомеа вазифадору манфиатдор буда, дар самти пешгирии ҳама гуна ҳуқуқвайронкуниҳо низ бояд ҳамагон ташаббус нишон диҳем, - афзуд ӯ.
Дар идомаи суханронии худ, мавсуф, аз дастгириву ғамхориҳои рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон ёдовар шуда, иброз намуд, ки далели ин гуфтаҳо чанд рӯз пеш баргузории Рӯзи ҷавонони кишвар бо иштироки Пешвои миллат дар Варзишгоҳи марказии пойтахт буд, ки бори дигар ҷонибдорӣ ва ҳамовозию ҳамрайъии ҷавононро аз сиёсати давлату Ҳукумат собит намуд.
Дар идомаи суханронӣ полковники милитсия А.Раҳимзода иброз намуд, ки бо вуҷуди он ки Ҳукумати ҷумҳурӣ барои илму донишомӯзӣ ва зиндагии шоистаи ҷавонон тамоми шароитҳоро муҳаё намудааст, вале ҷой доштани баъзе унсурҳои номатлуб дар байни онҳо аҳли ҷомеаи кишварро ба ташвиш овардааст.
Тавре ӯ зикр намуд, дар зарфи 4 моҳи соли равон аз тарафи ҷавонон 1846 ҳолати ҷиноӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ин миён, мутаассифона донишҷӯён низ дар содир намудани ҷиноят даст дошта, дар ин муддат аз тарафи ин қишри пешбарандаи ҷомеа 15 амали ҷиноӣ содир гардидааст.
Сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД дар баромадаш вазъи ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, хусусан донишҷӯёнро мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода, оид ба сатҳи ҳуқуқвайронкуниву амалҳои номатлубе, ки имрӯз ҷомеаи моро нигарон сохтаву барои ошкору пешгирӣ намудани ин гуна аъмоли ношоиста фаъолияту ҳамоҳангии ҳамагон зарур аст, аз донишҷӯён даъват кард, ки баҳри ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни ҳамсолони худ намуна бошанд. Ҳамкориҳоро бо мақомоти корҳои дохилӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд. Барои анҷом додани ин гуна амалҳои хайр имрӯз тамоми шароитҳо муҳаё буда, дар Вазорати корҳои дохилӣ ва раёсату шуъбаҳои маҳаллии он телефонҳои боварӣ фаъол мебошанд.
Дар вохӯрии мазкур, ки масъулини Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони ВКД, кормандони Шуъбаи 1-уми ВКД дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ки Коллеҷи муҳандисию омӯзгорӣ дар ҳудуди хизматии он ҷойгир мебошад, инчунин ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Авангард» ва намояндагони дигар бахшҳои дахлдор иштирок доштанд, ба масъалаи баргузории рейду чорабиниҳои мақсадноки мақомоти корҳои дохилӣ дар муассисаҳои таълимӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Вобаста ба ин масъала, тавре зикр карда шуд, соли равон дар қатори дигар муассисаҳои таълимӣ дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгорӣ низ аз тарафи кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони ВКД чорабинии мақсаднок гузаронида шуда буд, ки дар натиҷаи он ҳолатҳои ба дарс дер омадани донишҷӯён, бо телефонҳои мобилӣ ва бо либосҳои ғайритавсиявӣ ба мактаб ҳозир шудани баъзе толибилмони ин муассисаи таълимӣ ба қайд гирифта шуданд. Вале, дар баробари ин, сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД аз сатҳи ҳамкориҳои тарафайни мақомоти корҳои дохилӣ бо Коллеҷи муҳандисию омӯзгорӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр кард, ки омӯзгорону донишҷӯёни он дар бисёр чорабиниҳои оммавӣ-ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилӣ ширкати фаъол менамоянд.
Дар ҷамъомади мазкур, ҳамчунин оид ба оқибати муноқишаҳои гурӯҳии мактаббачагону ҷавонон, таҳсили ғайриқонунии ҷавонон дар муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар ва иштироки онҳо дар набардҳои мусаллаҳонаи давлатҳои бегона, ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ бо иштироки ноболиғону ҷавонон, нашъаҷаллобиву нашъамандӣ ва дигар хатарҳои замони муосир изҳори андеша карда шуд.

Директори Коллеҷи муҳандисию омӯзгорӣ Зулайхо Зокирова дар навбати худ ба намояндагони ВКД барои гузаронидани чунин як вохӯрии судманд сипосу миннатдорӣ баён намуда, изҳор дошт, ки ин иқдоми пешгирифтаи мақомоти корҳои дохилӣ ба беҳтар гардидани сатҳи ҳамкориҳои тарафайн мусоидат менамояд. Тавре ӯ зикр намуд, баргузории чунин вохӯриҳои кормандони милитсия бо донишҷӯён, пеш аз ҳама, ба пешрафти кор ва амалӣ гардидани ҳадафҳои созанда дар роҳи таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон мусоидат намуда, боиси коҳишёбии сатҳи ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ дар ҷомеа ва дар байни ҷавонон мегардад.

Дар интиҳои чорабинии мазкур масъулини ВКД бори дигар донишҷӯёни Коллеҷи муҳандисию омӯзгориро бо «Соли ҷавонон» табрику муборакбод намуда, изҳори умед карданд, ки ин ташаббуси наҷиби Пешвои миллат дар роҳи амалисозии нақшаву ниятҳои нек ҷиҳати аз ин ҳам бештар фаъолнокӣ нишон додани намояндагони ин қишри пешбарандаи ҷомеа баҳри ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодӣ мусоидат менамояд.
Раҷаббек ИЛЁСОВ, Умед ОЧИЛОВ (суратгир Тоҷиддин Латипов)  


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика