Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Дарси омӯзишии Вазири корҳои дохилӣ ба курсантони Академияи ВКД

Имрӯз (30.05.с.2017), Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар доираи эълон гардидани соли 2017 ҳамчун «Соли ҷавонон» бо курсантони Академияи Вазорати корҳои дохилӣ вохӯрӣ доир намуда, оид ба фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дарси омӯзишӣ гузаронид.
Нахуст, Вазири корҳои дохилӣ ҳайати омӯзгорону муаллимон ва курсантони Академияи Вазорати корҳои дохилиро бахшида ба «Соли ҷавонон» табрику таҳният намуда, қайд кард, ки моҳияти ҳамчун «Соли ҷавонон» эълон гардидани соли 2017 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он аст, ки нақши ҷавонон дар пешбурду тараққиёти кишвар ва соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа боз ҳам таъсирбахш гардида, ҷавонон дар ободию созандагии диёри хеш саҳмгузор бошанд.

Ҳар як донишҷӯ, аз он ҷумла курсантони Академияи ВКД, ки аксарияти ҷавонони сохтори мақомоти корҳои дохилиро ташкил мекунанд, бояд дар «Соли ҷавонон» нақши муассир дошта бошанд. Ҳамчун донишҷӯ ҳам дар таъмини амнияти ҷомеаю ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳам дар омӯхтани донишу маърифат намунаи ибрат бошанд.
Мавсуф дар идомаи суханронӣ қайд кард, ки «Зимни омӯзиши фанҳои таълимӣ ба Шуъбаҳои корҳои дохилӣ рафта, тарзи қабули арзу шикояти шаҳрвандон, аз назаргузаронии ҷойи ҳодиса ва муоширату муносибат бо мардумро омӯзед. Инҳо элементҳои аввалиндараҷае ҳастанд, ки Шумо бояд донед ва дар фаъолияти ояндаи худ самаранок истифода баред.
Бояд ҳамарӯза аз ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ, таҳаввулоти сиёсӣ ва хатару таҳдидҳои замони муосир ба воситаи интернет ва васоити ахбори омма огаҳӣ пайдо намоед. Дарди дили мардумро ҳис кунед ва дар оянда як мутахассиси хуб шавед.
Сарвари давлат ҳамеша таъкид менамоянд, ки ҷавонон бояд забонҳои хориҷӣ ва технологияи муосирро аз худ намоянд, зеро мо бо дигар кишварҳо ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дорем ва донистани забонҳои хориҷӣ бениҳоят муҳим аст».
Дар рафти вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ доир ба амалинамоии Нақшаи Барномаи (рушди) ислоҳоти милитсия ва Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2014-2020 зикр кард, ки шаффофияти фаъолияти милитсия ва ҳамкорӣ бо ҷомеа дар мадди аввал меистад.
Ҳамчунин ба курсантону шунавандагони Академияи ВКД доир ба самтҳои асосии фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, ҳуқуқи ҷиноятӣ, мурофиаи ҷиноятӣ, амалияи маъмурӣ ва самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ маълумоти муфассал дод.

Зикр гардид, ки дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ як зумра китобҳои алоҳида ба табъ расида, дастраси курсантону донишҷӯён гардонида шуд.
Мавсуф таъкид дошт, ки 90%-и ҷиноятҳо ба воситаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ошкор гардида, бисёр ҳолатҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар нисбати ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин гузаронида мешаванд.
Дар ҷараёни дарси омӯзишӣ Вазири корҳои дохилӣ моҳияти фанни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва дигар фанҳои алоҳидаро ба курсантон шарҳ дода, зикр кард, ки дар Академияи ВКД тамоми шароиту имкониятҳо барои омӯхтани илму дониш муҳайё карда шудааст, то ки Шумо дар оянда ҳамчун мутахассиси болаёқат тарбия ёфта, ба Ватану миллати худ софдилона хизмат намоед.
Дар идомаи сӯҳбат оид ба пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ сухан ронда, Вазири корҳои дохилӣ иброз дошт, ки асосан ҷавонони бесаводу бемаърифат, ки дониши дунявию динӣ надоранд, ба ин гурӯҳҳо шомил гардида, ҳаёти худу наздиконашонро тираю тор месозанд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ қайд гардид, ки курсантони Академияи Вазорати корҳои дохилӣ бояд малакаю дониши худро баланд бардошта, бар зидди ҳама гуна ҷинояту ҷинояткорӣ, қонуншиканию ҳуқуқвайронкунӣ мубориза баранд ва барои таъмини амният, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон саъю талош варзанд.

Дар рафти вохӯрӣ як қатор курсантони Академияи ВКД: курсанти курси 1-ум Сабринаи Маҳмадшозода, курсанти курси 4-ум Ғуломҷонова Нозанин, курсанти курси 4-ум Кукорова Шарора, курсанти курси 3-юм Қулбоев Ҷаҳонгир ва курсанти курси 2-юм Ҳабибов Ҳакимҷон баромад намуда, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати дастгирию ғамхориҳои пайваста изҳори миннатдорӣ намуда, изҳор доштанд, ки эълон гардидани соли 2017 ҳамчун «Соли ҷавонон» рӯҳияи ватандӯстию ватанпарастии моро боз ҳам баланд гардонид ва мо ҳамчун ҷавонони бонангу номуси кишвар саъю кӯшиш менамоем, ки ба боварии Пешвои миллат сазовор гардида, нақши арзандаи худро дар рушду тараққиёт ва ободию созандагии Ватани азизамон гузорем.

Дар хотимаи вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бори дигар ҳозиринро бахшида ба «Соли ҷавонон» табрику муборакбод намуда, ба онҳо хониши аъло ва барору комёбиҳо таманно кард.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.  


You have no rights to post comments



Рӯйдодҳо

  • Созанда мебояд на сузанда

    Офатҳои табиии вақтҳои охир бавуҷудомада, боиси хисороти молӣ ва ҷонӣ ....

    30.05.2020 09:53
  • Ба ҳалокат расидани марди 58-сола дар заминаи қасдан расонидани зарари ....

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....

    30.05.2020 09:14
  • Ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона аз ҷониби ҷавони 24-сола

    Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони ....

    30.05.2020 09:12
  • Рух додани садамаҳои нақлиётии марговар дар ҳудуди ноҳияҳои Данғара ва ....

    Рӯзи 29-уми майи соли 2020, тахминан соати 02:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    30.05.2020 09:10
  • Ошкор шудани дуздии 1-сар чорвои калони шохдор ва 1-адад телевизор

    Ба ШВКД дар ноҳияи Ёвон бо ариза ҷавони 24-солаи сокини ....

    29.05.2020 08:41
  • Ошкор шудани кирдори қаллобӣ

    Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 54-солаи сокини ....

    28.05.2020 09:30
  • Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ноҳияҳои Ёвон ва Шоҳмансур

    Рӯзи 26-уми майи соли 2020, тахминан соатҳои 19:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    28.05.2020 09:29
  • Ҳаракатҳои таҳқиромез ва майдаавбошонаи ронандаи ширкати «Olu4a Taxi» нисбати як ....

     Санаи 22-юми майи соли ҷорӣ як нафар ҷавондухтар, сокини шаҳри ....

    28.05.2020 08:44
  • Тадбирҳо ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ

    Имрӯзҳо тадбирҳо дар роҳи пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ....

    28.05.2020 08:36
  • Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марг гардидааст ....

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи ....

    27.05.2020 11:56
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • ТАВАҶҶУҲ!!!

    Ба ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ расонида мешавад, ки ҳангоми ....

    02.05.2020 17:50
  • Эълон!

    Шуъбаи махсуси карантинии милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст, ....

    20.04.2020 11:13
  • Эълон барои қабули мутахассисони соҳавӣ

    Раёсати ташхисӣ (эксперт) - криминалистии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ....

    17.04.2020 13:16
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonuni

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика