Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Нозирони навраси ҳаракат»

Ҳафтаи сипаригардида дар комплекси сайёҳии «Варзоб» озмуни ҳафтуми ҷумҳуриявии «Нозирони навраси ҳаракат» тайи панҷ рӯз бо як шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.
Мавриди қайд аст, ки ҳафт сол боз дар қаламрави кишвар озмуни ҷумҳуриявии «Нозирони навраси ҳаракат» дар роҳ гузаронида мешавад. Озмуни навбатӣ ба «Соли ҷавонон» ва 20-солагии Ваҳдати миллӣ бахшида шуд.
Мақсади асосии озмуни мазкур пеш аз ҳама инкишоф додани корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ, гирифтани пеши рухдиҳии фалокатҳои роҳу нақлиёт, вазнинии оқибати онҳо бо иштироки кӯдакону наврасон ва ҷалб намудани диққати ташкилоту идораҳои марбута дар ин самт мебошад.

Дар озмун 10 даста дар ҳайати 100 нафар Нозирони навраси ҳаракат аз шаҳри Душанбе, литсейи № 2, МТМУ № 42, шаҳри Конибодом ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Вилояти Суғд, ноҳияҳои Мӯъминобод, Балхии вилояти Хатлон, литсеи Оғоғони шаҳри Хоруғи ВМКБ, минтақаи Рашт, шаҳрҳои Ваҳдат ва Турсунзода ширкат варзиданд.
Рӯзи 22-юми май маросими кушодашавии озмуни ҳафтуми ҷумҳуриявии «Нозирони навраси ҳаракат» дар толори базаи сайёҳӣ баргузор гардид, ки дар он муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Саидзода М.Б., муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ, сардори Раёсаьи бозрасии давлатии автомобилии ВКД полковники милитсия А.Насимзода ва намояндагони дигар ташкилоту муассисаҳо ширкат варзиданд.
Рӯзҳои 22 ва 23-юми май мусобиқаи байни дастаҳо аз рӯи намудҳои «Азназаргузаронии сафороӣ», «Донишмандони ҚҲР», «Дарси кушод», «Чархи амонӣ», «Танзимгари наврас», «Малакаи касбӣ», «Санитари наврас», «Дастаи ман», «Гурӯҳҳои ташвиқотӣ», «Пурдонҳо» гузаронида шуд.

Дар натиҷа, зимни ҷамъбасти озмун дастаи «Нозирони навраси ҳаракат»-и шаҳри Турсунзода сазовори ҷойи аввал, дастаҳои «Нозирони навраси ҳаракат»-и мактаби №42-и ш.Душанбе ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд сазовори ҷойи дуюм ва дастаҳои «Нозирони навраси ҳаракат»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон ва дастаи литсейи №2-и ш.Душанбе сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Пайваста доир намудани корҳои таблиғотӣ дар байни кӯдакону наврасон ва паст намудани сатҳи садаманокӣ бо иштироки онҳо таҳти назорати доимии роҳбарияти Раёсати БДА қарор дошта, чорабиниҳо дар ин самт идома дода мешаванд.
Наргиз Туйчиева 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика