Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳифзи Ватан, таъмини суботу оромӣ ва ҳимояи марзу бум вазифаи муқаддас аст!

Имрӯз (27.05.с.2017), дар доираи сафари хизматӣ ба вилояти Хатлон вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бахшида ба таҷлили «Соли ҷавонон» ва 20-умин солгарди «Рӯзи Ваҳдати миллӣ» бо афсарону сарбозони қисми низомии 3503-и Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар шаҳри Қурғонтеппа доир гардид.

Нахуст Вазири корҳои дохилӣ аз шароити хизмат ва фаъолияти афсарону сарбозони ин қисми низомӣ шиносоӣ пайдо намуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити хизматбарӣ ба масъулини соҳа як қатор дастуру супоришҳо дод.
Сипас, Вазири корҳои дохилӣ бо афсарону сарбозони ин қисми низомӣ сӯҳбати озоду самимӣ баргузор намуда, онҳоро ба муносибати эълон гардидани соли 2017 ҳамчун «Соли ҷавонон» ва 20-умин солгарди «Рӯзи Ваҳдати миллӣ» табрику таҳният намуда, барояшон файзу таровати зиндагӣ, нишоту хуррамӣ ва дар иҷрои масъулияти ба зиммадошта комёбиҳои беназир таманно кард.
Зикр гардид, ки бо дастгирӣ ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар якчанд соли охир шароити моддӣ-маишӣ ва хизматрасонӣ дар қисмҳои низомии кишвар, бахусус Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ беҳтар гардида, мувофиқи талаботҳои замони муосир ба роҳ монда шудааст.

Зимни баромад Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода қайд кард, ки сол аз сол боло рафтани иқтидори давлату Ҳукумат, беҳтар гардидани шароити зиндагии мардум ва авҷи тараққиёти иқтисодиёту саноат, ба беҳдошти шароити моддӣ-маишӣ ва хизматрасонии афсарону сарбозони Қӯшунҳои дохилӣ мусоидат намуда, тамоми имкониятҳо барои хизмат фароҳам оварда шудаанд.
Имрӯз биноҳои хуби замонавӣ, ҳуҷраҳои таълимӣ, ҷойи хобу ошхона, толорҳои варзишӣ, майдонҳои машқи тактикӣ ва дигар иншоотҳои хизматрасонӣ дар ихтиёри сарбозону афсарон қарор дошта, беҳтарин кормандону мутахассисони соҳибкасб бо онҳо дар мавзӯи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, тайёрии ҷангӣ, омӯхтани касбу ҳунар ва ғайра машғулият мегузаронанд.
Муҳайё гардидани чунин шароитҳои хуби хизматӣ аз ҳар як афсар ва сарбози содиқи Ватан тақозо менамояд, ки хизматро баҳри ободӣ ва тинҷию амонии кишвар сидқан ба ҷо оварда, он вазифаҳое, ки дар назди онҳо гузошта мешавад, бо сари баланд, бошарафона ва саршор аз ҳисси баланди ватандӯстӣ иҷро намоянд. Зеро ҳифзи Ватан, таъмини суботу оромӣ, ҳимояи марзу бум ва сокинони он, вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аст!
Гул Маҳбуба. 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика