Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Ҷавонон бояд амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳифз намоянд!

Имрӯз (27.05.с.2017), вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бахшида ба таҷлили «Соли ҷавонон» ва 20-умин солгарди «Рӯзи Ваҳдати миллӣ» бо кормандони ҷавони милитсия, ҷавонони гурӯҳи «Авангард», донишҷӯён ва фаъолони вилояти Хатлон дар толори РВКД вилояти мазкур баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро баромад намуда, ҳозиринро бахшида ба таҷлили «Соли ҷавонон» ва 20-умин солгарди «Рӯзи Ваҳдати миллӣ» табрику таҳният намуда, зикр кард, ки мардуми тамаддунофари тоҷик таҳти сарварии фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷаҳониён собит намуданд, ки поёни ҳама гуна низоъу муноқиша бо сулҳу оштӣ анҷомида, хирад ва ақлу заковати олӣ ормонҳои ҳар як миллату халқиятро амалӣ месозад. Расидан ба ин неъмати бузургро ба Шумо муборакбод менамоям.
Зикр гардид, ки татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Тавре Президенти кишвар дар Паёми худ зикр карданд, «Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдкорона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд».

Ҷавонон бояд бо рафтору пиндори нек, бо гуфтори хирадмандона, хониши аъло, одобу ахлоқи намунавӣ ба дигарон тавонанд таъсир расонанд ва ҳамсолони худро аз роҳи бад баргардонида, ба роҳи нек ҳидоят созанд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ як зумра ҷавонони фаъоли вилояти Хатлон ва гурӯҳи ҷавонони “Авангард”-и ин вилоят баромад намуда, қайд карданд, ки Пешвои миллат нисбати ҷавонон ҳамеша таваҷҷӯҳ ва ғамхориҳо зоҳир менамоянд, ки мисоли равшани ин гуфтаҳо эълон гардидани соли 2017 ҳамчун «Соли ҷавонон» мебошад, ки ин иқдоми созанда барои баланд бардоштани нақши ҷавонон дар рушду нумӯи соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа мусоидат менамояд.
Ҷавобан ба ин ғамхориҳо ҷавонон изҳор доштанд, ки ҳамеша дар паҳлӯи Пешвои миллат қарор гирифта, баҳри пешрафту тараққиёт, корҳои ободонӣ ва созандагию бунёдкорӣ ҳамчун фарзанди бонангу номуси ин миллату давлат ҳиссаи хешро мегузоранд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ бо фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро як қатор кормандони ҷавони РВКД дар вилояти Хатлон ва ҳамчунин ҷавонону донишҷӯёни фаъоли вилоят барои ҳамкории фаъолона бо мақомоти милитсия ва гузоштани саҳми назаррас дар пешгирии ҷиноят ва ҳуқуқвайронкунӣ бо медалҳои “Милитсияи Тоҷикистон”, “Барои ҳамкорӣ”, нишонҳои сарисинагии “Барои хизматҳои шоён”, “Барои хизматҳои аъло дар ВКД”, Сипоснома ва Раҳматномаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби ҳунармандони Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон ҷиҳати болидарӯҳии иштирокчиён барномаи консертӣ пешкаш гардонида шуд.

Гул Маҳбуба, подполковники милитсия. 


You have no rights to post comments



Рӯйдодҳо

  • Ҷавоб ба хабарнигорон оид ба қазияи Ғурбатов Авазмат Умаралиевич (Абдулло ....

    Муроҷиати хабарнигор Ғурбатов Авазмат Умаралиевич (Абдулло Ғурбатӣ), ки рӯзи 29-уми ....

    02.06.2020 23:23
  • Садамаи нақлиётии марговар

    Санаи 31-уми майи соли 2020, тахминан соати 23:30 дақиқа, ронандаи ....

    02.06.2020 09:42
  • Ошкор шудани дуздии 2-сар чорвои калони шохдор

    Ба ШВКД дар ноҳияи Восеъ, бо ариза марди 60-солаи сокини ....

    02.06.2020 09:39
  • Корбари бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ

    Ҳифзи саломатии аҳолӣ самти фаъолиятест, ки имрӯзҳо милитсия бо назардошти ....

    01.06.2020 17:18
  • Назоратчии барқ маблағи муштариёнро тасарруф кард

    Дар асоси аризаҳои воридщуда ба шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ҷ.Расулов ....

    01.06.2020 17:15
  • Ҳар як шахс бояд муҳофизи саломатии худ бошад!

    Имрӯз (01.06.с.2020), бо иқдоми роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ....

    01.06.2020 16:47
  • Ошкор шудани дуздии 30 ҳазор доллари амрикои ва 40 ҳазор ....

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 43-солаи ....

    01.06.2020 10:20
  • Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ноҳияҳои Дустӣ, Хуросон ва ....

    Рӯзи 30-юми майи соли 2020, тахминан соати 14:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    01.06.2020 10:18
  • Созанда мебояд на сузанда

    Офатҳои табиии вақтҳои охир бавуҷудомада, боиси хисороти молӣ ва ҷонӣ ....

    30.05.2020 09:53
  • Ба ҳалокат расидани марди 58-сола дар заминаи қасдан расонидани зарари ....

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....

    30.05.2020 09:14
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • ТАВАҶҶУҲ!!!

    Ба ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ расонида мешавад, ки ҳангоми ....

    02.05.2020 17:50
  • Эълон!

    Шуъбаи махсуси карантинии милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст, ....

    20.04.2020 11:13
  • Эълон барои қабули мутахассисони соҳавӣ

    Раёсати ташхисӣ (эксперт) - криминалистии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ....

    17.04.2020 13:16
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonuni

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика