Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ярмарка дар арафаи моҳи шарифи Рамазон

Имрӯз (26.05.с.2017), бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон дар шафати Вазорат ярмарка ташкил ва баргузор карда шуд, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, нафақахӯрон ва аҳли оилаи кормандони фавтидаи мақомот иштирок намуда, маводҳои ғизоии заруриашонро харидорӣ намуданд.

Дар ярмаркаи мазкур, ба харидорон маҳсулоти ниёзи мардум аз ҷониби хоҷагиҳои ёрирасони Вазорати корҳои дохилӣ, хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру ноҳияҳои вилоят Хатлон, минтақаи Рашт ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, аз қабили меваю сабзавоти тоза, маҳсулоти шириву тухм ва дигар маҳсулоти ниёзи мардумро, нисбат ба нархи бозор 20 фоиз арзон пешниҳод намуданд.

Барои мисол нархи як килограмм гӯшт 20-25 сомонӣ, 1 литр равған – 9 сомонӣ, як кило биринҷ -5 сомонӣ, 1 халта орд – 130 сомонӣ, нархи як килограмм картошка 2 сомонӣ, карам, пиёзу сабзӣ, шалғам, бодиринг 1 сомонӣ, помидор – 2,5 сомонӣ, арзиши 1 қуттӣ тухм 15 сомониро ташкил медод.

Мавриди зикр аст, ки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ нисбати дастгирии иҷтимоии ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ таваҷҷӯҳ ва ғамхориҳои пайваста дошта, дар арафаи ҳар иду ҷашнвораҳо чунин ярмаркаҳои хоҷагии қишлоқро ташкил ва баргузор менамоянд.
Н. Сангинова, Р.Илёсов 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика