Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо Пратибҳа Меҳта

Имрӯз (25.05.с.2017), Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид (СММ), роҳбари Барномаи рушди СММ хонум Пратибҳа Меҳта вохӯрӣ доир намуд.
Нахуст Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода хонум Пратибҳа Меҳтаро ба муносибати таъиноташ ба ин вазифаи масъулиятнок табрик намуда, қайд кард, ки 29 январи соли 1992 Шӯрои амнияти СММ дар ҷаласаи худ қарори қабул намудани Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба аъзогии СММ пешниҳод намуд. Ҳамин тавр 2-юми марти соли 1992 дар сессияи 46-уми Асамблеяи СММ қарор оид ба қабул намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аъзогии СММ якдилона қабул гардид.
Ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин Созмони бонуфуз барои рушди ҳамкориҳо бо ташкилотҳо ва институтҳои СММ заминаи мусоид фароҳам овард.
Тоҷикистон нақши муассири Созмони Милали Муттаҳидро дар мубориза бо зуҳуроти номатлуб ва ҳамкориҳо дар ин самт муҳим арзёбӣ менамояд.
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилотҳои СММ, ба монанди Раёсати Олии Комиссариати СММ оид ба гурезаҳо, Хазинаи кӯдакони СММ ва Созмони байналмиалалии муҳоҷират фаъолона ҳамкорӣ менамояд.
Дар навбати худ Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид, роҳбари Барномаи рушди СММ хонум Пратибҳа Меҳта барои пазироии самимӣ ба Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки рушду инкишофи ҳар як кишвар аз суботи оромӣ ва тинҷию амонӣ вобаста аст. Созмони Милали Муттаҳид ҳамеша тарафдори сулҳ ва рушду инкишофи сартосарии кишварҳои дунё мебошад.
Рушду инкишоф ва суботу оромӣ бо ҳам тавъам буда, дар ин ҷода омодаем ҳамкориҳоро бо Вазорати корҳои дохилӣ боз ҳам тақвият бахшем.

Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самтҳои волоияти қонун, адолати иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, аз он ҷумла ҳифзи кӯдакон ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ ибрози андеша намуданд. Махсусан ҷиҳати густариш додани ҳамкориҳои фаромарзӣ барои расидан ба сулҳи устувор ва рушд таъкид намуданд.
Дар интиҳои вохӯрӣ изҳори умедворӣ карда шуд, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо мақсади таъмини оромӣ ва пешгирии ҳар гуна зуҳуроти номатлуб дар минтақа боз ҳам тақвият хоҳанд ёфт.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва якдигарфаҳмӣ анҷом пазируфт.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия. 


You have no rights to post comments



Рӯйдодҳо

  • Куштор дар ҳолати мастӣ

    Рӯзи 16-уми январи соли 2020, тахминан соати 22:30-дақиқа, марди 38-солаи ....

    18.01.2020 10:46
  • Ошкор шудани ҳолатҳои ғоратгарӣ

    Ба ШВКД дар шаҳри Хуҷанд аризаи марди 39-солаи сокини ноҳияи ....

    18.01.2020 10:17
  • Таъмини бехатарии ҳаракати роҳ вазифаи мост!

    Новобаста аз он ки аз ҷониби кормандони шуъбачаи БДА дар ....

    17.01.2020 09:44
  • Тақаллубкорӣ бо баҳонаи тиҷорат

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ аризаи марди 32-солаи сокини ҷамоати ....

    17.01.2020 08:53
  • Дуздии чорво аз чарогоҳ

    Ба ШВКД дар ноҳияи Хуросон бо ариза марди 45-солаи сокини ....

    16.01.2020 09:17
  • Пахши пиёдагард дар ноҳияи Дӯстӣ

    Рӯзи 15-уми январи соли 2020, тахминан соати 14:00, ронандаи автомашинаи ....

    16.01.2020 09:16
  • Санҷиши мақсаднок дар марказҳои бозии компютерӣ

    Бо мақасади пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон, машғул гардидан ба амалҳои ношоиста ....

    15.01.2020 14:17
  • Ошкор шудани ҷинояти одамкушӣ

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 41-солаи ....

    15.01.2020 10:57
  • Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марг гардидааст

    Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....

    15.01.2020 10:56
  • Ошкор шудани дуздии 9 сар чорвои калони шохдор дар ноҳияи ....

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 21-солаи ....

    15.01.2020 10:54
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Эълон! Занону духтарони дӯзанда ба кор ҷалб карда мешаванд!

    Рӯзи 22-юми ноябри соли 2019 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати ....

    28.11.2019 11:53
  • Ба таваҷҷуҳи ронандагон!

    Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон, алалхусус ронандагони ....

    22.11.2019 14:39
  • ЭЪЛОН! Озмуни ҷумҳуриявии расми беҳтарини кӯдакона

    Озмуни ҷумҳуриявии расми беҳтарини кӯдакона дар мавзӯи бехатарии ҳаракат дар ....

    18.11.2019 09:46
  • Эълон! Мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Баланд бардоштани иқтидори ҳамкории ....

     Аз 3-юм то 5-уми октябри соли 2019 бо ташаббуси Ҳамоҳангсози ....

    02.10.2019 14:17
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonuni

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика