Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии ҷавонони тоҷик бо ҳамсолони худ дар шаҳри Кемерово

24-уми майи соли 2017 гурӯҳи ҷавонони тоҷик дар якҷоягӣ бо намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзоёни фаъоли гурӯҳи «Авангард», ки бо сафар дар Федератсияи Россия қарор доранд, аз шаҳри Новокузнетск ба маркази вилояти Кемерово ташриф оварданд.
Ҷавонони тоҷикро дар шаҳри Кемерово намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии «Тоҷикони Кемерово» бо як меҳмондории хоси тоҷикона пешвоз гирифтанд.
Дар рафти сафар ҷавонони гурӯҳи корӣ бо ҳамсолони худ, яъне ҷавонони Тоҷикистон, ки дар ин шаҳр бо кору таҳсил фаро гирифта шудаанд, вохӯрӣ доир намуданд.
Зимни сӯҳбату вохӯриҳои самимона ҷавонон бо ҳам дӯстию ошноӣ пайдо намуда, изҳор доштанд, ки дар робитаи пайваста қарор гирифта, бо ҳам ҳамкориҳои судмандро ба роҳ хоҳанд монд.
Дар ҷараёни вохӯриҳо ҷавонон аз шароити кору таҳсил, зисту зиндагӣ ва мушкилоти ҷойдошта ибрози назар намуда, қайд карданд, ки ҷавонони тоҷик бояд аз як гиребон сар бароварда, баҳри пешрафту шукуфоӣ, сулҳу амонии дар кишвар ҳукумронбуда ва баланд бардоштани обрӯю нуфӯзи Ватани азизамон саҳмгузор бошанд.
Танҳо бо якдилию якдигарфаҳмӣ, дӯстию ҳамбастагӣ ва бо меҳнати ҳалол метавон Ватани худро ободу зебо сохт. Бояд нагузошт, ки ҳамватане ва ё ҷавони тоҷике аз ноогоҳӣ фирефтаи ташвиқоти ғаразноки гурӯҳҳои ифротӣ гардида, худ ва наздиконашонро ба хатар мувоҷеҳ созанд.
Мавриди қайд аст, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари ҷавонони тоҷик ва гурӯҳи кории Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия аз 17-уми майи соли ҷорӣ идома дошта, аз ҷараёни он иловатан иттилоъ хоҳем дод.

Х. Солиҳов


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика