Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари ҷавонони тоҷик ба шаҳри Новокузнетск

Сафари гурӯҳи ҷавонони Тоҷикистон, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда буд, аз 17-уми майи соли ҷорӣ шурӯъ гардида, он то 25-уми май идома хоҳад ёфт.
Рӯзи 22-юми майи соли 2017, гурӯҳи ҷавонони «Авангард» ҷиҳати иштирок дар мизи мудаввар, ки «Масъалаҳои мубрами муқовимат ба экстремизм, терроризми байналмилалӣ ва муқобилият ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир" унвон дошт, ба Донишгоҳи давлатии индустриалии Сибири шаҳри Новокузнетск ташриф оварданд.
Муовини ректори Донишгоҳи мазкур Гридин Константин Владимирович бо сухани ифтитоҳӣ ба мизи мудаввар оғоз бахшида, меҳмононро пазироӣ намуд. Мавсуф зимни суханронӣ қайд кард, ки донишҷӯёни тоҷик дар баробари дигар донишомӯзон аз илмҳои замони муосир хуб бархӯрдор буда, баҳри такмил додани илму дониш ҳамеша мекӯшанд, мисли ҳамсабақони пешқадами худ пешсаф бошанд. Мардуми тоҷик аз давраҳои пеш то ба имрӯз маҳз бо хулқу атвори ҳамида, дӯстиву рафоқат ва меҳмоннавозӣ дар тамоми дунё шуҳратёр гардидаанд. Боиси ифтихор аст, ки дар ин муассисаи олии таълимӣ рафтору муносибат, омӯхтани илму дониш ва муттаҳидӣ байни донишомӯзон хеле хуб ба роҳ монда шуда, ин анъана то кунун идома дорад.
Сипас, сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб роҷеъ ба “Хатарҳои гурӯҳҳои ифротӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ” баромад намуда, қайд кард, ки шомилшавии ҷавононе, ки ба ин гурӯҳҳо сурат мегирад, ин пеш аз ҳама огаҳ набудан аз фарҳангу тамаддуни миллати хеш мебошад.

Дар ҷараёни ҳамоиш, ҳамчунин роҳбари ташкилоти ҷамъиятии "Тоҷикон”-и шаҳри Новокузнетск Исломзода Шавкат, сардори ШВКД дар шаҳри Истаравшан полковники милитсия Шамсулло Маҳмудов, имомхатиби масҷиди “Абдураҳмон”-и шаҳри Новокузнетск Ризоев Аминҷон, роҳбари гурӯҳи ҷавонони "Авангард” Мардихудо Давлатов доир ба манфиати илмомӯзӣ ва таълиму тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи инсондӯстию меҳанпарастӣ ва хештаншиносӣ ибрози ақида намуданд.
Дар охири ҷамъомад, чанде аз донишҷӯён ва шаҳрвандони тоҷик, ки дар шаҳри Новокузнетск бо кору таҳсил машғуланд, зимни баромад шукргузорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат ва сулҳу оромӣ дар Тоҷикистони азиз намуда, иброз доштанд, ки онҳо баҳри рушду тараққиёти Ватани хеш ҳамчун фарзанди содиқ ва ватандӯст ҳамеша ҳиссаи арзандаи хешро хоҳанд гузошт.
Рухшона Шукурова, Хисрав Солиҳов 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика