Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мо ватандорем фахр аз кишвари худ мекунем!

Имрӯз (22.05.с.2017), бахшида ба  Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2017 ҳамчун «Соли ҷавонон» дар Вазорати корҳои дохилӣ чорабинии тантанавӣ бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, сарбозони қисмҳои ҳарбӣ, курсантони Академияи ВКД, ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Авангард», донишҷӯён ва як зумра ҷавононе, ки дар Федератсияи Россия ба кору таҳсил машғуланд, баргузор гардид.

Нахуст, Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро тамоми ҷавонони Тоҷикистонро бахшида ба Рӯзи ҷавонон ва эълон гардидани соли 2017 ҳамчун «Соли ҷавонон» табрик намуда, ба онҳо саодату сарбаландӣ, осоиши рӯзгор ва дар кору зиндагӣ комёбиҳо таманно намуд.

Зимни баромад Вазири корҳои дохилӣ зикр намуд, ки чӣ тавре, ки медонем Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҳамасола рӯзи 23 – юми май дар тамоми ҷумҳурӣ ботантана таҷлил карда мешавад.

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017 ҳамчун «Соли ҷавонон» эълон карда шуд.

Ин иқдоми нек ва бомаврид аз таваҷҷӯҳи хоса ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат нисбат ба ҷавонон, ки онҳо нерӯи созанда ва давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол мебошанд, шаҳодат медиҳад.

Ҳар чӣ қадар, ки ҷавонони кишвар муттаҳид шаванд, ҳамон қадар ҷомеа пеш рафта, муносибатҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангию маданӣ рушд меёбанд. 

Зимни баромад Вазири корҳои дохилӣ ҷавононро ба омӯхтани илму ҳунар, забонҳои хориҷӣ ва технологияи муосир ҳидоят намуда, қайд кард, ки ҷавонон бояд фаъол ва созанда бошанд ва дар ҳаёту пешрафти ҷомеа нақши арзандаи худро гузоранд.

Зикр гардид, ки мақомоти корҳои дохилӣ ҳамеша ба нерӯи  тавонои ҷавонон такя намуда, дар доираи Барномаи ислоҳоти  (рушди) милитсия ва Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2014-2020 бо дружиначиёни ихтиёрӣ, кормандони ғайриштатии милитсия, гурӯҳи ҷавонони «Авангард» ва дигар созмонҳои ҷамъиятӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон фаъолона ҳамкорӣ менамояд.

Дар ин замина чандин маротиба вохӯриҳои судманди ҷавонон дар якҷоягӣ бо кормандони милитсия бо аҳли ҷомеа оид ба пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҷавонону ноболиғон баргузор гардид.

Ҳамчунин, сафари ҷавонон ба минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, ба хонаҳои ҳамдигар ва шиносоӣ аз урфу одат ва расму анъанаҳои маҳалҳои гуногуни кишвар ташкил карда шуд, ки дар рафти ин сафарҳо дӯстию пайванди ҷавонони кишвар бо ҳамдигар боз ҳам мустаҳкамтар гардид.

Дар ин ҷода сафари ҷавонон ба вилоятҳо ва шаҳрҳои гуногуни Федератсияи Россия доир гардида, ҳамчунин ҷавонони тоҷике, ки дар Федератсияи Россия кору таҳсил менамоянд дар чорабиниҳои фарҳангию сиёсии кишвар даъват карда мешаванд, ки имрӯз як зумра ҷавонон даъват гардида, дар чорабинии имрӯза ҳузур доранд.

Дар идомаи баромад Вазири корҳои дохилӣ доир ба тараққиёту пешравӣ ва дастовардҳои замони истиқлолият ибрози андеша намуда, зикр кард, ки ҳамаи ин дастовардҳо бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таваҷҷӯҳи хосаи Сарвари давлат ба ҷавонон рӯи даст гирифта шуда, амалӣ гардида истодааст.

Сипас, бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд, ташкили кори самаранок ҷиҳати иштироки дастаҷамъонаи ҷавонону донишҷӯён дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, суботу оромии кишвар, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҳамзамон ширкати фаъолона дар чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ, инчунин гузоштани саҳми арзандаву назаррас дар пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ як қатор сарбозони қисмҳои ҳарбии Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД, курсантон ва ҷавонони фаъол бо рутбаҳои навбатӣ, «Сипоснома» ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Дар интиҳои чорабинии тантанавӣ барои болида гардонидани хотири ҳозирин ба муносибати Рӯзи Ҷавонон ва эълон гардидани соли 2017 ҳамчун «Соли ҷавонон»  консерти идона бо иштироки ситораҳои шинохтаи ҷумҳурӣ, ансамбли “Сипар”-и Вазорати корҳои дохилӣ ва ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Авангард» пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Гул Маҳбуба, подполковники милитсия. 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика