Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Истироҳату фароғати кормандони милитсия дар Осоишгоҳи ВКД

Имрӯз (20.05.с.2017), Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар ҷараёни сафари хизматӣ ба минтақа ва ноҳияи Рашт ба Осоишгоҳи истироҳатӣ ва Дармонгоҳи тиббии Раёсати тиббии ВКД дар ноҳияи мазкур ташриф оварда, аз шароитҳои муҳайёгардида, рафти истироҳат ва табобати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ин мавзеи зебоманзар шиносоӣ пайдо кард.

Зимни вохӯрӣ бо истироҳаткунандагони ин Осоишгоҳ Вазири корҳои дохилӣ қайд кард, ки мавсими аввали истироҳат шурӯъ гардида, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз тамоми манотиқи кишвар метавонанд бо истироҳату фароғат фаро гирифта шаванд.

Ҳангоми сӯҳбат бо Вазири корҳои дохилӣ кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки аз Раёсатҳои ВКД дар вилоятҳои Хатлон, Суғд, ВМКБ, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар ин ҷо қарор доранд, изҳор доштанд, ки имрӯз бо дастгирию ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити хуб барои истироҳату табобат дар осоишгоҳ фароҳам оварда шудааст. Чунин шароити хуб имкон медиҳад, ки кормандони милитсия истироҳату табобат намуда, барои пеш бурдани фаъолияти хизматӣ бо нерӯи тавоно ифои вазифа намоянд.
Ҷавобан ба чунин ғамхориҳо ҳамаи истироҳаткунандагони ин Осоишгоҳ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдорӣ баён намуданд.

Мавриди зикр аст, ки Осоишгоҳи истироҳатии ВКД дар ноҳияи Рашт бо тамоми шароит, аз қабили хонаи хоб, ошхона, ҳаммом, ҷойи дастурушӯӣ ва дигар шароитҳои маишӣ муҷаҳҳаз мебошад.
Ҳамчунин, дар ин Осоишгоҳ ҳавзи шиноварӣ бо тарҳ ва ороиши замонавӣ сохта шудааст, ки истироҳаткунандагон метавонанд аз он пурсамар истифода баранд.
Ҳамчунин, ошхона дорои 140 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шудааст, ки дар он таомҳои лазиз ва парҳезӣ омода гардида, пешкаши истироҳаткунадагон мегардад.

Мавриди қайд аст, ки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати беҳдошти вазъи иҷтимоии ҳайати шахсӣ пайваста ғамхорӣ зоҳир намуда, барои онҳо шароити мусоид фароҳам меоварад.
Чунин шароити мусоид имкон медиҳад, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо аҳли оилаашон дар ин Осоишгоҳ ба фароғату истироҳати ҳамаҷониба фаро гирифта шаванд.

Қобили қайд аст, ки Дармонгоҳи тиббии Раёсати тиббии ВКД низ дар ноҳияи Рашт бо тамоми шароити табобатӣ ва доруворӣ таъмин буда, табобатгирандагон аз ҷониби табибони баландихтисос муоина ва муолиҷа карда мешаванд.
Гул Маҳбуба, Рухшона Шукурова. 


You have no rights to post comments



Рӯйдодҳо

  • Куштор дар ҳолати мастӣ

    Рӯзи 16-уми январи соли 2020, тахминан соати 22:30-дақиқа, марди 38-солаи ....

    18.01.2020 10:46
  • Ошкор шудани ҳолатҳои ғоратгарӣ

    Ба ШВКД дар шаҳри Хуҷанд аризаи марди 39-солаи сокини ноҳияи ....

    18.01.2020 10:17
  • Таъмини бехатарии ҳаракати роҳ вазифаи мост!

    Новобаста аз он ки аз ҷониби кормандони шуъбачаи БДА дар ....

    17.01.2020 09:44
  • Тақаллубкорӣ бо баҳонаи тиҷорат

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ аризаи марди 32-солаи сокини ҷамоати ....

    17.01.2020 08:53
  • Дуздии чорво аз чарогоҳ

    Ба ШВКД дар ноҳияи Хуросон бо ариза марди 45-солаи сокини ....

    16.01.2020 09:17
  • Пахши пиёдагард дар ноҳияи Дӯстӣ

    Рӯзи 15-уми январи соли 2020, тахминан соати 14:00, ронандаи автомашинаи ....

    16.01.2020 09:16
  • Санҷиши мақсаднок дар марказҳои бозии компютерӣ

    Бо мақасади пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон, машғул гардидан ба амалҳои ношоиста ....

    15.01.2020 14:17
  • Ошкор шудани ҷинояти одамкушӣ

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 41-солаи ....

    15.01.2020 10:57
  • Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марг гардидааст

    Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....

    15.01.2020 10:56
  • Ошкор шудани дуздии 9 сар чорвои калони шохдор дар ноҳияи ....

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 21-солаи ....

    15.01.2020 10:54
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Эълон! Занону духтарони дӯзанда ба кор ҷалб карда мешаванд!

    Рӯзи 22-юми ноябри соли 2019 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати ....

    28.11.2019 11:53
  • Ба таваҷҷуҳи ронандагон!

    Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон, алалхусус ронандагони ....

    22.11.2019 14:39
  • ЭЪЛОН! Озмуни ҷумҳуриявии расми беҳтарини кӯдакона

    Озмуни ҷумҳуриявии расми беҳтарини кӯдакона дар мавзӯи бехатарии ҳаракат дар ....

    18.11.2019 09:46
  • Эълон! Мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Баланд бардоштани иқтидори ҳамкории ....

     Аз 3-юм то 5-уми октябри соли 2019 бо ташаббуси Ҳамоҳангсози ....

    02.10.2019 14:17
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonuni

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика