Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


«Рӯзи ҷавонон» муборак, ҳомиёни Ватан!

Имрӯз (20.05.с.2017), Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бахшида ба «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» ва эълон гардидани соли 2017 ҳамчун «Соли ҷавонон» бо ҳайати шахсии Дастаи таъиноти махсуси милитсияи РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт вохӯрӣ доир намуд.

Вазири корҳои дохилӣ нахуст дар маросими ифтитоҳи ҳавзи шиноварӣ барои ҳайати шахсии ДТММ дар минтақа ва ноҳияи Рашт иштирок намуда, ҳайати кормандону афсарони ин ниҳоди бонуфузро ба муносибати «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» табрику муборакбод кард ва ба онҳо дар пешрафти фаъолияти хизматӣ ҷиҳати таъмини волоияти қонун, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ барору комёбиҳо таманно намуд.

Мавсуф қайд кард, ки ҳифзу ҳимояи мардум, амнияти шаҳрвандон, пешгирии қонунвайронкунӣ ва ҳар гуна зуҳуроти номатлуб яке аз вазифаҳои асосии кормандони милитсия мебошад, ки афсарону кормандони Дастаи таъиноти махсуси милитсияи РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт ин рисолати хешро то кунун сарбаландона иҷро намуда истодаанд.

Сипас, дар саҳни бинои Дастаи таъиноти махсуси милитсия аз ҷониби ҳайати шахсии ин ниҳод машқҳои тактикӣ-низомӣ намоиш дода шуд, ки он омодабошӣ, муҳорибаҳои тан ба тан ва ҷисман обутоб ёфтани кормандони таъиноти махсусро дар ҳама ҳолат бори дигар муаррифӣ кард.
Дар интиҳои чорабинӣ бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро барои ноил гардидан ба натиҷаҳои назаррас дар фаъолияти хизматӣ ва бахшида ба «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» як қатор кормандони Дастаи таъиноти махсуси милитсияи РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт бо рутбаҳои навбатӣ, Ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои арзишнок сарфароз гардонида шуданд.
Сафари Вазири корҳои дохилӣ ба минтақаи Рашт идома дошта, аз рафти он иловатан иттило дода мешавад.
Гул Маҳбуба, Рухшона Шукурова. 


You have no rights to post comments



Рӯйдодҳо

  • Садамаи нақлиётии марговар

    7-уми августи соли 2020, тахминан соати 04:00, ронандаи автомашинаи тамғаи ....

    07.08.2020 10:12
  • Аз ҳиссиёти рашк ба ҳалокат расонидани ҳамсар

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....

    07.08.2020 10:09
  • Ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона аз ҷониби ҷавони 21-сола

    Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони ....

    07.08.2020 10:04
  • Ошкор шудани кирдори ғоратгарӣ

    Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза ҷавони 20-солаи сокини ....

    07.08.2020 10:01
  • Амалиёти муоинаи техникӣ дар ВМКБ

    Ҳамасола бо супориши роҳбарияти Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД ҶТ ....

    07.08.2020 09:25
  • Нақши Коллеҷи оташнишонӣ-техникии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар омода кардани кадрҳои ....

    Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи оташнишонӣ-техникии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таълим ....

    06.08.2020 10:32
  • Бо роҳи фиреб гирифтани 6 ҳазор доллари амрикоӣ

    Ба ШВКД дар ноҳияи Рушон бо ариза марди 30-солаи сокини ....

    06.08.2020 10:26
  • Садамаҳои нақлиётии марговар дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Кӯшониён

    Санаи 5-уми августи соли 2020, тахминан соатҳои 10:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    06.08.2020 10:24
  • Ваҳдат – омили таҳкими ҷомеа

    Ҳар миллат дар таърихи худ рӯйдодҳо ва санаҳои муҳиме дорад ....

    05.08.2020 13:51
  • Тасарруф намудани гарданбанди тиллоӣ

    Ба ШВКД дар ноҳияи Сино-2 аризаи зани 36-солаи сокини шаҳри ....

    05.08.2020 10:44
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Эълон! Нишасти матбуотӣ

    03 августи соли 2020, соати 11:00-дақиқа, дар толори Вазорати корҳои ....

    29.07.2020 09:42
  • ТАВАҶҶУҲ

    Бо мақсади иҷрои амрномаҳои қабулнамудаи Маркази автоматикунонии идораи нақлиёт ва ....

    04.07.2020 12:24
  • ТАВАҶҶУҲ!!!

    Ба ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ расонида мешавад, ки ҳангоми ....

    02.05.2020 17:50
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonun

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика