Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бахшида ба «Рӯзи ҷавонон» дар минтақаи Рашт

Имрӯз (20.05.с.2017), бахшида ба «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо ҷавонон, донишҷӯён ва фаъолони минтақа ва ноҳияи Рашт дар Қасри фарҳанги ин ноҳия баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин Раиси ноҳияи Рашт Лоиқзода Қаноатшо Холиқ, сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи мазкур полковники милитсия Шафизода Рустам Исмоил, сардори Раёсати КДАМ Муродов Нуралӣ ва ректори Донишкадаи омӯзгорӣ дар ҳамин ноҳия Маҳмадзода Муродалӣ иштирок намуданд.

Сараввал Раиси ноҳияи Рашт Лоиқзода Қ.Х. ҳозиринро ба минтақаи зебоманзар ва хушбоду ҳавои Раштонзамин хайра мақдам гуфта, изҳор дошт, ки Ҳукумати мамлакат баҳри рушду нумӯъ ва тараққиёти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, ҷиҳати бо илму дониш фаро гирифтан ва дар соҳаҳои муҳими ҳаёти кишвар бо кор таъмин намудани ҷавонон тамоми тадбирҳои заруриро меандешад.
Имрӯз шумораи зиёди ҷавонони бофазлу ҳунар ва фаъоли минтақаи Рашт дар донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар ва берун аз он таҳсил намуда, дар оянда ҳамчун мутахассисони соҳаҳои гуногун ба халқу Ватан хизмат хоҳанд кард.

Сипас, Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро баромад намуда, тамоми ҷавонон ва донишҷӯёни минтақаи Раштро бахшида ба «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» ва эълон гардидани соли 2017 – ҳамчун «Соли ҷавонон» табрику муборакбод кард.
Вазири корҳои дохилӣ аз ҷумла қайд кард, ки вохӯрии имрӯза, ки дар ин толори барҳаво бо Шумо мегузарад, дар партави иқдоми созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2017 ҳамчун “Соли ҷавонон” роҳандозӣ гардида, ҷавонони мамлакатро боз ҳам бо ҳам муттаҳид менамояд.
Пеш аз он, ки аз мавқею мартабаи ҷавонон дар рушди ҳаёти ҷомеа ин ҷо сухан намоем, таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бори дигар ёдовар мешавам: “Ҳукумати кишвар бо мақсади ҳалли масоили ҷавонон ва насли наврас аз оғози истиқлолият то имрӯз ҳамаи чорабиниҳои заруриро амалӣ карда истодааст. Зеро ҷавонони солим ва соҳибкасбу боихтисос, ояндаи миллат ва давлат мебошанд”.
Имрӯз ба кору фаъолият, мавқеъ ва саҳми ҷавонон дар рушду инкишофи ҷомеа назар карда, моро ҳисси рӯҳбаландӣ ва ифтихор фаро мегирад, ки ин нерӯи созандаву бунёдкори кишвар, метавонад барои ободию гул-гулшукуфии мамлакат корҳои бузургро анҷом диҳад.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷавонони фаъоли минтақаи Рашт баромад намуда, изҳор доштанд, ки Пешвои миллат нисбати мо ҷавонон ҳамеша таваҷҷӯҳ ва ғамхориҳо зоҳир намуда, барои ба камол расидан ва соҳиби илму маърифат гардидан таъкид менамоянд, ки пайваста ба омӯхтани илму дониш, технологияи муосир ва забонҳои хориҷӣ машғул гардида, содиқи ин Ватан бошем.

Ҷавобан ба ин ғамхориҳо мо ҷавонон ваъда медиҳем, ки ҳамеша дар паҳлӯи Пешвои миллат қарор гирифта, баҳри пешрафту тараққиёт, корҳои ободонӣ ва созандагию бунёдкорӣ ҳамчун фарзанди бонангу номуси ин миллату давлат ҳиссаи хешро мегузорем.
Дар рафти вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо ҷавонон ва донишҷӯёни минтақаи Рашт сӯҳбати озоду самимӣ ороста, даъват ба амал овард, ки баҳри баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқӣ, пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб, ҳуқуқвайронкуниҳо, муноқишаҳои байни наврасону ҷавонон ва мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ саҳмгузор бошанд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро барои ҳамкории фаъолона бо мақомоти милитсия як қатор ҷавонону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии минтақаи Рашт бо тӯҳфаҳои арзишнок қадрдонӣ гардиданд.
Вохӯрӣ дар фазои озоду самимӣ, бо шукргузорӣ аз сулҳу осоиштагӣ ва тинҷию оромӣ дар кишвар ҳусни анҷом пазируфт.
Гул Маҳбуба, Рухшона Шукурова.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика