Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Боздиди ҷавонон аз мавзеҳои маданӣ ва фарҳангии шаҳри Бердск

Дар идомаи сафар ба Федератсияи Россия, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Авангард» дар якҷоягӣ бо гурӯҳи корӣ аз Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озими шаҳри Бердски вилояти Новосибирск гардида, аз мавзеҳои маданӣ ва фарҳангии ин шаҳри нотакрор дидан намуданд.
Дар осорхонаи таърихию бадеии шаҳри Бердск ҷавонони тоҷикро меҳмоннавозӣ ва муносибатҳои халқи бузурги рус тасхир кард. Дар осорхонаи мазкур аз таъриху фарҳанги халқи тоҷик низ нигораҳои зиёдеро дидан мумкин буд, ҳамчунин меҳмонон бо таърихи ду халқ, ки як замон дар ҳайати давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ дохил буданд, муносибатҳои дӯстонаю бародарони онҳо шиносоӣ пайдо намуданд.
Зимни вохӯрӣ сокинони ин шаҳр ба меҳмоннавозӣ ва меҳнатдӯстии шаҳрвандони тоҷик баҳои баланд доданд. Қайд гардид, ки тоҷикон ин мардуми дорои таърихи бой ва маданияти баланд буда, ҳоло ҳам дар байни дигар халқу миллатҳо бо меҳнатдӯстию инсонпарварӣ намунаи ибратанд.
Дар шаҳри Бердск гурӯҳи ҷавонони тоҷик меҳмони соҳибкори маъруфи шаҳри мазкур Голуб Виктор Алексеевич гардиданд, ки дар корхонаҳои ӯ ҳазорҳо ҳамватанони мо дар ҳудуди вилояти Новосибирск кору фаъолият мекунанд.

Зимни сӯҳбат соҳибкор оиди дӯстию рафоқати ногусастании миёни мардуми русу тоҷик ва тақвияти ҳамкориҳо ибрози назар намуд.
Намояндагони Тоҷикистон ба соҳибкор Голуб Виктор Алексеевич ҳамчун рамзи дӯстию ҳамбастагӣ тӯҳфаи хотиравии тоқии миллии тоҷикиро тӯҳфа намуданд.
Сафари ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Авангард» дар якҷоягӣ бо гурӯҳи корӣ аз Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия идома дошта, аз натиҷаи он иловатан иттилоъ хоҳем дод.


You have no rights to post comments



Рӯйдодҳо

  • Хушҳолии сарбозон аз соҳибкасбӣ

    Имрӯз (12.08.с.2020), дар Қисми низомии 3502-и Раёсати қушунҳои дохилии ВКД, ....

    12.08.2020 15:02
  • Латукӯби бародар дар заминаи ҷангу ҷанҷол

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 47-солаи ....

    12.08.2020 10:18
  • Аз ҳиссиёти авбошӣ бо корд захмӣ намудани марди 50-сола

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....

    12.08.2020 10:16
  • Ошкор шудани дуздии чорвои майдаи шохдор ва дигар ашёи рӯзгор

    Ба ШВКД дар ноҳияи Темурмалик бо ариза марди 28-солаи сокини ....

    12.08.2020 10:15
  • Ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани воситаи нақлиёт аз ҷониби ҷавони 19-сола

    Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони ....

    12.08.2020 10:12
  • Ошкор шудани кирдорҳои қаллобӣ

    Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 59-солаи сокини ....

    12.08.2020 10:08
  • Сарфи беҳудаи барқ гулшани худсӯзон аст

    Ба истиқлолияти энергетикӣ ноил гаштани давлати тоҷикон ва ташаккули давлатдории ....

    11.08.2020 15:49
  • Семинари омӯзишии «Ҳамкории милитсия бо ҷомеа»

    Санаи 11-уми августи соли 2020 мувофиқи нақшаи муштараки Вазорати корҳои ....

    11.08.2020 14:04
  • Ошкор шудани куштори бераҳмонаи инсон аз ҷониби гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян ....

    11.08.2020 11:25
  • Тариқи ошкоро тасарруф намудани телефони мобилӣ

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза ҷавони 24-солаи сокини ....

    11.08.2020 11:23
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Эълон: Омӯзиши фанҳои дақиқ

    Маркази таълимии «Баҳодур» ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати ....

    11.08.2020 11:33
  • Диққат! Амалиёти «Бачаҳо»

    Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати ҳамаи иштирокчиёни ҳаракат ....

    11.08.2020 11:29
  • Эълон! Нишасти матбуотӣ

    03 августи соли 2020, соати 11:00-дақиқа, дар толори Вазорати корҳои ....

    29.07.2020 09:42
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonun

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика