Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамеша бо Ватан будам, ҳамеша бо Ватан масрур…

Имрӯз (20.05.с.2017), сафари ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Авангард» дар ҳайати гурӯҳи корӣ дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия идома дошта, боздиди онҳо бо ҷавонони ҳамсол ва фаъоли тоҷик, ки айни ҳол дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар ин шаҳр қарор доранд, ба вуқӯъ пайваст.
Муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дер боз ташнаи дидори ҳамватанони худ буданд, аз чунин вохӯрӣ изҳори хушнудӣ намуда, бародарони худро самимона ба оғӯш мегирифтанд.

Ин вохӯрӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бозори Марказии шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия аз ҷониби гурӯҳи кории Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Авангард» доир гардида, аз ҳолу аҳвол ва фаъолияти онҳо дар бозори мазкур аз наздик шинос гардиданд.

Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик зимни вохӯрии самимӣ аз кору шуғлашон дар соҳаҳои гуногун ва мушкилоти ҷойдошта ибрози андеша намуда, изҳор доштанд, ки дар фаъолияти ҳаррӯзаи онҳо донистани забон, доштани касбу ҳунар ва меҳнати ҳалол ҳамеша муҳим аст. Шахси соҳибҳунар ва бофарҳанг ҳеҷ гоҳ хор намешавад, бо одобу хулқи ҳамида байни мардуми маҳаллӣ соҳиби обрӯ ва иззат мегардад. Тоҷикистониёнро низ аз рӯи рафтори шаҳрвандонашон баҳо медиҳанд. Аз ин рӯ, бояд кӯшиш ба харҷ дод, ки муттаҳиду дастгири якдигар буда, бо амали неку меҳнати ҳалол, маданияти баланду фарҳанги волои тоҷиконро дар ҳарҷое, ки бошад, мусбӣ муаррифӣ намуд.
Ҳамчунин, дар идомаи сӯҳбат ҷавонони тоҷик қайд намуданд, ки бо назардошти таҳдиду хатарҳои замони муосир, аз қабили терроризму экстремизм, ҷавонон бояд аз ҳар вақта дида ҳушёру зирак бошанд, то ба ҳар дасиса, доми найранг ва васвасаҳои тарғиботчиёни гурӯҳҳои ҷиноятпеша ва ифротгаро гирифтор нашаванд. Аҳли сайёра аллакай аз оқибатҳои амалҳои ғаразноки ин гурӯҳҳои ҷиноятпеша огоҳанд ва хуб дарк намудаанд, ки қатлу куштор ба харобию ҳалокати шахсони бегуноҳ ва қашшоқию гуруснагӣ оварда мерасонад.
Танҳо сулҳу салоҳ ва муттаҳидӣ метавонад одамонро новобаста аз нажод, миллат, забон ва урфу одат ба ҳам оварад. Аз ин лиҳоз, мебояд ба корҳои созандагию бунёдкорӣ, омӯхтани илму дониш ва аз худ намудани техникаю технологияи муосир ва забонҳои хориҷӣ рӯ овард.

Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик хушу хурсандона бо ҳамватанони худ сӯҳбати самимона намуда, иброз доштанд, ки мо ҳамеша бо Ватан будем, ҳастем ва хоҳем монд, зеро Тоҷикистони азиз барои мо - нафарони бурунмарзӣ ҳамеша муқаддасу бузург аст.
Айни замон, сафари ҷавонони фаъоли тоҷик ба Федератсияи Россия идома дошта, аз ҷараёни он пайваста иттилоъ дода мешавад.
Гул Маҳбуба, Рухшона Шукурова, Хусрав Солеҳов. 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика