Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Сафари ҷавонон ба Федератсияи Россия

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба эълон гардидани соли 2017 «Соли ҷавонон» як зумра ҷавонон дар ҳайати гурӯҳи корӣ аз Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Авангард» ба Федератсияи Россия сафар намуданд.

Ҷавонон зимни сафар дар шаҳрҳои Новосибирск, Кемерово, Новокузнетск ва кишвари Олтойи Федератсияи Россия бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷике, ки дар муассисаҳои таълимии ин минтақаҳо таҳсил менамоянд, сӯҳбату вохӯриҳо доир намуда, аз ҳаёту фаъолияти онҳо аз наздик шиносоӣ пайдо мекунанд.
Мавриди қайд аст, ки сафари мазкур аз 17-уми май шурӯъ гардида, то 25-уми майи соли ҷорӣ идома хоҳад ёфт.
Имрӯз (20.05.с.2017) гурӯҳи ҷавонон дар ҳайати гурӯҳи корӣ зимни сафар ба Федератсияи Россия, дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии техникии шаҳри Новосибирск бо донишҷуёни тоҷик, ки дар муассисаҳои гуногуни ин шаҳр таҳсил мекунанд, вохӯрӣ анҷом доданд.

Зимни вохӯрӣ бо ҷавонону донишҷӯён, иштирокчиён оиди сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлату ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти дастгирии ҷавонон, фароҳам овардани шароитҳои зарурии таҳсилу такмили дониш, баланд бардоштани нақши ҷавонон дар тамоми соҳаҳои ҷомеа ибрози назар карда шуд.
Қайд гардид, ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон соли 2017 -ҳамчун «Соли ҷавонон» эълон гардид, ки дар партави таваҷҷӯҳи Сарвари давлат то ин муддат чорабиниҳои зиёди сиёсию фарҳангӣ, маданию варзишӣ-оммавӣ ташкил ва баргузор гардида, минбаъд низ бо маром идома хоҳанд ёфт. Ҷавонон – ояндасози Ватан буда, пешрафти ҷомеаи мо аз илму дониши андӯхтаи онҳо, кӯшишу талошҳои ободкоронаи онҳо вобастагӣ дорад.

Дар рафти вохӯрӣ як қатор донишҷӯён зимни суханронӣ, иброз доштанд, ки ҷавобан ба дастгирию ғамохориҳои давлату Ҳукумат тамоми ҷаҳду кӯшиши худро ҷиҳати андӯхтани илму дониш, аз худ намудани забон ва технологияи нав равона сохта, баҳри ободии диёри хеш ҳамеша омодаанд. Дур аз Ватан, ҳамеша дар ёди Ватан ва пайвандони хеш буда, дар муттаҳидӣ ва якҷо бо дигар ҳамватанон пешбарандаи одобу фарҳанги худ дар ин сарзамин мебошанд.
Пас аз анҷоми вохӯрӣ, гурӯҳи ҷавонони тоҷик дар шаҳри Новосибирск аз ошхонае дидан намуданд, ки ба як ҳамватани мо Раҷабов Муҳаммад, ки муддати муайян бо соҳибкорӣ машғул аст, тааллуқ дорад. Дар ин ошхона беш аз 100 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кору фаъолият доранд.
Аз рафти сафар ва силисилавохӯриҳои ҷавонон дар Федератсияи Россия иловатан иттило дода мешавад.
Гул Маҳбуба, Хусрав Солеҳов. 


You have no rights to post comments



Рӯйдодҳо

  • Боздошти марди 29-сола бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи ....

    27.02.2020 10:45
  • Ҳолатҳои рух додани садамаҳои нақлиётии марговар

    Рӯзи 25-уми феврали соли 2020, тахминан соати 20:00, ронандаи автомашинаи ....

    27.02.2020 10:43
  • Ошкор шудани ҷиноятҳои қаллобӣ

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда ....

    26.02.2020 10:48
  • Боздошти зани 27-сола бо гумони ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 27-солаи ....

    26.02.2020 10:46
  • Рух додани ду садамаи нақлиётии марговар

    Рӯзи 25-уми феврали соли 2020, тахминан соати 22:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    26.02.2020 10:43
  • Боздиди волидон аз шароити хизматии фарзандон дар қисмҳои ҳарбӣ

    Бо мақсади шиносоии волидон аз шароити буду бош ва хизмати ....

    25.02.2020 17:10
  • Бо корд захмӣ намудани ҷавони 28-сола

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи ....

    25.02.2020 10:08
  • Ошкор шудани ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 27-солаи ....

    25.02.2020 10:06
  • Рух додани садамаҳои нақлиётии марговар дар ноҳияҳои Деваштич ва Ёвон

    Рӯзи 24-уми феврали соли 2020, тахминан соати 16:00, ронандаи автомашинаи ....

    25.02.2020 10:04
  • Суғд: Семинар-машварат ҷиҳати такмили фаъолияти дастаҷамъонаи мақомотҳои таъмини амният

    Дар Раёсати ВКД дар вилояти Суғд тибқи нақша чорабиниҳои Шуъбаи ....

    24.02.2020 16:53
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonuno

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика