Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи корӣ дар мақомоти милитсияи шаҳри Исфара

Дар доираи сафари кории хеш сардори РВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон дар шаҳри Исфара ба Шуъбаҳои 1-ум ва 2-юми ВКД дар шаҳри мазкур ташриф оварда, аз раванди корҳои ободониву созандагӣ ва фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилӣ шинос гардид. 

Сипас дар толори маҷлисгоҳи шуъбаҳои милитсияи шаҳр бо иштироки роҳбарони шуъбаҳои дастгоҳи Раёсат, намояндагони ҷузъу томҳои ВКД дар шаҳри Исфара ва ҳайати шахсии ШВКД-1 ва ШВКД-2 дар шаҳри Исфара ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар оғози ҷаласа нахуст масъалаи иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 24 марти соли ҷорӣ дар машварати корӣ ба мақомоти корҳои дохилӣ ҷиҳати таъмини волоияти қонун, тартибот ва амнияти ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ иброз намуда буданд, мавриди баррасӣ ва чораҷӯии амиқ қарор дода шуда, дар ин самт дастурҳои иловагӣ аз ҷониби сардори РВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Шариф Назарзода роҳандозӣ карда шуд.
Дар идомаи ҷаласаи корӣ фаъолияти гурӯҳҳои кории амалиёти маърифативу пешгирикунандаи “Маданияти шаҳрдорӣ”, дастовард ва камбудиҳои ҷойдошта, вазъи ҷинояткорӣ дар давраи 4 моҳу 15 рӯзи соли ҷорӣ, пешгирии садамаҳои роҳу нақлиётӣ, хушмуомилагӣ, муносибати хуби кормандони милитсия бо мардум, сари вақт ба қайд гирифтани ҷиноятҳо ва раванди корҳои ободониву созандагӣ дар мақомотҳои милитсия мавриди муҳокимаронӣ қарор дода шуда, роҳбарони масъули шуъбаҳои дастгоҳи Раёсат оиди фаъолияти зердастонашон ва дастоварду камбудиҳои ҷойдошта ҳисобот доданд. Дар натиҷа фаъолияти Шуъбаҳои 1 ва 2-и ВКД дар шаҳри Исфара аз ҷониби роҳбари мақомоти корҳои дохилии вилоят қаноатбахш баҳогузорӣ гардид.

Дар ҷаласаи корӣ таъкид карда шуд, ки танҳо ба шарофати ҳушёриву зиракӣ, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, садоқат ва меҳру муҳаббати бепоён ба обу хоки диёри маҳбубамон мо метавонем ҳамчун як нерӯи тавоно тамоми мушкилоти мавҷудаи ҷомеаро бартараф, тартибот ва амнияти ҷамъиятӣ, зиндагии орому осуда, бехатарии худ ва аҳли ҷомеаро таъмин намоем.
Шариф Назарзода дар анҷоми ҷаласаи корӣ зикр намуд, ки кормандони милитсия бояд бо дарки баланди масъулият, ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлол, таъмини суботу амният, пешгирӣ ва мубориза алайҳи ҷинояткориро вазифаи муқаддас ва аввалиндараҷаи хеш ҳисобида, кӯшиш ба харҷ диҳанд, то ки фазои орому осудаи Ватани маҳбубамон халалдор нагардад.
Муҳсин Юсупов, Хуҷанд-Исфара-Чоркӯҳ-Хуҷанд. 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика