Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мастчоҳ: Муборизаи дастаҷамъона зидди ҷинояткорӣ

Субҳи имрӯз (05.05.2017) дар Қасри фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ мулоқоти озоду ошкоро ва вохӯрии навбатии роҳбарияти РВКД дар вилояти Суғд ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ дар вилояти Суғд бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии ноҳияи Мастчоҳ баргузор гардид. 

Дар мулоқот раисони ҷамоатҳо, директорони мактабҳо, имомхатибони масҷидҳо, намояндагони соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва кумитаи маҳалаҳо иштирок намуданд.
Нахуст филми мустанади ҳадафи тарбиявидоштаи «Ворисони Аҳриман», ки аз ҷониби Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд омода шуда, аз ҳаёти талхи ҷавонони гумроҳшуда ва тақдири минбаъдаи онҳо, ҳадафҳои ғайридинӣ ва ғайриинсонии ашхоси бо ҷурми пайвастан ба ҳизбу ҳаракат ва равияҳои ифротӣ боздошттшуда, тақлидкорӣ ба фарҳанг ва тамаддуни ғайр ва бегонапарастӣ қисса менамуд, ба намоиш гузошта шуд.
Дар оғози мулоқот раиси ноҳияи Мастчоҳ Азиззода Ғайрат ҷиҳати титбиқ ва иҷроиши «Барномаи вилояти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар вилояти Суғд барои солҳои 2016-2017» суханронӣ ва оиди тадбирҳои андешидашудаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар самти мазкур ҳарф зад. Номбурда ҳамчунин аз робитаи зич ва ҳамкории милитсия бо мардуми ноҳия сухан ронда, саҳми ду қувваи бузургро дар пешгирӣ ва пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҷомеа назаррас арзёбӣ намуд.
Сипас, сардори Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон дар маърӯзаи хеш масъалаҳои ташвишовар: вазъи ҷинояткорӣ дар давраи солҳои 2011-2016 ва 4 моҳи соли ҷорӣ, рафти баргузории амалиёти профилактикӣ ва маърифатии «Маданияти шаҳрдорӣ», иҷроиши нокифояи муқаррароти Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», содиршавии садамаҳои роҳу нақлиётӣ ва ҷинояткорӣ дар заминаи муноқишаҳои оилавиро мавриди таҳлили амиқ қарор дода, бо истифода аз намоиши слайдҳо суханронӣ намуд.
Таҳкими маърифату маданият ва волоияти қонун дар муносибатҳои оиладорӣ, баланд бардоштани масъулият ва саҳми падару модар дар омода ва тарбия намудани фарзандон дар рӯҳияи ватандустиву хештаншиносӣ, таъмини пойдориву устувории оилаҳо, алалхусус оилаҳои ҷавон, паст намудани шиддатнокии вазъи ҷинояткорӣ, риояи ҳатмии қоидаҳои ҳаракати роҳ, баланд бардоштани маърифати бозорнишинӣ ва арҷгузорӣ ба фарҳанг ба арзишҳои миллии халқи тоҷик аз паҳлӯҳои дигари мулоқоти роҳбарияти мақомоти корҳои дохилии вилоят бо аҳолии ноҳияи Мастчоҳ ба ҳисоб рафт.
Дар мулоқот таъкид карда шуд, ки танҳо ба шарофати ҳушёриву зиракии сиёсӣ, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, садоқат ва меҳру муҳаббати бепоён ба обу хоки диёри маҳбубамон метавонем ҳамчун як нерӯи тавоно тамоми мушкилоти мавҷудаи ҷомеаи имрӯзаро бартараф, тартибот ва аминияти ҷамъиятӣ, зиндагии орому осуда, бехатарии худ ва аҳли пайвандонамонро таъмин намоем.

Дар анҷоми суханронӣ Шариф Назарзода аз масъулини мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти давлатӣ, пирони соҳибтаҷрибаву рӯзгордида, ходимони дин, сарварони муассисаҳои таълимӣ, ашхоси обрӯманди кумитаву маҳаллаҳо, даъват ба амал овард, ки барои решакан намудани ҷинояткорӣ, аз байн бурдани зуҳуроти номатлуб, пойдории солимии ҷомеа, ҳамчунин аз ҷиҳати маърифативу ҳуқуқӣ ва маданияти шаҳрдорӣ намунавӣ муаррифӣ намудани ноҳияи Мастчоҳ камари ҳиммат банданд.
Дар қисмати муҳокимарониҳо якчанд нафар сокинони ноҳия суханронӣ намуда, иқдоми роҳабарияти мақомоти корҳои дохилиро дар баргузор намудани мулоқоти мазкур ва суҳбати озоду ошкоро шоистаи таҳсин баён намуданд. Ҳамчунин зимни суханрониҳояшон ҳамрайъии худро ҷиҳати корбарӣ бо гурӯҳҳои фаъоли корӣ дар ҳудуди ноҳия дар доираи амалиёти маърифатии “Маданияти шаҳрдорӣ” иброз доштанд.
Вохӯрии мазкур бо дастурдиҳии Раиси ноҳия ҷиҳати дар маҳалҳо ба мардум расонидани мӯҳтавои мулоқот ва коргузорӣ дар минтақаҳо хотима ёфт.
Муҳсин Юсупов, лейтенанти калони милитсия 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика