Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Намоиши техника ва таҷҳизоти оташнишонӣ дар пойтахт

Имрӯз (05.05.с.2017), бахшида ба «Соли ҷавонон», инчунин ба муносибати ҷашнгирии Иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва 20-солагии «Ваҳдати миллӣ» дар Варзишгоҳи машқӣ-таълимии Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе намоиши техника ва таҷҳизоти оташнишонии Хадамоти давлатии оташнишонии гарнизони Душанбе баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе Зувайдов М.М., роҳбарияти СХДО ВКД, РХДО шаҳри Душанбе ва дигар шахсони масъули мақомоту хадамотҳои даъватгардида, инчунин хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсейҳои пойтахт иштирок намуданд.
Аз тарафи мутахассисони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ва Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе ба меҳмонон дастоварду комёбиҳои Хадамоти мазкур дар давраи Истиқлолият, рушду нумӯи базаи моддӣ-техникӣ, ҳолати омодабошӣ ва иқтидору имкониятҳои қувваю воситаҳои асосӣ ва махсуси Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷкистон дар мубориза бо сӯхтор ва дигар ҳолатҳои фавқулоддаву техногенӣ намоиш дода шуд.
Бо маҳорати баланди касбӣ иҷро намудани машқҳои махсуси тактикӣ-оташнишонӣ, аз тарафи кормандони ҷавони ХДО, ҷиҳати бартарафсозии ҳодисаҳои сӯхтор дар биноҳои баландошёна, наҷоти одамон аз ошёнаҳои баланд, худнаҷотдиҳии оташнишонон, хомӯш намудани нақлиёти оташгирифта ва баровардани мусофирони ҷароҳатбардошта аз дохили он, тарзу усулҳои истифодабарии самараноки милҳои гуногуни обукафкпошандаи соҳавӣ ба ҷамъомадагон хеле писанд омад.

Тамошобинон бо қарсакзаниҳои бардавоми хеш ба тамоми кормандони Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД аҳсану офарин гуфта, бори дигар боварӣ ҳосил намуданд, ки Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар ҳама ҳолатҳо барои ҳифзи ҳаёту саломатии шаҳрвандон ва молу мулки хусусию давлатӣ аз сӯхтор дар ҳолати хуби омодабошӣ қарор дорад.
Боиси тазаккур аст, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ барои шароити хуби корӣ фароҳам овардан ба кормандони ҷавон ва пешбарии онҳо ба вазифаҳои баланд пайваста таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда мешавад. Зеро ҷавонон нерӯи созанда ва пешбарандаи ҷомеа мебошанд. Таваҷҷӯҳ ба ҷавонон маънии рӯ овардан ба ояндаи кишвар ва миллатро дорад. Бинобар ин ҳоло шумораи зиёди кормандони ХДО-ро ҷавонон ташкил дода, онҳо бо меҳнати ҳалолу касбияти баланди хеш вазифаҳои дар наздашон гузошташударо доимо сарбаландона иҷро намуда, ҷиҳати пешгирӣ ва хомӯш намудани сӯхтор, инчунин сари вақт бартараф намудани ҳамагуна ҳодисаҳои фавқулоддаю техногенӣ доимо дар ҳолати хуби омодагӣ мебошанд.
КароматуллоАбдуллоев, Толиб Ҳаётов, СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон  


You have no rights to post comments



Рӯйдодҳо

  • Бо корд захми намудани марди 26-сола аз сабаби муноқишаи ба ....

    Рӯзи 5-уми июни соли 2020, тахминан соати 9:00, марди 26-солаи ....

    06.06.2020 10:19
  • Ошкор шудани дуздии якчанд намуд телефонҳои гуногунтамға

    Ба ШВКД-1 двр шаҳри Исфара бо ариза марди 29-солаи сокини ....

    06.06.2020 10:16
  • Вазифаи мо хизмат ба мардум аст.

    Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини суботу оромӣ, ....

    06.06.2020 08:12
  • Дар заминаи ҷангу ҷанҷол бо корд захми намудани падар аз ....

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 63-солаи сокини ....

    05.06.2020 09:15
  • Ошкор шудани кирдори қаллобӣ

    Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 37-солаи сокини ....

    05.06.2020 09:14
  • Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ноҳияи Шаҳристон

    Рӯзи 4-уми июни соли 2020, тахминан соати 14:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    05.06.2020 09:13
  • Барқарор намудани дарахти ороишӣ аз ҷониби ронанда баъд аз садамаи ....

    Ободиву созандагӣ мақсаду мароми давлату Ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад. ....

    04.06.2020 11:34
  • Ошкор шудани дуздии блоки системавӣ

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза ҷавони 21-солаи сокини ....

    04.06.2020 10:00
  • Дар амри ватандорӣ ташаббускорӣ ва масъулиятшиносӣ

    Дар ҷавоб ба муроҷиати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, ....

    03.06.2020 09:25
  • Сайди моҳӣ дар давраи тухмгузорӣ ҷавобгарӣ дорад!

      Дар давраи тухмгузории моҳӣ сайд намудани ин намуд ҳайвоноти обиро ....

    03.06.2020 09:21
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • ТАВАҶҶУҲ!!!

    Ба ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ расонида мешавад, ки ҳангоми ....

    02.05.2020 17:50
  • Эълон!

    Шуъбаи махсуси карантинии милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст, ....

    20.04.2020 11:13
  • Эълон барои қабули мутахассисони соҳавӣ

    Раёсати ташхисӣ (эксперт) - криминалистии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ....

    17.04.2020 13:16
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonun

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика