Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ ҷиҳати пешгирии сатҳи ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ

Таҳкими ҳамкорӣ миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мактабу маориф аз масъалаҳоест, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дарҷ гардидааст. Ҳамин аст, ки дар асоси нақша-чорабиниҳои муштараки Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати маориф ва илм, дар муассисаҳои таълимӣ пайваста вохӯриҳои кормандони милитсия бо омӯзгорону толибилмон гузаронида мешаванд, ки тавре аз таҳлилҳо бармеояд, ин гуна чораандешиҳо ба коҳиш ёфтани сатҳи ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ миёни ҷавонон мусоидат намуда, ба баланд гардидани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ таъсири мусбат мерасонад. 

Дар робита ба ин, чанд рӯз пеш дар шаҳри Қӯрғонтеппа вохӯрии кормандони милитсия бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав, Коллеҷҳои тиббию омӯзгорӣ ва Литсейи касбӣ-техникии ин шаҳр баргузор гардид, ки онро бо сухани ифтитоҳӣ муовини ректори ин донишгоҳ профессор Қ. Абдураҳимов ҳусни оғоз бахшид.
Сипас, дар вохӯрӣ бо роҳбарият ва ҳайати устодону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии мазкур кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони (ХПҲНҶ) Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ва воҳидҳои марбутаи он дар вилояти Хатлон иштирок намуда, бобати мавзӯъҳои доғи рӯз ибрози андеша карданд.
Дар ин ҷамъомад корманди ХПҲНҶ ВКД, лейтенанти калони милитсия Акобир Саидов оид ба сабабу омилҳои ба сафи гурӯҳу ҳаракатҳои иртиҷоӣ пайвастани баъзе ҷавонон, хатари терроризму экстремизм дар замони имрӯз ва иштироки бархе ҷавонони тоҷик дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи кишварҳои хориҷӣ изҳори назар намуд.
Нозири шуъбаи ҷавонони ХПҲНҶ, лейтенанти калони милитсия Меҳрубон Каримов бошад, зимни суханронии худ ба вазъи ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, аз ҷумла донишҷӯён, масъалаи таълиму тарбияи онҳо ва сатҳи маърифату фарҳанги ҳуқуқии донишҷӯён дахл намуда, зикр сохт, ки ҷавонон бояд аз ҳар лаҳзаи донишҷӯӣ истифода намуда, кӯшиш ба харҷ диҳанд то илмҳои замон ва забонҳои хориҷиро азхуд намоянд.
Дар идомаи вохӯрии судманд, ҳамчунин сардори ХПҲНҶ РВКД дар вилояти Хатлон, подполковники милитсия Маҳмадалӣ Салимов, донишҷӯёни фаъол, аз ҷумла роҳбари гурӯҳи ҷавонони «Авангард»-и вилояти Хатлон Меъроҷ Ғуломов баромад намуда, оид ба ватандориву меҳандӯстӣ, ташаббусҳои арзандаи Пешвои миллат дар самти дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон, фароҳам овардани шароитҳои илмомӯзӣ дар донишгоҳу донишкадаҳо ва «Соли ҷавонон» эълон гардидани соли 2017 маърӯзаҳо карданд.
Дар фарҷоми вохӯрии кормандони милитсия бо устодону донишҷӯён, вобаста ба мавзӯъҳои баррасишуда табодули афкор сурат гирифт. Тавре масъулини муассисаҳои олии таълимии мазкур иброз намуданд, баргузории чунин чорабиниҳо аз ҳар ҷиҳат барои ҷаҳонбинии ҷавонон судманд буда, минбаъд низ кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки чунин вохӯриҳо бо иштироки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пайваста гузаронида шаванд.
Абдулло ШОЕВ, нозири калони гурӯҳи матбуотии ХПҲНҶ ВКД ҶТ, капитани милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика