Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии мақсадноки кормандони милитсия дар Донишгоҳи Кӯлоб

Дар асоси нақша-чорабиниҳои муштараки Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати маориф ва илм, дар муассисаҳои таълимӣ пайваста вохӯриҳои кормандони милитсия бо омӯзгорону муҳассилин гузаронида мешаванд. Тавре аз таҳлилҳо бармеояд, ин гуна чораандешиҳо ба коҳиш ёфтани сатҳи ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ миёни ҷавонон мусоидат намуда, ба баланд гардидани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ таъсири мусбат мерасонад.
Ҳамин аст, ки чанд рӯз қабл кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони (ХПҲНҶ) Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати таъмини иҷроиши талаботи таҳсил дар мактабҳои олӣ дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ чорабинии мақсаднок гузаронида, бо шароити таҳсил ва омадурафти донишҷӯён ба дарсҳо аз наздик шинос шуданд.
Мавриди зикр аст, ки ин мактаби олӣ яке аз муассисаҳои таълимии куҳани ҷумҳурӣ дар самти тайёр намудани аввалин кадрҳои омӯзгорӣ маҳсуб меёбад. Бояд гуфт, тавре аз мушоҳидаҳо аён гардид, бо шарофати саъю кӯшиши маъмурияти ин донишгоҳ қоидаҳои таълиму тадрис дар ин муассисаи пурнуфузи таҳсилоти олӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, тамоми талаботҳои таҳсил дар мактабҳои олии кишвар дар ин ҷо риояву иҷро мешаванд.
Дар суҳбат бо маъмурияти ин донишгоҳ кормандони милитсия оид ба паҳлӯҳои гуногуни Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи маориф» ва «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» андешаронӣ карда, изҳор намуданд, ки ин санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ тамоми ҷонибҳои масъулро вазифадор менамоянд, ки нисбати саломатӣ, инкишофи ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии ҷавонон ғамхорӣ карда, онҳоро дар рӯҳияи ватанпарварӣ, эҳтироми падару модар, риояи арзишҳои милливу умумибашарӣ тарбия намоянд. Тавре қайд карда шуд, донишгоҳ барои ҳар як ҷавон макони омӯзиши илму дониш ва маркази таълиму тарбия мебошад. Омӯзгорони он бошанд, дар навбати худ ҷаҳонбинӣ, ҳисси ватандӯстиву зебоипарастӣ ва одобу ахлоқи ҳамидаи донишҷӯёнро такмил медиҳанд.
Дар навбати худ, зимни сӯҳбат бо кормандони милитсия, масъулини Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб зикр намуданд, ки баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ дар муассисаҳои олии таълимӣ боиси дастгирӣ буда, чунин чораандешиҳо барои пешгирии паҳншавии амалҳои номатлуб дар байни ҷавонон, хусусан донишҷӯён таъсири мусбат мерасонад.
Абдулло ШОЕВ, нозири калони гурӯҳи матбуотии ХПҲНҶ ВКД ҶТ, капитани милитсия 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика