Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дониш андар дил чароғи равшан аст ….

«Дониш чароғи ақл буда, барои инсон мояи манбаи фазлу камол ба шумор меравад. Шахси донишманд ва бофазлу хирад дар ҳама давру замон дар майдони набард ба душвориҳо рӯ ба рӯ гардида, пирӯзӣ ба даст меорад. Зеро дониш инсонро бо роҳи росту самарабахш раҳнамун сохта, метавонад ӯро соҳибкору соҳибмаълумот ва соҳибиззат бигардонад», - чунин суханони муфид дар баромадҳои иштирокчиёни вохӯрӣ, дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар назди хонандагони ин мактаб садо доданд.

Дар ин вохӯрӣ, ки имрӯз (03.05.с.2017), дар доираи ҳамкориҳои судманди Вазорати корҳои дохилӣ бо муасссисаҳои таълимии кишвар доир гардид, кормандони Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД: сардори шуъбаи кор бо ҳайати шахсӣ, полковники милитсия Исмоил Салимов, сардори шуъбаи ташкилӣ, таҳлилӣ ва кор бо воҳидҳо, подполковники милитсия Манучеҳр Икромзода ва нозири калони шуъбаи тайёрии кадрҳо, майори милитсия Саидҷон Сафаров иштирок намуданд.
Ҳамоишро директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №5 Сайдалӣ Қурбонов ҳусни оғоз бахшида, аз иқдоми пешгирифтаи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар самти ба роҳ мондани ҳамкориҳои зич бо муассисаҳои таҳсилотӣ изҳори қаноатмандӣ намуд. Мавсуф аз ҷумла қайд намуд, ки саҳми кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва қонуншиканӣ, тарбия ва ба роҳи дуруст ҳидоят намудани наврасону ҷавонон беандоза буда, чунин иқдом аз сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи роҳбари давлат манша мегирад.
Давлату ҳукумати кишвар ҷиҳати беҳдошти шароити таҳсилу таълим тамоми чораҳои заруриро меандешад, ки бунёди бинову иншоотҳои таълимии ҷавобгӯ ба замони муосир, мактабу донишгоҳҳо, таъмини таҷҳизоти компютерию асбобу анҷоми хониш, таҳкими робитаҳо бо дигар кишварҳо шаҳодати ин гуфтаҳоянд.

Сипас, сардори шуъбаи ташкилӣ, таҳлилӣ ва кор бо воҳидҳо подполковники милитсия Манучеҳр Икромзода баромад намуда, оид ба вазъи ҷинояту ҳуқуқвайронкунӣ дар байни наврасону ҷавонон, оқибатҳои рафтору кирдорҳои номатлуби бархе аз ҷавонон, ки боиси доғ овардан ба номи худ ва наздикону пайвандон мегарданд, масъулияти волидайн ва омӯзгорон дар ин самт ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳ ибрози назар намуд.
Қайд гардид, ки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бояд фурсатро ғанимат шумурда, рӯ ба донишу хирад, одобу ахлоқи ҳамида биоваранд. Чунки барои зиндагии шоиста ва соҳибобрӯ гаштан дар ҷомеа, илму дониш, хирад ва хулқу атвори хуб маҳаки пешбаранда мебошад. Тавре бузургони илму адаб фармудаанд:
Илм чандон, ки бештар хонӣ,
Чун амал дap тy нест нодонӣ...
Ин нуктаро нозири калони шуъбаи тайёрии кадрҳо майори милитсия Саидҷон Сафаров зимни баромади хеш муҳим арзёбӣ намуда, аз хонандагон даъват ба амал овард, ки дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намуда, ба омӯхтани илму маърифат, забонҳои хориҷӣ майли бештаре варзанд
Дар хотимаи ин вохӯрӣ миёни иштирокчиён сӯҳбати озоду самимӣ сурат гирифта, масъулин ва толибилмони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз ин ҳамоиш ғизои маънавӣ бардоштанд.
Рухшона Шукурова, Хусрав Солиҳов  


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика