Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баррасии мушкилоти пешгирии ҷинояткорӣ дар шаҳри Хуҷанд

28-уми апрели соли 2017 бо ташаббуси роҳбарияти шӯъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд дар толори «Маркази фарҳанг» намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ - прокуратура, суд ва кумитаи амнияти миллӣ мушкилоти пешгирии ҷинояткориро бо иштироки доираи васеъи фаъолон баррасӣ намуданд.

Ҷаласаро раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода ифтитоҳ намуда, барои дар амал татбиқ намудани дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пешгирии ҷинояткорӣ иқдоми мақомоти корҳои дохилиро ба мақсад ва мувофиқ донист.
Вазъ ва дурнамои гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ-террористӣ, омилҳои таҳрикдиҳандаи он, пайрави ба урфу одати ғайримиллӣ ва дигар унсурҳои доғи ҷомеа, аз қабили таҳсили ғайриқонунии динӣ дар хориҷи кишвар, иштироки ҷавонон дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи дигар давлатҳо дар мисоли шаҳри Хуҷанд дар маърӯзаи прокурори шаҳр Арабшо Солеҳзода ироъа гардид. Гуфта шуд, ки бартарафсозии чунин амалҳои ба номи миллат доғоваранда ба манфиати аҳли ҷомеа нигаронида шуда ҳиссагузор будан қарзи шаҳрвандии ҳар яки мо мебошад.
Сардори шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд полковники милитсия Эмин Ҷалилзода дар баробари тафсилоти вазъи кунунии криминогении маркази маъмурии вилояти Суғд, ба самъи ҳозирин аз тадбирҷӯиҳои мақомоти милитсия маълумот дод. Дар баъзе мавридҳо риоя нагаштан ва аз мадди назар дур мондани меъёрҳои қонунҳои амалкунанда «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», падидаҳои истиробангезе ба мисли муноқишаҳои оилавӣ имрӯзҳо ҷомеаро водор месозад, ки бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкорӣ намоянд. Ҳамкории мардум бо милитсия такягоҳи устуворест, ки муқобили тамоми зуҳуроти номатлуб ҷинояткорӣ ва дигар ангезаҳои халадоркунандаи амнияту тартибот истодагарӣ карда метавонад. Чунин таҷриба дар шаҳри Хуҷанд самаранок ба роҳ монда шудааст. Амалиёти «Маданияти шаҳрдорӣ» мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҷомеаи шаҳрвандиро ба ҳам оварда, ҳамкории миёни онҳо тақвиёт ёфт. Натиҷаи мусбии он коҳиш ёфтани ҷинояткорӣ аст, ки моро ҳавасманд месозад, зикр дошт Э. Ҷалилзода.

Сардори факултети 4-уми Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Саидзода Зикрулло Алӣ оиди бо амалу рафтори ноҷо иснод овардан ба дин, бо мақсадҳои ғараз суйистифода шудани дини мубини ислом, меъёрҳои динӣ ҳамчун сарчашмаи қонун ва шафофияту покии исломи асил аз рӯи таълимоти мазҳаби Ҳанафӣ маъруза намуд. Андешаҳои ирфони хусусияти тарбиявидошта аҳли нишастро ба муттаҳидӣ, парҳез аз амалу рафтори бад ва муборизаи дастаҷамъона бар зидди ҷинояткорӣ ҳидоят менамуд.
Дар фарҷом бо қарори раиси шаҳр нафарони фаъол, барои ҳамкорӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ бо сипоснома ва туҳфаҳои арзишнок қадршиносӣ карда шуда, барои коргузорӣ дар маҳалҳо дастур дода шуд.

Акбар Шарифов капитани милитсия 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика