Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зи дониш бувад кори гетӣ ба соз

Сар задани муноқишаҳои байни мактаббачагон, бемасъулиятии баъзе аз падару модарон нисбати имрӯзу фардои фарзандон ва оворагардиву ҳуқуқвайронкунии ноболиғон боис гардидааст, ки робитаи мақомоти корҳои дохилӣ бо мактабу маориф вусъати тоза касб намояд. Бо назардошти ин нукта, дар муассисаҳои оливу миёнаи касбӣ пайваста суҳбату вохӯриҳои кормандони милитсия гузаронида мешавад, ки ба манфиати кор хоҳад буд.

Дар оғози вохӯрии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №95-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе директори ин муассиса Ибодат Бозорова аз ин иқдом миннатдорӣ изҳор намуда, зикр кард, ки таълиму тарбия ҳамкории густурдаи байни сохторҳоро талаб менамояд. Аз ин хотир, баҳри бештар намудани робита бо нозирони минтақавии милитсия дар муассисаи таълимии мо ҳуҷраи алоҳида ҷудо гардидааст, ки дар ҳолатҳои зарурӣ онҳо метавонанд барои раҳнамоии хуби насли наврас бо падару модарони мактаббачаҳо суҳбатҳои инфиродию корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд. Инчунин, дар ҷаласаҳои пагоҳирӯзӣ ширкат варзида, атрофи мавзӯю масоили мубрами рӯз баромадҳо намоянд.
Дар тақвияти суханони боло муовини сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии Вазорати корҳои дохилӣ, полковники милитсия Ҷалолиддин Садриддинов дар бораи одобу ахлоқи ҳамида сухан ронда, вазъи ҷинояткориро дар байни наврасону ҷавонони ҷумҳурӣ таҳлил карда, бо боварӣ афзуд, ки ҳамкории мо дар ҷодаи таъмини ободиву суботи ҷумҳурӣ, пешгирии амалҳои номатлуб ва ҷинояткорӣ дар оянда боз ҳам тақвият меёбад. Чунки таълиму тарбия, аз худ кардани донишу маърифат ва касбу ҳунар яке аз масъалаҳои асосии давлату миллат дар назди мактаббачагону донишҷӯёни макотиби олӣ ба ҳисоб меравад.
- Имрӯз яке аз вазифаҳои асосие, ки дар назди наврасону ҷавонон меистад, ин бо дониши хубу аъло таҳсил намудан, ахлоқу интизоми намунавӣ доштан, дар оянда соҳиби маълумот ва касбу ҳунар гардидан аст, зеро бе дониши мукаммал ва истеъдоду ҳунар ба мартабаи баланд ва ҷое расидан ғайриимкон аст, - илова намуд Ҷ. Садриддинов.
Таваҷҷуҳу ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар он зоҳир мегардад, ки наврасону ҷавонон дар ҷомеа мавқеи худро дошта, бо лаёқату маҳорати кордонӣ на танҳо барои худ, балки барои давлат ва рушду инкишофи ҷомеае, ки дар он зиндагӣ мекунанд, бояд саҳмгузор бошанд. Аз ин хотир, ҳамасола ҷиҳати баланд бардоштани таълиму тарбияи наврасону ҷавонон, маърифатнокии аҳли ҷомеа даҳҳо муассисаҳои таълимӣ, фарҳангию фароғатӣ ва толору маҷмааҳои варзишӣ сохта ба истифода дода мешавад, ки мо аз он самаранок истифода мебарем.
Ҳамаи дастгирию ғамхориҳои Сарвари давлат ба хотири боло бурдани маърифат ва лаёқату истеъдоди насли солиму созанда ва бунёдкор мебошад, то бо аз худ намудани илму дониш ба манфиати давлату миллат софдилонаву содиқона хизмат намоянд.

Ба андешаи ин мутахассиси мақомоти корҳои дохилӣ, содир гардидани ҷиноят ва дигар амалу кирдорҳои номатлуб аз тарафи мактаббачагон ва ҷавонон аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Аз тарафи бархе аз падару модарон ва шахсони парастор ба ояндаю тарбияи фарзандон бемасъулиятӣ ва хунукназарӣ зоҳир карда мешавад. Хусусан, содир гардидани ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ дар байни толибилмони муассисаҳои таълимӣ на танҳо падару модар ва омӯзгорон, балки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботро ба ташвиш овардааст.
Дар муддати се моҳи соли равон аз тарафи ноболиғон 226 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 ҷиноят зиёд мебошад. Аз тарафи ноболиғон ҷиноятҳои қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ, дуздӣ, қаллобӣ, ғоратгарӣ, авбошӣ ва дигар ҷиноятҳо ба қайд гирифта шудааст.
Дар идома ҳолати садаманокӣ ва дигар амалу кирдорҳои номатлуб миёни наврасону ҷавонон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, Ҷ.Садриддинов хонандагонро бори дигар ба илмомӯзиву маърифатнокӣ даъват намуд.
Дар рафти вохӯрӣ омӯзгори фанни забонҳои хориҷии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №95-и ноҳияи Сино Шоира Алиева суханронӣ намуда, миннатдории хешро ба Пешвои миллат барои фароҳам овардани имкониятҳои мусоид баҳри кору фаъолияти ҷавонон ва ҳамкориҳои судманд расонид.
- Мо устодони ҷавон суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пешаи кори худ намуда, кӯшиш мекунем, ки хонандагонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ҳуввияти миллӣ тарбия намоем. Пешвои миллат имрӯзҳо ба ҷавонон диққати махсус дода, соли 2017-ро «Соли ҷавонон» эълон карданд, ки ин иқдом аз мо, ҷавонон масъулияти баланди ватандориро талаб менамояд. Мо, насли ҷавон бояд ҷавобан ба ғамхорӣ ва боварии Роҳбари давлат дониши худро сайқал дода, барои ободонии кишвар саҳмгузор бошем.
Дар охир ҳайати устодону хонандагони ин муассисаи таълимӣ аз чунин як вохӯриву суханони таъсирбахш шод гардида, арзи сипоси худро барои ҳамкориҳои пайваста ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ расониданд.
Наврӯз ҶОБИРОВ, Тоҷиддин ЛАТИПОВ 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика