Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суғд: Мулоқот бо мақсади коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 24 марти соли ҷорӣ дар мулоқот бо масъулини мақомотҳои дахлдори вилояти Суғд оиди коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ дар вилоят ва дар ин замина пурзӯр намудани корҳои маърифативу пешгирикунанда ба мақомоти корҳои дохилӣ баён намуда буданд, роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд чораҳои таъхирнопазир андешида, дар ин радиф вохӯрии хешро дар доираи амалиёти профилактикӣ ва маърифатии «Маданияти шаҳрдорӣ» бо фаъолони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор намуд. 

Мулоқоти мазкур дар толори бошукӯҳ ва таърихии «Қасри Арбоб»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доир гардида, масъулини мақомоти корҳои дохилии вилоят ва ноҳия, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, фаъолон, раисони ҷамоатҳо, имомхатибони масҷидҳо, директорони мактабҳо, гурӯҳҳои тарғиботии назди мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони соҳаҳои тандурустӣ, фарҳанг, маориф, сохтмон ва саноат иштирок намуданд.
Дар вохӯрӣ нахуст раиси ноҳияи Б.Ғафуров Зариф Назирӣ суханронӣ намуда, ташаббуси РВКД дар вилояти Суғдро ҷиҳати дар сатҳи баланди касбӣ ташкил намудани амалиёти маърифативу пешгирикунандаи «Маданияти шаҳрдорӣ» ва ҳамкории судманди мақомоти милитсия бо мардумро ҷиҳати пешгирии ҷинояткорӣ ва коҳиш гардидани сатҳи ҷинояткорӣ иқдоми назаррас арзёбӣ намуд.
Сипас сардори РВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон суханронӣ намуда, иштирокдорони мулоқотро бо «Соли ҷавонон» ва фарорасии «20 солагии Ваҳдати миллӣ» табрик намуда, аз ҳамкории мутақобилаи фаъолони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд дар ташкил ва баргузор намудани мулоқотҳо ва сӯҳбати ошкоро доир ба масъалаҳои пешгирии ҷинояткорӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, нақши пурсамар гузоштан дар ташаккули ҷомеаи солим назаррас арзёбӣ намуд.
Мавсуф зимни суханрониаш ҳамчунин аз саҳми ҷавонон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони соҳибистиқлол, дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти Ҳукумати мамлакат ҳарф зад. Аз ҷумла зикр намуд, ки рушди бомароми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамасола боло рафта, дар натиҷаи меҳнати фидокоронаи сокинонаш тайи солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон садҳо муассисаҳои истеҳсолӣ, фарҳангиву фароғатӣ ва иҷтимоӣ, маданиву маишӣ ва таълимӣ, варзишӣ ва ҳифзи саломатӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
Шариф Назарзода дар идомаи суханрониаш афзуд, ки новобаста аз беҳтар будани сатҳи зиндагии сокинони ноҳия кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, аз қабили ҷинояткорӣ, содиршавии садамаҳои роҳу нақлиётӣ бо оқибати марг ва унсуру падидаҳои ба миллат ва арзишҳои фарҳангии мо бегона ба чашм мерасад.
Номбурда дар идомаи суханронӣ ҷиҳати иҷрои нокифояи талаботҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», бо таҳсили ҳатмӣ фаро гирифта нашудани бархе аз ноболиғон ва дар заминаи беназоративу оворагардӣ даст ба ҷинояткорӣ задани онҳо ибрози андеша намуд.

Зикр гардид, ки бетарафии бархе аз шаҳрвандон нисбат ба вазъи ҷамъиятӣ - сиёсӣ ва оперативӣ - ҷиноии маҳал, авҷ гирифтани раванди воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни ҷомеа, ҷинояткории ҷавонон ва шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрави ифротгаро бо пешниҳоди РВКД дар вилояти Суғд аз ҷониби Раиси вилоят «Барномаи вилоятии мубориза бар зидди ҷинояткорӣ барои солҳои 2016-2017» қабул ва дар заминаи Барномаи мазкур амалиёти профилактикии «Маданияти шаҳрдорӣ» бо ҷалби намояндагони тамоми сохторҳои давлатӣ ва инстутҳои шаҳрвандӣ гузаронида мешавад.
Дар анҷоми суханронӣ Шариф Назарзода аз иштирокдорони мулоқот даъват ба амал овард, то дар пешгирии ҷинояткорӣ ва решакан намудани зуҳуроти ба фарҳанги миллӣ бегона муборизаи дастаҷамъона баранд.
Сокинони ноҳия низ зимни суханрониҳояшон иброз доштанд, ки дар доираи баргузории амалиёти профилактикии «Маданияти шаҳрдорӣ» фаъолона иштирок намуда, дар бартарафсозии мушкилоти ҷомеа ва кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ саҳми худро мегузоранд.
Муҳсин Юсупов, лейтенанти калони милитсия 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика