Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Бузургиро ба дониш метавон ёфт…

27 апрели соли ҷорӣ, вохӯрии роҳбарияти Академияи ВКД бо омӯзгорону хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №63-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе баргузор гардид. 

Дар вохӯрӣ муовини аввали сардори Академияи ВКД, генерал-майори милитсия Кабирзода Ҷӯрахон Ҳаким, сардори ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур, полковники милитсия Абдурасулзода Аскарҷон, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №63-и ноҳияи Шоҳмансур Зоирова Шамсия Амоновна, омӯзгорон, хонандагони мактаби мазкур ва курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Дар рафти вохӯрӣ муовини аввали сардори Академияи ВКД, генерал-майори милитсия Кабирзода Ҷӯрахон Ҳаким баромад намуда, иброз кард, ки ҷамъомади имрӯза дар доираи Нақша-чорабиниҳои якҷояи Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ амалӣ мегардад.

Кабирзода Ҷ.Ҳ. оид ба талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ибрози андеша намуда, доир ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, истифодаи телефонҳои мобилӣ аз тарафи ноболиғон, риояи қоидаҳои таҳсил ва тарзи либоспӯшии хонандагон, пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ бо иштироки онҳо изҳори андеша намуд.
Ҳамзамон оид ба эълон гардидани соли 2017 - «Соли ҷавонон» ва дастгириву ғамхориҳои рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати наврасону ҷавонон андешаҳо иброз гардида, зикр карда шуд, ки имрӯзҳо дар доираи ин ташаббуси Пешвои миллат дар саросари кишвар ҳар гуна чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ ва маърифатӣ гузаронида шуда истодаанд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ филми мустанади аз ҷониби Маркази матбуоти ВКД омодагардида «Сад пушаймонӣ аз Сурия» манзури иштирокчиёни вохӯрӣ гардонида шуд, ки аз ҳаёти он ҷавонони сабукандеше нақл менамуд, ки бо ҳар гунна роҳҳо танҳо ва дар баъзе ҳолатҳо ҳамроҳи аъзои оилаашон ба ин кишвари ҷангзада рафта буданд, вале баъди пушаймониҳои зиёд, бо мусоидати мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ба ватани аҷдодӣ баргардонида шуданд.
Дар интиҳои ҷамъомад байни иштирокчиён муҳокимаронӣ сурат гирифта, маъмурияти муассисаи таълимӣ аз ташриф ва ҳамкории кормандони милитсия ба муассисаи таълимии мазкур изҳори миннатдорӣ баён намуданд.
Ш. УБАЙДУЛЛОЕВ, О.САФАРОВ 


You have no rights to post comments



Рӯйдодҳо

  • Дар заминаи ҷангу ҷанҷол бо корд захми намудани падар аз ....

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 63-солаи сокини ....

    05.06.2020 09:15
  • Ошкор шудани кирдори қаллобӣ

    Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 37-солаи сокини ....

    05.06.2020 09:14
  • Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ноҳияи Шаҳристон

    Рӯзи 4-уми июни соли 2020, тахминан соати 14:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    05.06.2020 09:13
  • Барқарор намудани дарахти ороишӣ аз ҷониби ронанда баъд аз садамаи ....

    Ободиву созандагӣ мақсаду мароми давлату Ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад. ....

    04.06.2020 11:34
  • Ошкор шудани дуздии блоки системавӣ

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза ҷавони 21-солаи сокини ....

    04.06.2020 10:00
  • Дар амри ватандорӣ ташаббускорӣ ва масъулиятшиносӣ

    Дар ҷавоб ба муроҷиати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, ....

    03.06.2020 09:25
  • Сайди моҳӣ дар давраи тухмгузорӣ ҷавобгарӣ дорад!

      Дар давраи тухмгузории моҳӣ сайд намудани ин намуд ҳайвоноти обиро ....

    03.06.2020 09:21
  • Ошкор шудани ҷинояти дуздӣ

    Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 30-солаи сокини ....

    03.06.2020 08:59
  • Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ноҳияи Рудаки

    Санаи 1-уми июни соли 2020, тахминан соати 23:40 дақиқа, ронандаи ....

    03.06.2020 08:58
  • Ҷавоб ба хабарнигорон оид ба қазияи Ғурбатов Авазмат Умаралиевич (Абдулло ....

    Муроҷиати хабарнигор Ғурбатов Авазмат Умаралиевич (Абдулло Ғурбатӣ), ки рӯзи 29-уми ....

    02.06.2020 23:23
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • ТАВАҶҶУҲ!!!

    Ба ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ расонида мешавад, ки ҳангоми ....

    02.05.2020 17:50
  • Эълон!

    Шуъбаи махсуси карантинии милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст, ....

    20.04.2020 11:13
  • Эълон барои қабули мутахассисони соҳавӣ

    Раёсати ташхисӣ (эксперт) - криминалистии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ....

    17.04.2020 13:16
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonun

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика