Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таассуроти мактаббачагон аз вохӯрӣ бо кормандони милитсия

Имрӯз (27.04.с.2017), намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳои судманд бо муасссисаҳои таълимии кишвар дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №23-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо хонандагону омӯзгорони ин муассисаи таҳсилотӣ вохӯрӣ анҷом доданд.

Қабл аз оғози вохурӣ ба хонандагони мактаби миёна филми мустанади омоданамудаи Маркази матбуоти ВКД, таҳти унвони «Авбошӣ дар ноҳияи Сино ва оқибатҳои он» намоиш дода шуд. Дар филм сухан дар бораи кирдори якчанд наврасу ҷавони мактабҳои таҳсилоти миёнаи пойтахт меравад, ки бинобар дур гаштан аз таълиму таҳсил даст ба ҷинояти авбошӣ задаву, оқибат ба пушаймонӣ, марги чанд нафар ва паси панҷара рафтани дигар иштирокчиёни ин ҳодиса оварда расонидааст.
Дар вохӯрӣ муовини сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ, полковники милитсия Хушвахт Шарифзода баромад карда, вобаста ба ҳолатҳои даст ба ҷинояту қонуншиканӣ задани ҷавонону наврасон, алалхусус хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, роҳҳои ҳалли мушкилот ва тарғиби илму донишандӯзӣ суханронӣ намуд.
Зикр гардид, ки таълиму тарбияи дуруст, аз худ намудани донишу маърифат, касбу ҳунар ва одобу ахлоқи ҳамида яке аз самтҳои асосие мебошанд, ки диққати аввалиндараҷаи мактаббачагон, волидайни онҳо ва омӯзгорон бояд ба он равона карда шавад.
Мутаасифона, ҳодисаҳои вақтҳои охир, вобаста ба муноқишаҳои гурӯҳӣ миёни мактаббачагону ҷавонон ва содиршавии дигар кирдорҳои номатлуб боиси нигаронии ҷомеа гардидаанд. Бинобар ин, ҳар як фарди ҷомеа, алалхусус хонандагонро зарур аст, дар ин раванд бетараф набуда, дар пешгирии қонуншиканӣ ва ба роҳи каҷ рафтани наврасону ҷавонон - ҳамсолони худ саҳмгузор бошанд.
«Агар ин нафароне, ки даст ба ҷинояткорӣ ва дигар кирдорҳои номатлуб задаанд, бештар ба донишомӯзию илму адаб машғул мегаштанд, аз панду насиҳати бузургон бархӯрдор мебуданд, ҳаргиз ба чунин роҳ намерафтанд. Ҳар як кирдору амали зиште, ки аз ҷониби ноболиғону ҷавонон содир мегардад, ҷавобгарӣ дошта, дар дафтари зиндагӣ ҳамчун доғ боқӣ мемонад ва таъсири он ба наздикону пайвандонашон низ мерасад», - иброз дошт Хушвахт Шарифзода.
Хонандагон бояд аз корҳои беҳуда, шабгардӣ, тамошои филмҳои хусусияти зӯроваридошта канораҷӯӣ намуда, вақти қиммати худро ба таҳсилу варзиш, омӯхтани касбу ҳунар, аз худ намудани технологияи муосир ва забонҳои хориҷӣ сарф намоянд, то ки дар оянда дар ҷомеа соҳиби обрӯ ва номбардори падару модари худ гарданд.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Ҷавонон бояд хуб дарк намоянд, ки тақдири ояндаи халқу давлат ба дӯши онҳо гузошта шудааст. Ҳифзу обод кардан ва ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани Ватани ободу рушдёбанда масъулияти бузург дорад ва ҳар фарди ҷавонро вазифадор менамояд, ки ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстӣ кӯшишу талош намояд».

Кӯшишу ғайрати мақомоти милитсия низ дар ҳамкорӣ бо ҳайати устодону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилотии кишвар ба пешгирии ҷинояткорӣ ва содиршавии ҳуқуқвайронкунӣ миёни наврасону ҷавонон равона шуда, дар ин самт мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ ва сӯҳбату вохӯриҳои судманд гузаронида мешавад.
Дар хотима миёни иштирокчиёни вохӯрӣ суҳбати озоду самимӣ сурат гирифта, хонандагон ба саволҳои худ аз масъулини мақомоти милитсия посухи зарурӣ гирифтанд. Хонандагон дар сӯҳбат иброз доштанд, ки аз ин вохӯрӣ таасуроти хуби пандомезу тарбиявӣ бардоштанд.
Солиҳов Х.М., подполковники милитсия  


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика