Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Кӯшиши дастаҷамъона дар тарбияи насли наврас

Имрӯз (27.04.с.2017), вохӯрии муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом бо хонандагони Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 38, 80, 50 ва 56 - и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ, сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ, полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб, муовини сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Худоёров Фарҳод Табарович, мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Сино Носирзода Муқаддас Носир, директорони МТМУ рақамҳои 38, 80, 50, 56 ва хонандагони ин муассисаҳои таълимӣ иштирок доштанд.
Муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом зимни баромад қайд намуд, ки таълиму тарбия, аз худ намудани донишу маърифат ва касбу ҳунар аз масъалаҳои асосӣ дар назди мактаббачагон ва донишҷӯёни мактабҳои кишвар ба ҳисоб рафта, роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат дар назди сохторҳои дахлдор, бахусус мактабу маориф, волидон ва ҷомеа вазифа гузоштааст, ки ба ин масъала аҳамияти ҷиддӣ ва ҳаматарафа дода шавад.
Эълон гардидани соли 2017 ҳамчун “Соли ҷавонон, ки онҳо ҳамчун нерӯи тавоно, бунёдгузор ва ояндасози ҷомеаи фардо ба ҳисоб мераванд, боиси рӯҳбаландии ҳамагон гардида, ин ташаббусро алалхусус ҷавонон ва сокинони кишвар хеле гарму ҷӯшон истиқбол намуданд.
Лозим ба ёдоварист, ки ҷавонон қувваи пешбарандаи ҷомеа ва ояндаи миллат ба шумор рафта, ҳамагон ба он назаранд, ки онҳо бо азхуд намудани касбу ҳунар ва иқдому ташаббусҳои созанда дар рушду инкишофи ватани азизамон, пешрафти илму техника, саноат, кишоварзӣ, фарҳангу маданият ва некуаҳволии мардум саҳми арзанда гузошта, бо ҳунару истеъдоди худ, дар рушду инкишофи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мавқеи намоёнро ишғол менамоянд.
Вале дар ин радиф наврасоне низ ҳастанд, ки бо амалу кирдори ношоиста ва даст задан ба ҷиноят ба номи ҳамсолони худ доғ оварда, муҳити ороми оилавӣ ва ҷомеаро халадор месозанд.
Мутаассифона ҳодисаву воқеаҳои солҳои охир, алалхусус муноқишаҳои гуруҳӣ дар миёни мактаббачагон ва ҷавонон, содиршавии ҷиноят ва амалу кирдори номатлуб аз тарафи онҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашуда, аз тарафи падару модарон ва шахсони парастор, ба тақдиру ояндаи фарзандон хунукназарӣ ва бемасъулиятӣ зоҳир карда мешавад.
Риоя ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ҳар як падару модарро водор месозад, ки уҳдадориҳои худро нисбати тарбияи фарзандони наврасу ноболиғи худ хуб ба ҷо оварда, дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбута пеши роҳи роҳи ҳама гуна кирдору амалҳои номатлуби онҳоро бигиранд.
Дар идомаи вохӯрӣ муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ оид ба донишандӯзӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ, ҳамчунин иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва берун аз он ибрози андеша намуд.

Зикр гардид, дар давоми солҳои охир 51 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт дар олимпиадаҳои байналмилалӣ аз фанҳои физика, математика, химия, забонҳои русӣ ва англисӣ дар кишварҳои гуногун иштирок намуда, 38 нафар соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ ва медалҳо гардиданд ва ин боиси ифтихор мегардад, ки номи давлату миллатро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд.
Дар хотимаи вохӯрӣ иштирокчиёни ҷамъомад ҷиҳати пешгирии қонуншиканӣ дар байни ноболиғону ҷавонон фикру ақидаҳои худро иброз дошта, баҳри хуб ба роҳ мондани таълиму тарбия, интизоми намунавӣ, бо баҳои хубу аъло таҳсил намудан ва иштироки фаъолонаи хонандагони мактабҳои зикргардида дар корҳои ҷамъиятӣ пешниҳодҳои судманд ироа намуданд. 
Гул Маҳбуба, Рухшона Шукурова.  


You have no rights to post comments



Рӯйдодҳо

  • Созанда мебояд на сузанда

    Офатҳои табиии вақтҳои охир бавуҷудомада, боиси хисороти молӣ ва ҷонӣ ....

    30.05.2020 09:53
  • Ба ҳалокат расидани марди 58-сола дар заминаи қасдан расонидани зарари ....

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....

    30.05.2020 09:14
  • Ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона аз ҷониби ҷавони 24-сола

    Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони ....

    30.05.2020 09:12
  • Рух додани садамаҳои нақлиётии марговар дар ҳудуди ноҳияҳои Данғара ва ....

    Рӯзи 29-уми майи соли 2020, тахминан соати 02:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    30.05.2020 09:10
  • Ошкор шудани дуздии 1-сар чорвои калони шохдор ва 1-адад телевизор

    Ба ШВКД дар ноҳияи Ёвон бо ариза ҷавони 24-солаи сокини ....

    29.05.2020 08:41
  • Ошкор шудани кирдори қаллобӣ

    Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 54-солаи сокини ....

    28.05.2020 09:30
  • Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ноҳияҳои Ёвон ва Шоҳмансур

    Рӯзи 26-уми майи соли 2020, тахминан соатҳои 19:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    28.05.2020 09:29
  • Ҳаракатҳои таҳқиромез ва майдаавбошонаи ронандаи ширкати «Olu4a Taxi» нисбати як ....

     Санаи 22-юми майи соли ҷорӣ як нафар ҷавондухтар, сокини шаҳри ....

    28.05.2020 08:44
  • Тадбирҳо ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ

    Имрӯзҳо тадбирҳо дар роҳи пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ....

    28.05.2020 08:36
  • Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марг гардидааст ....

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи ....

    27.05.2020 11:56
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • ТАВАҶҶУҲ!!!

    Ба ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ расонида мешавад, ки ҳангоми ....

    02.05.2020 17:50
  • Эълон!

    Шуъбаи махсуси карантинии милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст, ....

    20.04.2020 11:13
  • Эълон барои қабули мутахассисони соҳавӣ

    Раёсати ташхисӣ (эксперт) - криминалистии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ....

    17.04.2020 13:16
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonuni

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика