Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Дониш андар дил чароғи равшан аст…

Масъалаҳои вобаста ба илмомӯзиву донишандӯзии насли наврас ва пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб дар байни онҳо аз ҷумлаи мавзӯъҳое буданд, ки зимни вохӯрии роҳбарияти Академияи ВКД бо омӯзгорону хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №60-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Тавре дар оғози ин ҷамъомад, ки рӯзи 26-уми апрел доир гардид, сардори Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқ, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ иброз намуд, вохӯрии мазкур тибқи дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва дар доираи нақша-чорабиниҳои якҷояи Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ амалӣ гардида, мақсад аз он пешгирии ҳодисаҳои номатлуби худкушӣ ва сӯйиқасд ба он, муноқишаҳои байнимактабӣ, тарбияи хонандагон дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба ҳаёту фаъолияти насли наврас мебошад.
Дар рафти чорабинӣ оид ба талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ибрози андеша карда шуд.
Масъулини Академияи ВКД доир ба истифодаи телефонҳои мобилӣ аз тарафи ноболиғон, риояи қоидаҳои таҳсил ва тарзи либоспӯшии хонандагон, пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ бо иштироки онҳо ва дигар амалҳое, ки боиси доғдор гардидани рӯзгори минбаъдаи ин насли ояндасоз шуда метавонанд, изҳори андеша намуда, аз муҳассилини муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №60-и ноҳияи Синои пойтахт даъват ба амал оварданд, ки аз ҳар лаҳзаи мактабхонӣ самаранок истифода намуда, баҳри азхуд кардани донишҳои замони муосир ва забонҳои хориҷӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Дар ҷамъомади мазкур, ҳамзамон оид ба эълон гардидани соли 2017 - «Соли ҷавонон» ва дастгириву ғамхориҳои рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати наврасону ҷавонон андешаҳо иброз гардида, зикр карда шуд, ки имрӯзҳо дар доираи ин ташаббуси Пешвои миллат дар саросари кишвар, аз ҷумла дар Академияи ВКД низ ҳар гуна чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ ва маърифатӣ гузаронида шуда истодаанд.
Тавре қайд карда шуд, роҳбарияти ВКД низ ба масъалаи дастгирии ҳамаҷонибаи ноболиғону ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, бо ин мақсад чандин маротиба суҳбату вохӯриҳои Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳои кишвар баргузор гардиданд.
Дар вохӯрии кормандони милитсия бо омӯзгорону хонандагони ин муассисаи таълимӣ, ҳамчунин курсантони Академияи ВКД низ иштирок намуда, дар назди иштирокчиёни ҷамъомад бо шеърҳои қироатнамудаи худ дар васфи Ватану сулҳу ваҳдат ва миллатдӯстӣ баромад карданд.
Омӯзгорону хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №60-и ноҳияи Сино аз ин иқдоми роҳбарияти мақомоти корҳои доилӣ ва Академияи ВКД изҳори хушҳолӣ намуда, зикр карданд, ки баргузории чунин чорабиниҳои тарғиботӣ ба ҷаҳонбинии насли наврас ва илму донишандӯзии онҳо таъсири мусбат мерасонад.
Дар фарҷоми вохӯрӣ аз тарафи масъулини Академияи ВКД ба китобхонаи ин муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт 10 нусха китоби доктори илмҳои таърих, генерал-майори милитсия Розиқзода А.Ш. «Вазирони корҳои дохилии Тоҷикистон» ҳадя карда шуд.
У. ОЛИМ, Ш. УБАЙДУЛЛОЕВ 


You have no rights to post comments



Рӯйдодҳо

  • Бо корд захми намудани марди 26-сола аз сабаби муноқишаи ба ....

    Рӯзи 5-уми июни соли 2020, тахминан соати 9:00, марди 26-солаи ....

    06.06.2020 10:19
  • Ошкор шудани дуздии якчанд намуд телефонҳои гуногунтамға

    Ба ШВКД-1 двр шаҳри Исфара бо ариза марди 29-солаи сокини ....

    06.06.2020 10:16
  • Вазифаи мо хизмат ба мардум аст.

    Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини суботу оромӣ, ....

    06.06.2020 08:12
  • Дар заминаи ҷангу ҷанҷол бо корд захми намудани падар аз ....

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 63-солаи сокини ....

    05.06.2020 09:15
  • Ошкор шудани кирдори қаллобӣ

    Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 37-солаи сокини ....

    05.06.2020 09:14
  • Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ноҳияи Шаҳристон

    Рӯзи 4-уми июни соли 2020, тахминан соати 14:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    05.06.2020 09:13
  • Барқарор намудани дарахти ороишӣ аз ҷониби ронанда баъд аз садамаи ....

    Ободиву созандагӣ мақсаду мароми давлату Ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад. ....

    04.06.2020 11:34
  • Ошкор шудани дуздии блоки системавӣ

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза ҷавони 21-солаи сокини ....

    04.06.2020 10:00
  • Дар амри ватандорӣ ташаббускорӣ ва масъулиятшиносӣ

    Дар ҷавоб ба муроҷиати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, ....

    03.06.2020 09:25
  • Сайди моҳӣ дар давраи тухмгузорӣ ҷавобгарӣ дорад!

      Дар давраи тухмгузории моҳӣ сайд намудани ин намуд ҳайвоноти обиро ....

    03.06.2020 09:21
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • ТАВАҶҶУҲ!!!

    Ба ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ расонида мешавад, ки ҳангоми ....

    02.05.2020 17:50
  • Эълон!

    Шуъбаи махсуси карантинии милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст, ....

    20.04.2020 11:13
  • Эълон барои қабули мутахассисони соҳавӣ

    Раёсати ташхисӣ (эксперт) - криминалистии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ....

    17.04.2020 13:16
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonun

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика