Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қадрдонии собиқадорон

Имрӯз (26.04.с.2017), толори маҷлисгоҳи Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ Конференсияи 7-уми ғайринавбатии ҳисоботӣ-интихоботии ин созмон баргузор гардид. 

Дар ин чорабинӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом, раиси Созмони собиқадорони ВКД генерал-майори мустаъфӣ Ҷурахонзода Саид Қаюм, раисони шӯроҳои собиқадорони Раёсатҳои ВКД дар вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва минтақаи Рашт, РВКД дар шаҳри Душанбе ва шуъбаҳои милитсияи ноҳияҳои он, раисони шӯроҳои собиқадорони ШВКД-ҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, инчунин муовинони сардор оиди кор бо ҳайати шахсии ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ иштирок намуданд.

Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом оғоз намуда, қайд кард, ки Созмони собиқадорони ВКД аз замони таъсисёбӣ то ба имрӯз дар пешбурди фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, тарбияи кадрҳои ҷавон, баргузории ҳама гуна чорабиниву ҷашнвораҳо саҳми арзанда гузоштааст. Мавсуф дар идома зикр намуд, ки дар таъсис додану ба муваффақиятҳо ноил гардидани Созмони собиқадорони ВКД роҳбарони оқилу дурандеши он генерал-майори хизмати дохилӣ Нусратулло Абулҳақов, генерал-майори милитсия Мирзо Ҷонов, генерал-майори милитсия Н.В. Фомичёв, полковникҳои милитсия М. Ҷӯраев, Г. Жидков, Т. Абдуллоев ва И. Шарифов саҳми арзанда гузоштаанд. 

- Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ собиқадорону нафақахӯрон ҳамаҷониба дастгирӣ ёфта, ба онҳо пайваста кӯмакҳои моддӣ расонида мешавад ва ҳамеша таҳти ғамхории давлат қарор доранд, - афзуд номбурда. 

Сипас, Раиси Созмони собиқадорони ВКД генерал-майори мустаъфӣ Ҷӯрахонзода Саид Қаюм суханронӣ намуда, оид ба мавзӯъҳои марбут ба фаъолияти чорсолаи Созмон ва шӯроҳои собиқадорон, омодагӣ ба таҷлили 72-юмин солгарди Ғалаба дар ҶБВ, баррасии дастоварду камбудиҳои ҷойдошта дар самти фаъолият суханронӣ намуд.

Муовини раиси Созмони собиқадорони ВКД, подполковники мустаъфӣ Пирмаҳмад Ашӯров аз натиҷаҳои фаъолияти Созмони собиқадорон дар чор соли охир баромад намуда, қайд кард, ки конференсияи ғайринавбатии ҳисоботӣ-интихоботии мазкур дар арафаи маъракаи муҳими ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ доир мегардад. Имсол тамоми мардуми сарбаланди тоҷик 20-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллиро пешвоз мегиранд ва дар ин замина собиқадорон доимо дар пойдориву устувории сулҳу ваҳдат саҳми арзандаи худро мегузоранд. 

Инчунин, мавсуф зикр кард, ки дар қайди Созмони собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ 14362 нафар нафақахӯрон ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин теъдод 9 нафарашон иштирокчиёни ҶБВ, 352 нафарашон ҷанговарони башардӯст, 20 нафарашон иштирокчии садамаи Нерӯгоҳи атомии Чернобил, 1688 нафарашон ҳамсарони кормандони ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ва зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ вафот кардаанд ва 866 нафарашон маъюбон мебошанд.

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Созмон ва шӯроҳои собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ тарбияи насли ҷавон, ҳифзи иҷтимоиву манфиатҳои ҳуқуқии собиқадорони ҷангу меҳнат, роҳбаладӣ намудан ба кормандони ҷавони милитсия ва баланд бардоштани малакаи касбиву тарбия намудан дар рӯҳияи ватандӯстӣ мебошад, ки дар ин самт як қатор корҳои назаррас ба сомон расонида шудааст. Тӯли чор соли охир Созмони собиқадорони ВКД пайваста дар байни ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ вохӯриҳо гузаронидааст.

Дар рафти ҷаласаи баргузоргардида раисони шӯроҳои собиқадорони Раёсатҳои ВКД дар вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шуъбаҳои милитсияи шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Ҳисор, Ваҳдат ва Рӯдакӣ баромад намуда, аз натиҷаҳои фаъолияти шӯроҳои собиқадорон, дастоварду камбудиҳои ҷойдошта ва бартараф намудани онҳо суханронӣ намуданд.

Раиси Созмони собиқадорон Ҷӯрахонзода Саид Қаюм дар идомаи ҷаласа қайд намуд, ки Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро нисбати собиқадорону нафақахӯрони мақомоти корҳои дохилӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, пайваста онҳоро дастгирӣ менамояд. Хусусан, онҳо барои табобату истироҳат ба осоишгоҳу фароғатгоҳҳо фиристонида шуда, ба хизматрасонии ройгони тиббӣ таъмин мегарданд. "Мо низ бояд дар навбати худ вазифаҳои ба дӯшамон доштаро содиқонаву софдилона ба ҷо орем ва дар тарбияи кадрҳои ҷавон аз имрӯза дида бештар фаъолият намуда, дар пешрафту ободии Ватани азизамон саҳми арзанда гузорем», - иброз намуд ӯ. 

Дар рафти чорабинии мазкур аз ҷониби иштирокчиён таклифу пешниҳодҳои судманд ироа гардид ва дар баробари ин, ба муовинони сардорон оиди кор бо ҳайати шахсии ҷузъу томҳои иштирокдошта баҳри рафъи ҳалли мушкилоти ҷойдошта дастуру супоришҳо дода шуд.

Дар фарҷоми конференсияи ғайринавбатӣ 11 нафар собиқадор бо Фармони Вазири корҳои дохилӣ барои хизматҳои тӯлонӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ, муносибати поквиҷдонона нисбати иҷрои вазифаҳои хизматӣ, гузоштани саҳми арзанда дар тарбияи кормандони ҷавон бо нишони сарисинагии "20-солагии таъсисёбии Созмони собиқадорони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон" сарфароз гардонида шуданд.

Раҷаббек ИЛЁСОВ, Тоҷиддин ЛАТИПОВ    

Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика