Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷавонон, бин, муқаддас ин Ватанро ҳамчу ҷон донанд…

Аз ҷониби роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ ҳамасола дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва маассисаҳои олии шаҳру навоҳии кишвар вохӯриву сӯҳбатҳои судманд бо ҷавонон, падару модари онҳо ва аҳли ҷамоатчигӣ ҷиҳати пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни наврасон ва ҷавонон доир карда мешаванд.

25-уми апрели соли ҷорӣ, чунин вохӯрии кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ (ХПҲНҶ ВКД) дар якчанд муассисаҳои олии кишвар, аз ҷумла дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ ва Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ Ибни Сино бо донишҷуён ва омӯзгорони ин муассисаҳои олӣ доир гардид.
Дар ин вохурӣ як қатор кормандони пуртаҷрибаи ХПҲНҶ ва ҷавонони гурӯҳи «Авангард» баромад намуда, оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» таъкид доштанд.
Қайд гардид, ки иҷроиши Қонуни мазкур аз ҷониби масъулини мактабу маориф, падару модарон ҳатмӣ буда, ҳар як волидайн дар таълиму тарбияи насли наврас масъулияти бештареро бояд бар дӯш гирад. Маҳз тарбияи дуруст, бо илму дониш фаро гирифтани насли ояндасози миллат ва ба роҳи рост ҳидоят намудан, метавонад онҳоро сари вақт аз роҳи хатову кирдорҳои бадахлоқона эмин нигоҳ дорад.

Ҳамчунин зикр карда шуд, ки ҷавонон нерӯи созанда ва ояндасози давлату миллат буда, маҳз ин қувваи тавоно метавонад дар пешрафту тараққиёти кишвар саҳми арзандаи худро гузорад.
Аъзоёни гурӯҳи «Авангард» низ дар баромади худ аз ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои илмомӯзии ҷавонон ёдовар гардида, кайд карданд, ки маҳз бо ташшабуси Роҳбари давлат соли 2017 «Соли ҷавонон» эълон гардида, ҳар яки моро зарур аст, ба ин боварии Сарвари давлат сазовор бошем.
Бояд тазаккур дод, ки дар симои насли наврас ҳамагон пеш аз ҳама насли умедбахшу ояндасоз, муборизу шуҷоъ ва бунёдкору ободгарро мебинанд. Аз ин лиҳоз чунин вохӯриву сӯҳбатҳои муфид бо донишҷӯёни макотиби олии кишвар хисси хештаншиносиву ғурури миллӣ, Ватандӯстиву инсонпарвариро дар ниҳоди онҳо бедор хоҳад кард.
Дилшод Холов, Абдулло Шоев 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика