Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷавонон бояд ҷасуру фидокор ва пешоҳанг бошанд

25-уми апрели соли равон, вохӯрии намояндагони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ ва гурӯҳи ҷавонони «Авангард» бо муҳассилини муассисаҳои олии таълимии шаҳри Душанбе доир гардид.
Нахуст баҳри иштирокчиёни ҷамъомад филми мустанади таҳиянамудаи Маркази матбуотии ВКД оиди шомилшавии ноболиғону ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва ҳаракатҳои ифротгаро, инчунин авбошиҳои гурӯҳии байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ намоиш дода шуд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои тарбия, ташаккул ва камолоти донишҷӯён, пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва равияҳои бегона, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар рафти вохӯриҳо дар ин муассисаҳои таълимӣ намояндагони гурӯҳи ҷавонони «Авангард» баромад карда, ҳамсолони худро аз вазъияти имрӯзаи ҷаҳон огоҳ намуда, онҳоро ба ватандӯстӣ, пешгирии ҳамагуна амалҳои ғайриқонунӣ барои ҳамдастӣ даъват намуданд.

Мавриди қайд аст, ки чунин вохӯриҳои судманд аз ҷониби кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ ва гурӯҳи ҷавонони «Авангард» дар 20 муассисаҳои таҳсилоти олии таълимии шаҳри Душанбе баргузор гардида, ҳадаф аз баргузории ин вохӯриҳо иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз хатми муассисаҳои олии таълимӣ» мебошад.
Ин чорабиниҳо дар дигар муассисаҳои таълимӣ низ идома доранд.
Гул Маҳбуба, Рухшона Шукурова. 

 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика