Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Семинар-машварат барои кормандони самти ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ

Имрӯз (26.04.с.2017) дар толори маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқӣ, касбият ва баланд бардоштани нақши кормандони милитсия дар ҷомеа бо ҷалби мутахассисони соҳа барои нозирони минтақавии милитсия, дигар кормандони самти ҳифзи тартиботи ҷамъиятии РВКД дар шаҳри Душанбе ва ШВКД дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ семинар-машварат дар мавзӯи «Ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар самти таъмини тартиботи ҷамъиятӣ» баргузор гардид.
Бо сухани ифтитоҳӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Саидзода Маҳмадсаид Борон ба кори семинар-машварат оғоз бахшида, аз фаъолияти кормандони бахши ҳифзи тартиботи ҷамъиятии мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, камбудию мушкилиҳои ҷойдошта ва ислоҳи онҳо ибрози назар намуд.

Мавсуф зимни суханронӣ қайд кард, ки гарчанде, саҳми кормандони бахшҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, алалхусус нозирони минтақавии милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон зимни баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, фарҳангӣ-маданӣ, оммавӣ-варзишии ҷумҳурӣ босазо мебошад, онҳоро зарур аст, ки нисбати иҷрои вазифаҳои ҳаррӯзаи худ софдилонаю содиқона муносибат намуда, ҳамеша дар пайи баланд бардоштани касбият, андӯхтани донишҳои ҳуқуқӣ, воқиф будан аз авзои сиёсии ҷаҳон, ҷумҳурӣ ва минтақаи хизматӣ бошанд.
Роҳбарияти Ҳукумати мамлакат ва Вазорати корҳои дохилӣ нисбати беҳтар намудани шароити хизматбарӣ ва иҷтимоии кормандони милитсия таваҷҷӯҳи хоса дошта, дар ин самт сол аз сол шароитҳои беҳтару хубтар муҳайё карда мешаванд, садҳо иншоотҳои нави хизматию маъмурӣ ва биною иншоотҳои маишию истиқоматӣ сохта ба истифода дода шуда, бо тамоми шароитҳои зарурӣ, таҷҳизоти техникию воситаҳои алоқа таъмин мегарданд.
Дар ин самт, баимзорасии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти №1291 аз 30 июни соли 2012 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва тавсеаи ҳамкории онҳо бо аҳолӣ», ки дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ амалӣ гардида истодааст, барои пешрафти кори нозирони минтақавии милитсия ва дигар воҳидҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, баланд бардоштани обрӯю нуфӯзи онҳо ва ҳамкориҳои судманд бо аҳолӣ боз ҳам мусоидат намуд. Айни замон раванди амалисозии фармони мазкур дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ идома дорад.
Дар идомаи кори семинар-машварат сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Раҳимзода Абдураҳим Абдураҳмон вобаста ба камбудиҳои дар фаъолияти воҳидҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятии мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар давраи солҳои 2013-2016 ва як моҳи соли 2017 ҷойдошта баромад намуд. Мавсуф зимни суханронӣ аз баъзе камбудию норасогиҳое, ки зимни санҷиши фаъолияти самти ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ошкор гардидаанд, ёдовар шуда, зикр кард, ки мақсад аз он сари вақт бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта, беҳтар намудани кори ҳуҷҷатгузорӣ, азхуд намудани талаботҳои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ ва ҳалли мушкилоти мардум мебошад.
«Боварӣ аст, ки кормандони самти таъмини тартиботи ҷамъиятӣ баҳри такмили донишҳои ҳуқуқӣ ва маҳорати касбии худ кӯшиш намуда, фаъолияти худро боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ мемонанд», - афзуд дар идомаи суханронӣ Абдураҳим Раҳимзода.
Сардори Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД полковники милитсия Ҳукуматулло Зикрулло зимни баромади хеш вобаста ба баъзе мушкилиҳои ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онҳо суханронӣ намуд. Номбурда, фаъолияти самти таъмини тартиботи ҷамъиятиро таҳлил намуда, қайд кард, ки вазъи минтақаи хизматӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷинояткорӣ аз фаъолияти нозирони минтақавии милитсия вобастагии калон дорад. Нозирони минтақавӣ бояд пайваста дар ҳамкории зич бо аҳолӣ қарор дошта, дар ин самт пеш аз ҳама аз имкониятҳои кормандони ғайриштатии милитсия, дружиначиёни ихтиёрӣ, Шӯроҳои ҷамъиятӣ, Маркаҳои ҳамкорӣ бо ҷомеа васеъ истифода бурда, муассисаҳои дахлдори давлатӣ ва қишрҳои гуногуни ҷомеа дар ин раванд ҷалб карда шаванд. Дар тамоми чорабиниҳои оммавӣ ва вохӯриҳо бо мардум иштироки фаъолона намуда, барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта диққати масъулинро барои ҳалли он равона карда тавонанд.

Ҷиҳати иҷрои талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», инчунин дар пешгирии ҳолатҳои даст задани ҷавонону наврасон ба ҳуқуқвайронкунию ҷинояткорӣ ва дигар мавзӯъҳои ташвишовари ҷомеа бевосита саҳмгузор бошанд.
Дар идомаи семинар-машварат муовини сардори Раёсати таҳқиқи ВКД полковники милитсия Пирмадзода Бердӣ Давлат дар мавзӯи «Тартиби барасмиятдарории протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ зимни ошкор кардани ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи энергетика» баромад намуда, тарзи дурусти протоколҳои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва назорати амалигардонии онро ба самъи иштирокчиёни семинар-машварат расонид.
Сипас, сардори Маркази таълимии Вазорати корҳои дохилӣ подполковники милитсия Умари Хайём дар атрофи мавзӯи «Пешгирии рафтори хусусияти коррупсиондошта дар байни кормандони воҳидҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ» ибрози назар намуда, қайд кард, ки сабабу омилҳои асосии даст задани кормандон ба кирдорҳои хусусияти коррупсионидошта ин сатҳи пасти донишҳои ҳуқуқӣ ва надоштани иродаи қавии муқовимат ба коррупсия мебошад.

 

Ҳамчунин, дар идомаи чорабинӣ сардори шӯъбаи РҲТҶ ВКД подполковники милитсия Рустам Шобадалов дар мавзӯи «Тартиби бақайдгирӣ, додани иҷозатнома ва назорати минбаъдаи муассисаҳои тартиби иҷозатдиҳӣ ва шахсоне, ки дорои силоҳҳои шикорӣ мебошанд», инчунин омӯзгорони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯҳои «Тартиби ба ҳамкорӣ ҷалб намудани кормандони ғайриштатии милитсия, барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва истифодабарии онҳо дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ», «Тартиби коргузорӣ ва назорати шахсони пешсудшуда, касалиҳои руҳидошта, нашъамандон, майзадагон ва оилаҳои ноустувор, инчунин аз қайди назоратӣ баровардани онҳо» баромад намуданд.

Омӯзгори Академияи ВКД, генерал-майори милитсия Атобек Имомёрбеков зимни суханрониаш зикр намуд, ки аҳолӣ аз фаъолияти кормандони ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, махсусан нозирони минтақавии милитсия ба Вазорати корҳои дохилӣ баҳо медиҳанд, маҳз касбият, лаёқат ва таҷрибаи бойи корӣ ба кормандон имконият медиҳад, ки дар ҳалли мушкилоти мардум сари вақт расидагӣ карда шавад. Дар навбати худ, соҳибобрӯ гардидани кормандони милитсия ин худ ба баланд гардидани обрӯю нуфӯзи мақомоти корҳои дохилӣ боис мегардад. Бинобар ин, ҳар як нозири минтақавиро зарур аст, ки ҳамеша бо аҳолӣ дар ҳамкории зич қарор дошта, баҳри ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии қонуншиканиҳо ҷаҳду талош намуда, сазовори боварии давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бошанд.
Дар фарҷом вобаста ба мавзӯҳои матраҳгардида, баҳри бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта ва такмил додани самтҳои алоҳида миёни иштирокчиёни семинар-машварат мубодилаи афкор сурат гирифта, таклифу пешниҳодҳои судманд ироа гардиданд. 
Х. Солиҳов, подполковники милитсия 


You have no rights to post comments



Рӯйдодҳо

  • Ошкор шудани кирдори қаллобӣ

    Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 54-солаи сокини ....

    28.05.2020 09:30
  • Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ноҳияҳои Ёвон ва Шоҳмансур

    Рӯзи 26-уми майи соли 2020, тахминан соатҳои 19:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    28.05.2020 09:29
  • Риоя нагардидани қоидаҳои беҳдоштӣ дар тарабхонаву ошхонаҳои пойтахт дар давраи ....

    Ҷихати пешгирӣ аз паҳншавии коронавируси нави КОВИД-19 мунтазам дар сартосари ....

    28.05.2020 08:48
  • Ҳаракатҳои таҳқиромез ва майдаавбошонаи ронандаи ширкати «Olu4a Taxi» нисбати як ....

     Санаи 22-юми майи соли ҷорӣ як нафар ҷавондухтар, сокини шаҳри ....

    28.05.2020 08:44
  • Тадбирҳо ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ

    Имрӯзҳо тадбирҳо дар роҳи пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ....

    28.05.2020 08:36
  • Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марг гардидааст ....

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи ....

    27.05.2020 11:56
  • Бо корд захмӣ намудани ҳамзист аз ҷониби ҷавонзани 19-сола

    Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонзани ....

    27.05.2020 11:55
  • Ошкор шудани дуздии 5-сар чорвои калони шохдор

    Ба ШВКД дар ноҳияи Восеъ бо ариза марди 57-солаи сокини ....

    27.05.2020 11:53
  • Муносибати бераҳмона нисбати хурдсолон беҷазо намемонад!

    Баъди тавассути алоқаи "Хабарнигори фаврӣ"-и ВКД ба милитсия дастрас гардидани ....

    27.05.2020 11:33
  • Иштироки фаъолонаи оташнишонон дар чорабиниҳои зиддивирусӣ

    Дар чорабиниҳои зиддиэпидемикию санитарӣ, ки ба хотири ҳифзи шаҳрвандон аз ....

    27.05.2020 11:18
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • ТАВАҶҶУҲ!!!

    Ба ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ расонида мешавад, ки ҳангоми ....

    02.05.2020 17:50
  • Эълон!

    Шуъбаи махсуси карантинии милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст, ....

    20.04.2020 11:13
  • Эълон барои қабули мутахассисони соҳавӣ

    Раёсати ташхисӣ (эксперт) - криминалистии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ....

    17.04.2020 13:16
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonuni

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика