Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо намояндагони Вазорати бехатарии ҷамъиятии Хитой

Имрӯз (24.04.с.2017), дар толори маҷлисгоҳи Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт «Шаҳри бехатар» вохӯрии намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Саидзода Маҳмадсаид Борон ва ҳайати Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой таҳти роҳбарии муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии вазорати мазкур ҷаноби Дуан Датси баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин сардорони раёсатҳои мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД полковники милитсия Сафиало Азизулозода, ҳамкориҳои байналмилалӣ полковники милитсия Зумрад Абдуллозода, Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонон полковники милитсия Мансур Бухоризода, Академияи ВКД генерал-майори милитсия Файзалӣ Шарифзода, аз ҷониби Вазорати бехатарии ҷамъиятӣ, муовини сардори Раёсати мубориза бо киберҷиноятҳои вазорат ҷаноби Чжу Гсен, муовини сардори Раёсати кофтукови техникӣ ҷаноби Юл Чжэн ва дигарон иштирок доштанд.
Иштирокчиёни вохӯрӣ дар мавзӯҳои дар доираи Созишнома ва Ёддошти тафоҳуми аз ҷониби роҳбарияти ду давлат ва вазоратҳо баимзорасида, аз ҷумла масъалаҳои мубориза бо ҷинояткорӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, сепаратизм ва дигар хатарҳои замони муосир, ҳамкориҳо дар самти омодакунии кадрҳо, мубодилаи таҷриба, иттилоот, таъмини амнияти минтақавиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар охир ҷонибҳо ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳои мутақобилан судманди байни Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой бо мақсади таъмини оромии кишварҳо ва пешгирии ҳар гуна зуҳуроти номатлуб изҳори омодагӣ намуданд.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва якдигарфаҳмӣ ба анҷом расид.
Х. Солиҳов, Т. Латипов 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика