Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

СУҒД: Фаъолнокии донишҷӯён дар вохӯрӣ бо кормандони милитсия

Пешгирии ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир аз қабили терроризму экстремизм ва андешидани тадбирҳои муассир ҷиҳати тақвият додани таъмини бехатарӣ аз масъалаҳое буданд, ки зимни вохӯрии кормандони милитсия бо маъмурият ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Бояд гуфт, ҳангоми гузаронидани чорабинии мақсадноке, ки қабл аз ин вохӯрӣ дар донишгоҳи мазкур гузаронида шуд, ҳолатҳои ба дарс омадани донишҷӯён, роҳ надодан ба истифодаи телефонҳои мобиливу мошинҳои шахсӣ аз ҷониби донишҷӯён, риояи тартибу интизом ва қоидаҳои таҳсилу либоспӯшӣ дар донишгоҳ мавриди санҷиши ҳамаҷониба қарор дода шуданд.
Сипас, дар вохӯрӣ бо роҳбарият ва ҳайати устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони (ХПҲНҶ) Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ва воҳидҳои марбутаи он дар вилояти Суғд иштирок намуда, бобати мавзӯъҳои доғи рӯз ибрози андеша карданд.

Дар ин ҷамъомад корманди ХПҲНҶ ВКД, лейтенанти калони милитсия Акобир Саидов оид ба масъалаҳои вобаста ба оқибатҳои кӯтоҳандешии баъзе ҷавонон, сабабу омилҳои ба сафи ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ пайвастани онҳо, хатари терроризму экстремизм дар замони имрӯз ва иштироки бархе ҷавонони тоҷик дар задухӯрдҳои кишварҳои бегона изҳори назар намуд.

Мавсуф ба вазъи ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, аз ҷумла донишҷӯён, масъалаи таълиму тарбияи онҳо ва сатҳи маърифату фарҳанги ҳуқуқии донишҷӯён дахл намуда, зикр сохт, ки ҷавонон бояд аз ҳар лаҳзаи донишҷӯӣ истифода намуда, кӯшиш ба харҷ диҳанд то илмҳои замон ва забонҳои хориҷиро аз худ намоянд.
Дар идомаи вохӯрии судманд, ҳамчунин донишҷӯёни фаъол - аъзои гурӯҳи ҷавонони «Авангард»-и вилояти Суғд, ки муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти олии ин минтақаи кишвар мебошанд, оид ба ватандориву меҳандӯстӣ, ташаббусҳои арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон, фароҳам овардани шароитҳои илмомӯзӣ дар донишгоҳу донишкадаҳо ва «Соли ҷавонон» эълон гардидани соли 2017 маърӯзаҳо карданд.
Дар фарҷоми вохӯрии кормандони милитсия бо устодону донишҷӯён, вобаста ба мавзӯъҳои баррасишуда табодули афкор сурат гирифт. Тавре масъулини ин муассисаи олии таълимӣ иброз намуданд, баргузории чунин чорабиниҳо аз ҳар ҷиҳат барои ҷаҳонбинии ҷавонон судманд буда, минбаъд низ кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки чунин суҳбату вохӯриҳо бо иштироки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пайваста гузаронида шаванд.
Мавриди зикр аст, ки ба ин монанд, дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Коллеҷи тиббии ин шаҳр низ чунин чорабиниҳои судманд гузаронида шуданд.
Абдулло ШОЕВ,нозири калони гурӯҳи матбуотии ХПҲНҶ ВКД ҶТ,капитани милитсия  


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика