Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Ҷонибдории маъмурияти мактаб аз ташаббуси мақомоти милитсия

Дар оғози вохӯрии кормандони милитсия бо маъмурият ва омӯзгорону хонандагон, ки рӯзи 24-уми апрел дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе гузаронида шуд, филм дар бораи муноқишаҳои гурӯҳии байни мактаббачагон намоиш дода шуд, ки оқибати кӯтоҳандешии ин гуна толибилмонро маҳкум менамуд.
Филми «Сад пушаймонӣ аз Сурия», ки он низ манзури иштирокчиёни вохӯрии мазкур гардонида шуд, аз ҳаёти он ҷавонони сабукандеше нақл менамуд, ки бо ҳар гуна роҳҳо танҳо ва дар баъзе ҳолатҳо ҳамроҳи аъзои оилаҳояшон ба ин кишвари ҷангзада рафта буданд, вале баъди пушаймониҳои зиёд, бо мусоидати мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ба Ватани аҷдодӣ баргардонида шуданд.
Зимни вохӯрии роҳбарият ва кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ бо муҳассилину омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15-и ноҳияи Шоҳмансур вазъи ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон, аз ҷумла миёни мактаббачагон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Сардори хадамоти мазкур, полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб зимни суханронӣ дар ин ҷамъомад ҷавононро ба илму донишандӯзӣ даъват карда, зикр сохт, ки бояд аз ҳар рӯзи таҳсил ба хотири аз худ намудани илму донишҳои муосир самаранок истифода намуд. Тавре ӯ иброз намуд, дар замони имрӯз танҳо ҷавонони донишманду маърифатнок метавонанд миллатро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кунанд.

Дар идомаи вохӯрии судманд, ҳамчунин намояндагони гурӯҳи ҷавонони фаъоли «Авангард» баромад намуда, дар масъалаи меҳандӯстиву садоқат ба Ватан-Модар изҳори назар карданд.
Дар интиҳои ҷамъомад маъмурияти муассисаи таълимии мазкур ташаббуси масъулини ХПҲНҶ Вазорати корҳои дохилиро ҷонибдорӣ намуда, зикр карданд, ки дар оянда низ чунин вохӯриҳо пайваста гузаронида шаванд.
Абдулло Шоев,нозири калони гурӯҳи матбуотии ХПҲНҶ ВКД ҶТ, капитани милитсия.
Тоҷиддин Латипов, хабарнигор-суратгири ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа»  


You have no rights to post comments



Рӯйдодҳо

  • Дар заминаи ҷангу ҷанҷол бо корд захми намудани падар аз ....

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 63-солаи сокини ....

    05.06.2020 09:15
  • Ошкор шудани кирдори қаллобӣ

    Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 37-солаи сокини ....

    05.06.2020 09:14
  • Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ноҳияи Шаҳристон

    Рӯзи 4-уми июни соли 2020, тахминан соати 14:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    05.06.2020 09:13
  • Барқарор намудани дарахти ороишӣ аз ҷониби ронанда баъд аз садамаи ....

    Ободиву созандагӣ мақсаду мароми давлату Ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад. ....

    04.06.2020 11:34
  • Ошкор шудани дуздии блоки системавӣ

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза ҷавони 21-солаи сокини ....

    04.06.2020 10:00
  • Дар амри ватандорӣ ташаббускорӣ ва масъулиятшиносӣ

    Дар ҷавоб ба муроҷиати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, ....

    03.06.2020 09:25
  • Сайди моҳӣ дар давраи тухмгузорӣ ҷавобгарӣ дорад!

      Дар давраи тухмгузории моҳӣ сайд намудани ин намуд ҳайвоноти обиро ....

    03.06.2020 09:21
  • Ошкор шудани ҷинояти дуздӣ

    Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 30-солаи сокини ....

    03.06.2020 08:59
  • Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ноҳияи Рудаки

    Санаи 1-уми июни соли 2020, тахминан соати 23:40 дақиқа, ронандаи ....

    03.06.2020 08:58
  • Ҷавоб ба хабарнигорон оид ба қазияи Ғурбатов Авазмат Умаралиевич (Абдулло ....

    Муроҷиати хабарнигор Ғурбатов Авазмат Умаралиевич (Абдулло Ғурбатӣ), ки рӯзи 29-уми ....

    02.06.2020 23:23
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • ТАВАҶҶУҲ!!!

    Ба ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ расонида мешавад, ки ҳангоми ....

    02.05.2020 17:50
  • Эълон!

    Шуъбаи махсуси карантинии милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст, ....

    20.04.2020 11:13
  • Эълон барои қабули мутахассисони соҳавӣ

    Раёсати ташхисӣ (эксперт) - криминалистии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ....

    17.04.2020 13:16
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonun

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика