Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шанбегии дастаҷамъона дар Академияи ВКД

Имрӯз (08.04.с.2017), тибқи дастуру супориши роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ кормандони Дастгоҳи марказии Вазорат дар доираи эълон гардидани 150 рӯзи ободонӣ дар шаҳри Душанбе, бо мусоид омадани рӯзҳои фасли баҳорӣ дар ҳудуди бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, ки сохтмонаш айни замон идома дорад, «шанбегӣ» гузарониданд.

Дар ин маъракаи дастаҷамъона кормандон ба тоза намудани роҳрав, гирду атроф ва саҳни бинои мазкур, нарм намудану тоза кардани бехи дарахтон, ҷӯйҳои обрави боғ ва заминҳои полезии ҳудуди иншоот машғули кор буданд.
Дар ин иқдоми тозаву ободгардонӣ ҳайати шахсӣ, зиёда аз 100 нафар кормандони Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ Раёсатҳои кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ, нозиротӣ- ташкилӣ, кофтукови ҷиноятӣ иштирок намуда, кӯшиш намуданд дар зебову хуррамгардонии ин гӯшаи навбунёд саҳмгузор бошанд.

Бояд қайд намуд, ки дар дигар ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ нин, чунин шанбегиҳои дастаҷамъона пайваста гузаронида мешаванд.
Р. Илёсов Т. Латипов 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика