Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Ифтитоҳи бинои нави Хадамоти давлатии «Муҳофиза» дар ноҳияи Спитамен

Имрӯз (25.03.с.2017), дар партави сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд, Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар ифтитоҳи бинои нави шӯъбачаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза» дар ноҳияи Спитамен иштирок намуд.

Дар маросими кушодашавии шуъбачаи мазкур, раиси ноҳияи Спитамен, роҳбарият, ҳайати шахсӣ, собиқадорони Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилӣ ва аҳли ҷамоатчигӣ ширкат доштанд.
Зимни вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ ҳайати шахсиро бо фарорасии Иди байналмиллалии Наврӯз самимона табрик гуфта, ба онҳо дар фаъолияти хизматиашон комёбию бурдбориҳоро таманно намуд.

Мавсуф ҳангоми суханронӣ ҷиҳати тақвият бахшидани фаъолияти хизматӣ дар самти ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, муҳофизати бинову иншоотҳо, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва волоияти қонун, инчунин сайқал додани дониш, баланд бардоштани малакаю маҳорати касбӣ ва машғул шудан ба варзиш ба масъулини соҳа як қатор дастуру супоришҳо дод.

Зимни мулоқот Вазири корҳои дохилӣ ба кормандони Хадамоти давлатии «Муҳофиза» таъкид намуд, ки на танҳо дар самтҳои муҳофизати бинову иншоотҳои вобасташуда фаъолиятро пурзӯр намоянд, балки бо ҷинояту ҷинояткорӣ, алалхусус бо терроризму экстремизм муборизаи беамон баранд.
Мавриди зикр аст, ки бинои хушсохти шуъбачаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ноҳияи Спитамен дар як муддати кӯтоҳ ба тарҳи замонавӣ сохта шуда, бо тамоми шароити корӣ, таҷҳизоти техникию воситаҳои алоқа муҷаҳҳаз гардидааст. Бинои шӯъбача аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он қисми навбатдорӣ, шаш ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ, бойгонӣ, толори варзишӣ ва ошхона ҷойгир шудаанд. Ҳамчунин, дар шафати бинои мазкур барои ҳайати шахсӣ майдончаи сафороӣ ва ҳаммом бунёд гардидааст.
Чунин шароит имкон фароҳам меорад, ки кормандони милитсия дар пеш бурдани фаъолияти хизматӣ ва назму тартиб нақши созгор гузоранд.
Рухшона Шукурова, Хусрав Солиҳов 


You have no rights to post comments



Рӯйдодҳо

  • Амалиёти "Корд": Боздошти сарчашма ва мусодираи 27 адад электрошокер, дастчӯби ....

    Дар доираи амалиёти шартии «Корд», ки аз ҷониби милитсияи пойтахт ....

    06.07.2020 16:43
  • Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дар заминаи ҷангу ҷанҷол

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 22-солаи ....

    06.07.2020 10:19
  • Ошкор шудани дуздии 2-сар чорвои калони шохдор

    Ба ШВКД дар ноҳияи Ёвон бо ариза зани 52-солаи сокини ....

    06.07.2020 10:14
  • Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ҳудуди ноҳияҳои Ҷ.Балхӣ ва ....

    Санаи 4-уми июли соли 2020, тахминан соати 16:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    06.07.2020 10:12
  • Сӯхтор дар Беморхонаи клиникии шаҳри Кӯлоб

    Дар натиҷаи вайрон намудани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ҳангоми васлу ....

    04.07.2020 12:41
  • Сӯхтор дар анбори нигоҳдории масолеҳи сохтмонӣ

    Санаи 4-уми июли соли 2020 соати 07:45 дақиқа дар анбори ....

    04.07.2020 12:36
  • Ошкор шудани дуздии ҷавоҳиротҳои гуногуни тиллои

    Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза марди 39-солаи сокини ....

    04.07.2020 10:03
  • Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ноҳияи Дарвоз

    Рӯзи 2-юми июли соли 2020, тахминан соати 22:00 ронандаи автомашинаи ....

    04.07.2020 10:01
  • Сӯхтор дар манзили истиқоматӣ

    Шаби 2-юми июли соли 2020 соати 23:18 дақиқа дар манзили ....

    03.07.2020 10:38
  • Хатлон: Чорабиниҳои оиди пешгирии паҳншавии бемории коронавирус COYID -19 идома ....

    Бо мақсади пешгирии паҳншавии каронавирус COYID -19 ва эмин нигоҳ ....

    03.07.2020 10:35
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • ТАВАҶҶУҲ

    Бо мақсади иҷрои амрномаҳои қабулнамудаи Маркази автоматикунонии идораи нақлиёт ва ....

    04.07.2020 12:24
  • ТАВАҶҶУҲ!!!

    Ба ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ расонида мешавад, ки ҳангоми ....

    02.05.2020 17:50
  • Эълон!

    Шуъбаи махсуси карантинии милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст, ....

    20.04.2020 11:13
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonun

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика